Тибқи ривоятҳо, дорбозӣ дар замони ҳазрати Алӣ низ маъмул будааст ва худи ў ҳунари дорбозиро медонистааст. Аз ин сабаб дорбозон ҳазрати Алиро пири касби худ меҳисобиданд. Ривоят мекунанд, ки то замони ҳазрати Алӣ қалъаи даҳшатноки шаҳри Хайбарро, ки атрофашро шахҳои баланду ҳавзҳои амиқ иҳота карда буданд, касе фатҳ карда натавонистааст. Алӣ лашкарашро назди он қалъаи фатҳнопазир оварда, аз ресмони борике дор сохтааст ва ҳамаи лашкариёнаш ба воситаи он ба қалъа гузаштаанд. Ҳамин тавр шаҳри Хайбар мусаххар ва девҳои он нобуд карда шудаанд. Дорбозон аз ҳамон замон инҷониб дар ҷамъият соҳиби мақому обрў гаштаанд.
Дорбозӣ яке аз навъҳои сирки халқии тоҷикон мебошад, ки тақрибан 2,5 ҳазор сол пеш дар Шарқ пайдо шуда, тадриҷан ба кишварҳои ҷаҳон густариш ёфтааст. Тоҷикон аз давраҳои қадим дар ҷашнҳои Наврўзу Меҳргон, сайрҳои оммавӣ, ҷашни арўсию хатнасур намоишҳои сирки халқиро барпо менамуданд, ки яке аз бахшҳои ҳатмии он дорбозӣ ба шумор мерафт. Истилоҳи “дорбозӣ” аз калимаҳои тоҷикии “тор” – ресмон, банд, арғамчин ва исми «бозӣ» – шуғл, саргармӣ сохта шудааст.
Аз асри ХVI сар карда санъаткорони халқӣ, аз ҷумла дорбозону масхарабозон ҷамъият, сардор ва рисолаҳои касбии худро доштанд. Тибқи ривоятҳо, дорбозӣ дар замони ҳазрати Алӣ низ маъмул будааст ва худи ў ҳунари дорбозиро медонистааст. Аз ин сабаб дорбозон ҳазрати Алиро пири касби худ меҳисобиданд. Ривоят мекунанд, ки то замони ҳазрати Алӣ қалъаи даҳшатноки шаҳри Хайбарро, ки атрофашро шахҳои баланду ҳавзҳои амиқ иҳота карда буданд, касе фатҳ карда натавонистааст. Алӣ лашкарашро назди он қалъаи фатҳнопазир оварда, аз ресмони борике дор сохтааст ва ҳамаи лашкариёнаш ба воситаи он ба қалъа гузаштаанд. Ҳамин тавр шаҳри Хайбар мусаххар ва девҳои он нобуд карда шудаанд. Дорбозон аз ҳамон замон инҷониб дар ҷамъият соҳиби мақому обрў гаштаанд.
Дорбозию шуъбадабозӣ, масхарабозӣ ва дигар анвои сирки халқӣ борҳо дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ишора шудаанд. Яке аз аввалин аврупоиёне, ки дар бораи сирки халқии мардуми тоҷик маълумот додааст, сафири Испания Рюи Ганзалес де Клавиҳо мебошад. Ў солҳои 1403-1406 ба Самарқанд омада, санъати дорбозон, масхарабозону созандагон ва ҳунарнамоии филу аспҳои ромшударо тамошо карда, дар ҳайрат мондааст. Сафир он манзараро дар дафтари хотироташ чунин тасвир кардааст: «дар рў ба рўйи қасри подшоҳ ба замин сутунҳо кўфта, торҳо кашида, дорбозон ба болои он мебаромаданд ва аҷаб бозиҳое мекарданд».
Дар асарҳои ёддоштии Аҳмади Дониш ва Садриддин Айнӣ низ манзараҳои сирки халқӣ ва намоишҳои дорбозону масхарабозон борҳо тасвир ёфтаанд, ки дар ҷашни Наврўз ва сайрҳои оммавӣ барпо мешудаанд. Дастаҳои дорбозон инчунин намоишҳои сайёр ташкил мекарданд, ба шаҳру ноҳияҳо рафта дар маркази бозорҳо ё кўчаҳои серодам маскан гирифта, якчанд рўз намоишҳо баргузор менамуданд. Дорбозон бештар дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд, Хуҷанд, Панҷаканду Ўротеппа (Истаравшан), Ҳисор ва ғайра ба мардуми маҳаллӣ барномаҳои рангини худро намоиш медоданд. Дастаҳои онҳо, одатан, аз 2-3 дорбоз, 2 масхарабоз, 3-4 навозандаи карнаю сурнай ва таблу нақора иборат буд. Барои дор қаблан арғамчини пашминро истифода мебурданд. Аз нимаҳои асри ХХ инҷониб ҳунармандони тоҷик сими фўлодинро ҳамчун тор ба кор мебаранд. Дор ду ҷуфт сутуне буд, ки аз болояш ба мисли ҳарфи «Х» ба ҳам пайванд карда мешуд ва аз ҷойи пайвандӣ аз ин ҷуфти сутунҳо ба он ҷуфт ресмони сахтро таранг кашида мебастанд. Баландии тор аз 5 то 10 метрро ташкил мекард, баъзан аз ин ҳам баландтар мешуд.
Намоишҳо бо садои карнаю сурнай ва нақора оғоз мегаштанд. Тамошогарон садои мусиқии шўхро шунида, атрофи дор ҷамъ меомаданд. Пас аз гирд омадани одамон мусиқӣ хомўш шуда, роҳбари даста ё ягон мўйсафеди табаррук даст ба дуо бардошта фотиҳа медод ва сипас намоиш оғоз мегардид. Таҳти навои мусиқӣ дорбоз дар даст чўбдасти дарозеро ба таври амудӣ дошта, рўйи ресмон медавид, менишаст, якпоя меистод, бо чашмони баста ҳаракат менамуд ва ғайра. Баъзе дорбозони тоҷик дар болои дор мерақсиданд, ба пойҳояшон лаъличаҳои мисин баста, ё ба сарашон халта пўшида, чашмонашонро бо рўймолча баста, ҳар гуна нағмаҳо менамуданд. Ё худ пиёла ё косаҳои пуробро болои сарашон дар ҳолати мувозанат гузошта, бо кафшҳои пошнабаланд дар болои дор ҳунарҳои мураккабу аҷиб намоиш медоданд.
Пас аз як пайти ҳунарнамоии дорбозон навбат ба масхарабозон мерасид. Онҳо одатан саҳаначаҳои ҳаҷвӣ иҷро мекарданд, шеърҳои шўху ҳаҷвӣ мехонданд, ба овозу рафтори ҷонварону одамони муайян тақлид менамуданд. Шуъбадабозон дар болои шишапораҳо пойи луч баромада, мерақсиданд. Бо кордҳо ба нишон мезаданд, тўбчаю меваҳоро болопартоӣ карда, табъи ҳамаро хуш мегардониданд. Баъзеашон бо оташ бозӣ мекарданд, ба ҷонварони ромшуда фармон дода, ба бозӣ медароварданд.
Таълими дорбозони наврас, маъмулан, аз 9-10 солагӣ оғоз меёфт. Писарбачаи шогирдро аввал устодаш парҳези қатъӣ мефармуд, сипас ўро маҷбур мекард, ки ҳар рўз як қатор машқҳои гимнастикиро такрор ба такрор иҷро кунад. Ин машқҳо аз қату рост кардани дасту по ва бадан, давидан, ҷаҳидан, тоб додани миён ва ғайра иборат буданд. Баъдан ба камари шогирд аз ду тараф ресмон баста, мефармуданд, ки болои дори пастаке роҳ гардад. Барои бехатарии машқ дор дар болои ҳавзи об сохта мешуд. Тадриҷан машқҳо мураккабтар гардида, дорро баландтар мебардоштанд. Ҳамин тавр то дорбози ҳақиқӣ ва мустақил шудани шогирд машқҳо зери назорати устод давом меёфтанд. Пас аз ҳунари дорбозиро пурра аз худ карданаш шогирд маросими хурде барпо карда, устод ва сардори дорбозонро зиёфат медод, ба онҳо ҷома мепўшонид ва фотиҳаи касбу кор мегирифт.
Дар тасаввуроти мардуми тоҷик дорбозӣ санъати муқаддас ва як навъ рамзи мардонагию ҷасорат ба шумор мерафт. Баъзе одамони боихлос кўдакони беморро бо нияти шифоёбӣ аз таги дор мегузарониданд. Занҳои безуриёт сутунҳои дорро даст расонида, ба чашмонашон мемолиданд, дуои дорбозонро мегирифтанд.
Санъати дорбозии мардумӣ имрўзҳо, бинобар густариш ёфтани сирки касбӣ, намудҳои гуногуни варзиш ва навъҳои санъату ҳунар мавқеи анъанавии худро аз даст додааст. Ин ҳунар дар байни тоҷикону ўзбекони кишвари ҳамсояи Ўзбекистон ҳанўз як андоза фаъол мебошад. Дар соли 2014 Ҷумҳурии Ўзбекистон номинатсияи дорбозиро бо унвони «Дорбозлик» барои сабт ба Рўйхати репрезентативии ЮНЕСКО пешниҳод намуд ва моро лозим аст, ки дар оянда ба ин номинатсия ҳамроҳ шавем. Вақти он расидааст, ки ин санъати зебои аҷдодиро бояд тақвият бахшем ва густариш диҳем ва онро ба мавқеи пештарааш баргардонем. Дар ҷашнҳои суннати Наврўзу Меҳргон ва ҷашнҳои давлатии Рўзи Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ва амсоли инҳо намоиши дорбозонро созмон диҳем. Дорбозӣ ва намунаҳои ҳунару санъатҳои дигари халқӣ яке аз воситаҳои пурмаҳсули ҷалби сайёҳон ба шумор меравад.
Дилшод Раҳимов
мардумшинос