Яке аз ҳунарҳое, ки дар чор ноҳия ба назар мерасид, рӯймолдӯзӣ мебошад. Рӯймолдӯзӣ ҳунари гулдӯзӣ кардани рӯймоли миёнбанд барои мардон аст. Рӯймоли мардона 3 намуд-бачагона(андозаи 60х60); муқаррарӣ (андозаи 100х100); калон (андозаи 120х120). Бештар руймоли мардонаро аз матои ласу сатин ва риштаҳои пахтагию абрешимӣ омода мекунанд. Ҳар як ҳунарманд мувофиқи завқи хеш маҳсулотро интихоб карда, рӯймолро гулдӯзӣ мекунад. Тарзи дӯхтани рӯймол чунин аст: пеш аз ҳама, атрофи матоъро дар андозаи муайян таҳ карда медӯзанд. Баъдан дар чор гӯшаи он (дар баъзе ҷойҳо дар як гӯшаи он) нақш кашида бо риштаҳои ранга гулдӯзӣ мекунанд. Рӯймолро бештар дар рӯи даст бо усули махсус гулдӯзӣ мекунанд, то ки сифаташ беҳтар ва намудаш суфтаю ҷилодор гардад.
Ин навъи ҳунар, ки дар ноҳияи Шаҳритӯс хеле маъмул аст, бисёртар барои домод аз матоҳои сим-сим аз қабили парча, зарварақ медӯзанд ва ҳатто ҳангоми гулпартоӣ риштаи симиро истифода мекунанд. Барои мардҳои миёнаву калонсол бошад, рӯймолро бо риштаҳои бесим оро дода, заминаи он низ якранг-кабуд сиёҳ ё сурх, гулашро сафед, зард ё ягон ранги дигар мекунанд, ки ин навъи рӯймолро маъмулан барои маросимҳои азо медӯхтанд.
Дар ноҳияи Муъминобод бошад, солҳои пеш рӯймоли дутарафаи нақшдӯзӣ кардашуда маъмул буд. Рӯймоле, ки аз ду тарафаш гулдӯзӣ шуда бошад, дар ин ноҳия рӯймоли дурӯя (дутарафа) меномиданд. Ҳангоми экспедитсия мушоҳидаҳо нишон дод, ки дар замони муосир чунин рӯймол ба назар намерасад. Зиёдтар рӯймоли рангаш сафед ва ё сиёҳро истифода мекунанд.
Рӯймоли миёнро барои мустаҳкам нигоҳ доштани миён, ба сифати дастархон, ҳамчун сачоқу ҷойнамоз ҳангоми сафар ва дар тӯю маъракаҳо аз болои ҷома ва дар ҳолатҳои зарурӣ дар гирди тоқӣ истифода мекунанд.
Қуроқдӯзӣ
Қуроқдӯзӣ (таркдӯзӣ, порадӯзӣ) – қуроқ низ ҷиҳози серистеъмол дар ҳар хона ба шумор меравад. Ҳунари қуроқдӯзӣ дар аксари минтақаҳои кишвар аз замонҳои қадим аз муҳимтарин бахши ҳунари занона ба ҳисоб мерафт. Дар ҳар як минтақа қуроқ бо шаклу намудҳои гуногун маълум мебошад.Аз дигар ҷиҳат қуроқ як навъи ҷиҳози хона буда, аз пораҳои матоъ тайёр карда мешавад. Аммо барои ҷашни арӯсӣ ҷиҳози қуроқиро ҳатман аз матоҳои қиматбаҳо тайёр мекунанд.
Масалан, дар Истаравшан ҳангоми нишастани арӯс ба таги чодар курпачаи “қуроқи турна” мепартоянд ва “арӯси ба пою қадам шавад” гуфта дуо мекунанд. Болишти қуроқӣ ҳам рамзи зиндагии бардавом ва якҷояи навхонадорон маънидод шудааст ва истифодаи он ҳатмӣ буда, барои нигоҳ доштан аз чашми бад ва балоҳо ба кор меравад. Ҳунармандони ин ноҳия бештар қуроқи дорои шакли секунҷа бударо таҳия мекунанд.
Ҳунармандони ноҳияи Ашт низ қуроқро ҳамчун зиндагии рангини арӯсу домод ва нигоҳдорандаи кинаву чашми бад тасвир мекунанд. Чунки дар ин ноҳия то имрӯз маҳсулоти қуроқиро аз қабили болишт, дастархон, курпачава ғайраро ҳамчун ҷиҳози асосии арӯс истифода менамоянд.
Махсусан, дар байни мардуми Шаҳритӯс қуроқ мавриди эҳтироми хоса қарор гирифта, ҳунармандон онро ҷиҳози пурарзишу давомнокии зиндагии навхонадорон шарҳ медиҳанд.Дар ин ҷо қуроқи оддитаринро аз ду навъи матоъ: сафед ва сиёҳ дӯхта, онро дар шакли секунҷаву (турна)чоркунҷа (чашмак)ба ҳам пайваст мекунанд. Дар баъзе ноҳияҳои дигар низ чунин ном мебаранд.
Дар Шаҳритӯс аксари занону духтарон ба дӯхтани қуроқ машғул буда, маҳсулоти қуроқиро ҳамчун ҷиҳози арзандаю муқаддас барои наварӯс нисбат медиҳанд. Сабаби пойдор мондани ин ҳунар пеш аз ҳама, анъанаи ҳатман бо худ бурдани ҷиҳози қуроқии арӯсӣ ва таваҷҷуҳи мардуми маҳаллӣ ба он аст. Ҷиҳози қуроқӣ дар ин ноҳия баёни орзуву омоли падару модари арӯсу домод буда, қадру қимати махсус дорад. Хусусан курпачаи қуроқиро дар ин ноҳия дар якчанд маросимҳои ҷашни арӯсӣ васеъ истифода мебаранд. Масалан, ҳангоми сартарошон кардани домод зери пояш ва дар таги чодар барои арӯсу домод курпачаи махсуси қуроқиро мепартоянд. Ҳатто дар солҳои пеш арӯсро либосҳои қуроқӣ ва гулдӯзӣ кардашуда мепӯшониданд. Аз ин лиҳоз дар ин ҷо ҳунармандон то ба имрӯз бо ин касб машғул буда, онро сайқал дода истодаанд.
Дар ноҳияи Панҷакент ҳам инчунин, махсусан дастурхони арӯсро, ки аз анвои хӯрданӣ иборат аст, аз қуроқ тайёр карда шуда, ҳамроҳи арӯс ба хонаи домод мебаранд.
Куртадӯзӣ
Куртадӯзӣ яке аз ҳунарҳои анъанавии тоҷикон буда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маъмул аст. Ҳунари куртадӯзӣ муҳимтарин касб ба ҳисоб рафта, барои бароварда гардонидани ниёзи занону духтарон истифода мешавад. Дар ҳар як хонадони тоҷик дӯзандаи моҳирро вохӯрдан мумкин аст. Тарзи тайёр кардани куртаи занона чунин аст: баъди андоза гирифта пора кардан пеши куртаро бо шакли дилхоҳ оро дода, дар рӯи он нақшу нигор кашида ва ё ба рӯяш сангҳои гуногун чида, доманҳои пешу қафоро бо ҳам васл намуда, баъдан остинро ҳамроҳ мекунанд. Баъзеҳо тавассути риштаҳои гуногун бо таври дилхоҳ ороиш медиҳанд. Навъҳои дигари куртадӯзӣ, ки бештар барои ҷашну маъракаҳо истифода мешаванд низ маъмуланд. Дар баъзе минтақаҳо либоси идона низ мегӯянд.
Норқулова Воҳида (с/т.1991) сокини деҳаи Ё.Каримови ноҳияи Шаҳритӯс бо ҳунари куртадӯзӣ миёни мардуми ноҳия ва берун аз он маъруф буда, асоси зиндагиашро ҳамин касб ташкил медиҳад. Чи тавре ки аз муҳтавои суҳбат маълум гардид, маҳорати куртадӯзии ин ҳунарманди ҷавон бештар бо усули нав ва нақшу нигори миллӣ сурат мегирад. “Ман хеле шодам, ки занону духтарон ба либосҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд”,- иброз дошт ӯ. Дар ҳақиқат чи қадаре ки дар бозору мағозаҳо либосҳои гуногуни воридотӣ бисёр бошанд ҳам, бонувони тоҷик аз истифодаи куртаҳои миллӣ дур нарафтаанд.
Чакандӯзӣ
Баробари ҳунари куртадӯзӣ чакандӯзӣ низ васеъ истифода мешавад. Дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар санъати чакандӯзӣ маъмул буда, он таҷассумкунандаи тахайюлоти занону духтарони тоҷик дар бораи табиати нотакрор мебошад. Чакандӯзӣ дар байни тоҷикон ҳамчун як бахши дӯзандагӣ таърихи тӯлонӣ дорад. Ба рушду пешрафти дӯзандагӣ дар ҳунари куртадӯзӣтаъсири зиёд расонидааст. Ҳунари чакандӯзӣ аслан дар ноҳияҳои ҷануб зиёдтар рушд ёфтааст ва нисбати он дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ талабот дида мешавад. Дар ин минтақа аз замонҳои қадим чакандӯзӣ яке аз муҳимтарин соҳаи дӯзандагӣ ба ҳисоб меравад. Навъҳои гуногуни чаканро барои истифода ва бо мақсади ба фурӯш баровардан тайёр мекунанд. Ғайр аз ин дар ҷашну маъракаҳо ва чорабиниҳои идона низ онро истифода мекунанд. Ин навъи куртародарноҳияҳои дигари кишвар ҳам медӯзанд, ки аз рӯи нақшу нигораш аз ҳамдигар фарқ кардан мумкин аст.
Тавре ки дар китоби Д. Раҳимов “Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон”(соли 2014) ишора шудааст: “Дар гулдӯзии чакан тасвирҳои рамзнок ва мазмунҳои мифологӣ оид ба табиати атроф, кайҳон, орзую омоли мардум истифода мешаванд
Дар ноҳияи Ҳисор бошад куртаи чакан бо тарзи хос: фақат остин ва гирдогирди домани он бо усули йирмадӯзӣ гулдӯзӣ карда мешуд.
Бояд қайд кард, ки дар ҳунар нисбат ба ноҳияҳои Истаравшан, Ашт ва Шаҳритӯс фаъолтар буда, талабот ва ниёзи мардум ба маҳсулоти тайёрнамудаи маҳаллӣ бо сабаби дастрас ва босифат буданаш, бештар аст. Махсусан, чаканҳое, ки дар минтақаи Хатлон дӯхта мешаванд, дар саросари ҷумҳурӣ ва берун аз он талабгорони зиёде доранд.
Аз маводи бадастомада доир ба ҳунари дӯзандагӣ дар ноҳияҳои Истаравшан, Ашт ва Шаҳритӯсу Муъминобод маълум гардид, ки ин ҳунарро дар саросари кишвардидан мумкин аст.
Лайло Носирова,
корманди Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва
иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон