Ҳангоми таҳқиқ маънии рамзҳо, рангу бор, нақшу нигори ҷиҳозҳо низ омўхта шуд. Вақте ки рамзҳоро мепурсидем, баъзе аз ҳунармандони ҷавон тасвирҳое, ки дар сўзаниҳо буд, то ҳадди имкон шарҳ медоданд: гули лола, пахта, оба, давраҳо, тасвири олами атроф, чор унсур (об, оташ, хок, ҳаво) бо тарзҳои гуногун акс ёфтааст, ки ҳар яки он маъниву рамзи махсусеро ифода мекунад.
Мардуми тоҷик аз зумраи миллатҳое мебошанд, ки аз қадим ба ҳунару ҳунармандӣ робитаи ногусастанӣ доранд. Дар гузашта онҳо ба воситаи ҳунар на танҳо зиндагии худро пеш мебурданд, балки тарзу усул ва нозукиҳои ҳар як касбро баҳри оянда тарғиб намуда, дар рушду нумуи соҳаи ҳунармандӣ саҳм мегузоштанд.
Дар кишвари мо то як андоза дилгармӣ нисбати омўзишу ошноӣ ба ҳунарҳои миллӣ ба сурати беш аз пеш меафзояд.
Бо мақсади омўзишу ҷамъоварии мавод оид ба вазъи рақси тоҷикон ва ҳунарҳои бадеии халқ соли 2015 як гурўҳ олимони ПИТФИ ба ноҳияҳои Истаравшан, Ашт, Шаҳритуз ва Муъминобод экспедитсияҳо анҷом доданд. Дар натиҷаи сафари корӣ аз рўи методҳои мушоҳидаю мусоҳиба навъҳои гуногуни касбу ҳунарҳои бадеии халқиро ҷамъоварӣ намуданд.
Ҳунарҳои бадеии занона бахши асосии сафари хидматии ман ҳисоб ёфта, тариқи мушоҳида ва мусоҳиба бо ҳунармандони ноҳияҳо маводи пурарзишеро ҷамъоварӣ намудам.
Истаравшан яке аз шаҳрҳои қадимтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дорои ҳунарҳои мардумии махсусе мебошад. Мардуми ин шаҳр аз замонҳои пеш ба ҳунарҳои халқӣ ва анъанаҳои гуногуни миллӣ сару кор доранд. Шароити иқтисодӣ ва мавқеи ҷойгиршавии он водор месозад, ки навъҳои мухталифи ҳунарҳои халқӣ ривоҷу равнақ ёбанд. Ин шаҳр яке аз марказҳои асосии гулдўзӣ кардани ҷиҳози хона маҳсуб меёбад. Гулдўзиҳои ин ноҳия бо услуби худ аз гулдўзиҳои дигар минтақаҳо фарқ мекунанд.
Гулдўзӣ. Гулдўзӣ аз ҳунарҳои зеботарини халқӣ буда, дар байни ҳунармандони тоҷик қарнҳо боз маъмул аст. Ин ҳунар маҳсули дасти зиёде аз бонувон мебошад ва он ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии мардуми тоҷик алоқаманд аст.
Ҳунари гулдўзӣ дар ноҳияҳои номбурда фақат бо нақшу нигор фарқ дорад, вале усули дўхтани он дар ҳама ҷо як хел сурат мегирад. Одатан сифати гулдўзӣ ба матоъ, риштаҳои он ва санъати дўзанда вобастагӣ дорад.
Барои аз наздик шинос шудан ва омўхтани ҳунарҳои халқии ин шаҳр дар давоми сафари хеш мо бо як қатор ҳунармандон ҳамсуҳбат гардида, аз наздик бо шароити кории онҳо шинос шудем. Ман ҳамчун аъзои ин гурўҳ бо ҳунарҳои дастии занона аз қабили ҳунарҳои гулдўзӣ, сару кор доштам. Аз суҳбат бо ҳунармандони чирадасти ин шаҳр маълум гардид, ки санъати гулдўзии қадимӣ (махсусан шоҳтокӣ) дар ҳолати нимфаъол қарор дорад. Зеро он танҳо дар доираи хонавода истеҳсол карда мешавад. Аз ҷумла, Шаропова Солиҳа (с/т.1950, Қалъачаи Бакавул) ва Ашўрова Шаҳло (с/т.01.01.1982, Қалъачаи Бакавул), ки асосан ба дўхтани гулдўзию сўзаниҳо, аз қабили шоҳтокӣ, ойнадон, зардеворӣ, ҷойнамоз, болишт гаҳворапўшак ва амсоли инҳо машғуланд.
Ҳунарҳои қадимии тоҷикон дар ноҳияи мазкур назар ба дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ бисёртар ба мушоҳида мерасад. Аксари ҳунармандон барои омода намудани гулдўзиҳо таҷрибаи бои хешро истифода карда, баҳри насли оянда мерос мегузоранд. Махсусан, тарзи кор кардан бо ҳунари гулдўзии дастӣ, тасвири нақшҳои рамзнокро бештар дидан мумкин аст. Ҳангоми мушоҳидаҳо маълум гардид, ки ҷавонони имрўза ба ҳунарҳои миллӣ камтар завқ доранд, онҳо бар он ақидаанд, ки ин чизҳо аз муд рафтааст.
Ҳангоми таҳқиқ маънии рамзҳо, рангу бор, нақшу нигори ҷиҳозҳо низ омўхта шуд. Вақте ки рамзҳоро мепурсидем, баъзе аз ҳунармандони ҷавон тасвирҳое, ки дар сўзаниҳо буд, то ҳадди имкон шарҳ медоданд: гули лола, пахта, оба, давраҳо, тасвири олами атроф, чор унсур (об, оташ, хок, ҳаво) бо тарзҳои гуногун акс ёфтааст, ки ҳар яки он маъниву рамзи махсусеро ифода мекунад.
Хушбахтона, дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии ноҳия, ки қисме аз донишҷўёни ҷавон ба андўхтани ин ҳунар ҷалб гардидаанд, то андозае нақшу нигори қадимиро дар гулдўзиҳояшон ҷой додаанд.
Гулдўзӣ асосан шуғли хонагӣ буда, барои ороиши сару либос, иқоматгоҳ, ҷиҳози хона ва дигар васоити зиндагӣ истифода мешавад.
Дар санъати гулдўзиҳои қадимии Истаравшан бештар тасвири чор унсур (об, оташ, хок, ҳаво) ва ҳар гуна нақшу нигори табиат ба назар мерасад. Ҳангоми мушоҳида маълум шуд, ки дар гулдўзиҳои ин ноҳия тасвири чор унсур хеле фаъол буда, бисёртар рангҳои сафед, сиёҳ, кабуд, сурхи арғувонӣ, сабзи баранг ва тиру камон истифода шудааст.
Аз ҳама кори заҳматталаб дар ҳунари гулдўзӣ ин қаламкашӣ ё қаламзанӣ ва таҳияи тасвирҳои он барои ороиш додан бо риштаҳои ранга мебошад. Дар гузашта ин корро устоҳои гулдаст, ки маҳорати баланди рассомӣ доштанд, иҷро мекарданд. Онҳо тасвирҳоро худашон офарида, рангҳоро интихоб менамуданд. Хусусан, тахайюли қаламкашон дар бораи ояндаи ҳунари гулдўзӣ ҳамеша рангину зебост. Ин амал хеле нозуку мураккаб буда, аз қаламкаш маҳорати баландро талаб мекард. Мутаассифона, ин қабил ҳунармандон хеле кам мондаанд. Қаламкаши моҳири ноҳияи Муъминобод Аъзамова Иқлимой, ки айни ҳол 92 сола буда, бо қаламзанӣ сару кор намегирад, шогирдонеро низ тайёр кардааст, ки баъзеи онҳо то имрўз фаъолият доранд. Каримова Зуҳро (директори мактаби рассомии ноҳияи Ашти вилояти Суғд) низ ба ин касб машғул буда, нозукиҳои қаламзаниро ба хонандагон меомўзонад.
Сўзанӣҳои қадимӣ аз матоҳои босифат дўхта шуда, нақшу нигори болои онҳо тасвири табиат, ҳар гуна рамзу маъниҳои гуногун, унсурҳои муқаддас, дарахтони мевадор, умуман тасвире, ки олами атрофи инсонро иҳота карда, маънии ҳаёти ҷовидонаро дорад, ҷой дода шудаанд.
Тасвири ҳар як сўзанӣ ба маҳорати баланд ва тахайюли ҳунарманд вобаста аст. Тасаввуроти зеҳнии ў чи қадар пуробуранг бошад, дар гулдўзиаш ҳамон қадар нақшу нигори гуногун акс меёбад. Чунки тасвири ҳар як гулдўзӣ дар ҳаёти инсон нақши муҳим мебозад. Масалан, таъсири нақшу нигоре, ки дар онҳо тасвир шудаанд, нақши оддӣ набуда, балки тахайюли рангину пурмазмуни ҳунари гузаштагони мост, ки мақсаду мароми хешро акс намудаанд.
Дўзандаҳои моҳир дар интихоби рангҳо ҳаматарафа диққат медоданд, то ки маҳсулоташон ҳам босифат ва ҳам ҷолибу диққатҷалбкунанда бошад. Дар замони муосир кам ҳунармандон ба ин ҷиҳати масъала аҳамият медиҳанд.
Чуноне ки Н. Юнусова қайд мекунад, сўзаниҳои Исфараву Конибодом ва Хуҷанду Ашт услубан ба ҳам наздик буда, ба як мактаби ҳунарии гулдўзӣ мутааллиқанд. Хусусияти асосии онҳо аз истифодаи рангҳои гуногун, нақшҳои хурд иборатанд. Сўзаниҳои Истаравшан бошад, аз ҷиҳати услуб бештар ба сўзаниҳои водии Зарафшон шабоҳат дорад. Дар онҳо гарчанде нақшҳо зиёд истифода шавад ҳам, ҳар як нақшу нигор мавқеи худро дорад.
Дар сўзаниҳои қадимӣ ҳар як ранг ҷой ва маънии махсуси худро дошт. Дар баъзе сўзаниҳои замонавӣ омехта рангҳо ва иваз шудани ҷои нақшҳоро дучор омадан мумкин аст. Нақшу нигор ва ранги гулдўзиҳои ҳозира бо нақшу нигори дигар минтақаҳои кишвар омезиш ёфтааст. Аз ҷумла, рангҳои сафеду зард, гулобӣ, ё иваз гардидани ҷои рангҳо ба назар мерасад.
Бештари ҳунармандон аз тарзҳои гуногуни ин ҳунар мувофиқи диди худ маҳсулотро омода месозанд. Ҳастанд нафароне, ки ҳоло ҳам аз нақшу нигори қадимӣ истифода мекунанд, вале хеле кам. Масалан, тасвири чор унсур (об, хок, оташ ва ҳаво), инъикоси ҳар гуна гулу дарахтони мевадор (анор-рамзи фаровонию баракат) ва ҳатто аждаҳо-рамзи мубориза, қаланфур-барои аз чашми бад эмин нигоҳ доштан, ки барои мардуми ориёӣ нақши муҳим мебозад, то имрўз ба назар мерасад.
Суоле ба миён меояд, ки чаро имрўз касе ба омода кардани чунин ҳунарҳо намепардозад?
Яке аз сабабҳои он дастрас набудани ашёи хоми босифат аст. Барои дўхтани як чодар ё як шоҳтокӣ 5-6 моҳ вақт сарф мешавад.
Дигар, ворид шудани маҳсулоти бо технологияи ҳозиразамон тайёршуда. Таваҷҷуҳ надоштани мардуми маҳаллӣ.
Дар санъати гулдўзии ноҳияи Муъминобод нисбат ба ноҳияҳои Истаравшану Ашт ва Шаҳритўс нақшу нигори қадимӣ бештар ба назар мерасад ва ин шаҳодат аз он медиҳад, ки ҳунармандони (занони) ин ноҳия тавонистаанд анъанаи миллии хешро рушд дода, ба наслҳои худ мерос гузоранд. Мақсади ҳунармандон аз як тараф таъмин намудани оила бошад, аз тарафи дигар сайқал додани ҳунари анъанавии ин ё он минтақа аст.
Лайло Носирова,
корманди Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва
иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон