Назаре ба ҳунарҳои бонувон (Бахши охир)

Болиштдўзӣ
Болишт ду хел, калону хурд мешавад. Болишти калон ҳаҷман 120х40 см буда, дар он гули калон ва баргу шохаҳо гул гулдўзӣ мешавад. Болишти хурд низ тақрибан 50х40 см буда, бо чор гули хурд ва баргҳои майда-майда оро дода мешавад.
Дар давоми сафар ба ноҳияи Ашт мо муваффақ шудем, ки бо ҳунармандони маҳаллӣ суҳбат намуда, оиди касбу ҳунарҳои миллӣ маълумотҳои муфид ба даст орем. Маюсуфова Норинисо (с/т.1955, ҷ.д.Шодоба, шаҳраки Гулшан), Масолиева Ҳамробибӣ (с/т.1969, ҷ.д.Понғоз, маҳ.Бўрак), Тошматова Саодат (с/т.1981, ҷ.д. Ошоба, кўч. Олтин), Каримова Мумтоз (с/т.1971, ш.Шайдон), Каримова Зуҳро (с/т.1973, ш.Шайдон) аз зумраи ҳунармандоне ҳастанд, ки бо мо ҳумкорӣ намуданд. Аз байни онҳо ду нафар зан, яке Маюсуфова Норинисо (роҳбари филиали муассисаи давлатии Маркази таълимии муассисаи калонсолон) ва дигаре Масолиева Ҳамробибӣ (роҳбари Маркази таълимӣ-истеҳсолии ба номи “Рустам”), ки собиқаи кориашон беш аз 40 сол аст, аз кору фаъолияташон сухан карданд. Ин ҳунармандон дар марказҳои худ ҳунарҳои дастӣ, аз қабили, ҷиҳози хона-сўзанидўзӣ, ҷойнамоз, чодар, чакандўзӣ, қолинбофӣ, кешбофӣ, қуроқдўзӣ, ҷиякдўзӣ, занҷирдўзӣ, ресандагӣ, либоси мактабӣ, қолин, адрас ва ғайраро ба роҳ мондаанд. Дар ин ташкилотҳо барои рушду такомули ҳунарҳои анъанавӣ шароити хуб фароҳам оварда нашудааст. Бо вуҷуди ин дар марказҳои номбурда анъанаи “ҳар чизе, ки донӣ, ба дигарон низ омўзон” амал мекунад. Шаклу намудҳои ҳунари ҳунармандон ва салиқаи онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунад.

Қолинбофӣ

Мардуми тоҷик аз давраҳои қадим ба бофтани қолинҳо машғул буда, намудҳои гуногуни онро таҳия менамуданд. Бо мурури замон ва пешрафти илму техника намуди қолинҳо тағйир ёфта, шаклашон нақшу нигори мураккаб гирифт. Асосан қолинро барои ороиши хонаҳо истифода мебаранд. Чи тавре ки Д.Раҳимов дар китоби “Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон” (соли 2014) қайд мекунад: “Имрўзҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва ноҳияи Ашт қолинбофони ангуштшумор зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, ки бо усули дастӣ ба қолинбофӣ машғул мебошанд.”
Дар ҳақиқат ҳангоми сафари хидматӣ дар ноҳияи Ашт мо бо ҳунарманде вохўрдем, ки аз нозукиҳои касби қолинбофӣ ба мо қисса кард. Қолинбофи хушсалиқа Маюсуфова Нориниссо бо таъсиси коргоҳи шахсӣ ба истеҳсоли қолинҳои хушнамуд шуғл дошта, ба шогирдон ҳам ин пешаи аҷдодиро меомўзонад. “Ман таи чанд сол мешавад, ки дар ин муассиса фаъолият дорам ва шогирдони зиёдеро тарбия карда истодаам. Қолинбофӣ барои занону духтарон касби муносиб аст ва метавонанд, ки бо ин роҳ ба оилаи худ даромади хуб ба даст оваранд”,- иброз дошт Нориниссо Маюсуфова. Аз суҳбат маълум гардид, ки дар ин марказ шогирдони ботаҷрибае ба камол мерасанд. Роҳбари муассиса мегӯяд,  “Маҳз салиқа ва завқи беандозаи занону духтарон буд, ки касби қолинбофиро дар муддати кутоҳ аз худ карданд”.

Ҳунарманди дигаре, ки ба бофтани қолинҳои дастӣ сару кор дошт, Тошматова Саодат мебошад. Ў дар шароити хона ба таҳия намудани ин ҳунар машғул буда, бештар нақшу нигори табиат, рамзҳои давлатӣ ва акси шахсиятҳои бузургро таҷассум менамояд. Ҳоло ҳадафи аслии ҳунарманд ёд додани қолинбофӣ ба ҷавондухтарон дар он аст, ки қолинҳои хубу босифатро пешкаши харидорон кунанд ва ба ин васила касбу ҳунари хешро берун аз кишвар муаррифӣ намоянд .

Дар ноҳияи мазкур ғайр аз инҳунарҳои гулдўзӣ - сўзанидўзӣ (махсусан сўзании шикамба, ки аксаран дар ороиш додани болиштҳо истифода мешавад),ҷомадўзӣ, қуроқдўзӣ, зардўзӣ, қолинбофӣ,гилембофӣ, адрасбофӣ, дўхтани курпаву курпача, бофтани сару либос бо сим(ҷикет, ҷўроб, курта, гарданпеч, кулоҳ, рўймол, дастпўш, нимкурта ва ғ.) маъмуланд, ки то имрўз мавриди истифода қарор доранд. Дар баробари ин гуфтаҳо ҳунарҳои тоқидўзӣ, ҷиякдўзӣ, кешбофӣ низ ҳастанд, ки бо сабабҳои гуногун ба монанди нарасидани ашёи хом, кам будани таваҷҷуҳи мардум ва ғайра ба таври нимфаъол амал мекунанд.

Шерозбофӣ

Ҳастанд ҳунарҳое, ки талаботу ниёзи мардум ба онҳо намондааст. Шерозбофӣ як навъ ҳунари анъанавии мардумӣ мебошад, то ба имрўз дар баъзе навоҳии кишвар боқӣ мондааст. Ҷараёни бофтани шероз аз риштаҳои рангоранг дар дўкони махсус сурат мегирад. Шерозаҳо аз риштаҳои сурху сиёҳ аз 3 ё 5 рах бофта мешуд. Нақши серахаро “секука” ё “кирмак” ва панҷрахаро “чашми булбулак” меномиданд. Дар шерозбофӣ нақшҳои ислимӣ, занҷира, тасвири гулу мева, моҳу ситора ва ғайра ба назар мерасад. Нақшҳоро дар ҷо-ҷои шероз дар масофаи муайян ба воситаи риштаҳои ранга анҷом медоданд. Баъзе занҳои хушсалиқа ҳангоми бофтани шероз маҳсулоташонро мувофиқи завқ бо тасвирҳои гулу баргҳо ва навиштаҷотҳо оро медоданд.
Шероз, ки қаблан яке аз ашёҳои муҳим барои ҳар наварўс ё зан буд, ки онро ба гиребони курта, пойҷома ва гирди ҷомаю тоқӣ пайваст мекарданд. Ҳунари шерозбофӣ дар байни занони тоҷик то даҳсолаи охир маъмул буд, аммо бо пайдо шудани шерозҳои замонавӣ истифодаи маҳсулоти маҳаллӣ маҳдуд гардид. Аз ин хотир анъанаи шерозбофӣ аз байн рафта истодааст. Ҳангоми сафарҳои хидматии соли 2015 ҳунари шерозбофиро танҳо дар ноҳияи Ашт дучор гардидем, ки он ҳам фақат дар деҳаҳои дурдасти ин ноҳия барои занони калонсол аз рўи фармоиш таҳия мешуд.

Ҳангоми таҳқиқот маълум шуд, ки дар ноҳияи Шаҳритўс низ намудҳои гуногуни касбу ҳунарҳои миллӣ то ба имрўз ривоҷ доранд. Ҳунармандони ҷамоату деҳот ва худи маркази ноҳияи Шаҳритўс-Саидраҳмонова Махфират (с/т.1970, сокини ҷ.д.Сайёд, д.Чўянчӣ), Раҳмонова Гулрў (с/т.1984, сокини ҷ.д.Сайёд, д.Сайёд), Шарипова Гулнисо (с/т.1970, сокини ш.Шаҳритўс, к.Раҳимзода), Сафарова Гулбибӣ (с/т.1968, сокини ҷ.д.Х.Холматов, д.Ё.Каримов), Норқулова Воҳида (с/т.1991, сокини ҷ.д.Х.Холматов,д.Ё.Каримов) ва дигаронҳангоми экспедитсия бо мо ҳамкорӣ намуданд.

Ҳунармандони ноҳияи Шаҳритўс бисёртар бо навъҳои дўзандагӣ, аз қабили чодар (чодари деворӣ), зардеворӣ,сачоқ, курпаю курпача, болишт, дастурхон (қуроқӣ), гарданбанд (махсус барои домод), рўймолу (локӣ) рўймолча, остинча, сурфа ва ғайра машғул буда, аз рўи анъанаи устоду шогирд ба фарзандонашон меомўзонанд. Дар деҳаҳои тоҷикнишини ноҳияи мазкур нисбат ба деҳаҳои ўзбекнишин технологияи дўхтани, рўймоли мардона, гарданбанд, сўзанӣ, болиштба таври дигар сурат мегирад. Масалан, гулдўзӣ кардани гарданбанд ё рўймоли мардона барои домод. Дар маҳалҳои тоҷикнишин бештар нақшу нигори миллӣ аз риштаҳои рангаи абрешимӣ омода гардад, дар маҳалҳои ўзбекнишин ба ҷои риштаҳои ранга, риштаҳои симӣ ва гулу тавсирҳои замонавӣ бисёртар истифода шудааст, дар интихоби матоъ ҳам инчунин.

Метавон гуфт, ки вобаста ба талаботи имрўза мавқеи ҳунармандон дар ноҳияи Шаҳритўс нисбатан ноустувор аст. Агар қисме аз ҳунарҳо тоандозае рушд карда истода бошанд ҳам, қисми дигарашон (аз ҷумла, гилембофӣ, рўймолчадўзӣ, сўзанидўзӣ) дар ҳолати аз байнравӣ қарор доранд.

Натиҷаи сафарҳо нишон дод, ки ноҳияи Муъминобод маконест, ҳунармандони хушсалиқа, аз ҷумлаи Аъзамова Иқлимой (с/т.1923, ҷ.д. шаҳраки Муъминобод, к.Асрор), Азизова Сафаргул (с/т.1949, ҷ.д. шаҳраки Муъминобод, к.Асрор), Пирова Давлатмо (с/т.1956, ҷ.д. шаҳраки Муъминобод, к.Асрор), Тағоева Бибинисо (с/т.1961, ҷ.д. Ш.Шоҳин, д.Ҷарчип), Ғуломова Махфират (с/т.1964, ҷ.д. Деҳбаланд, д.Тутқавул), Шерова Бибичамо (с/т.1958, ҷ.д.Деҳбаланд, д.Шаҳринави поён), Иброҳимова Рупиямо (с/т.1958, ҷ.д. Н.Назаров, д.Садбаргоҳ) он ҷо ҷамъ омадаанд.

Тоқидўзӣ

Дар Муъминобод бештар тоқиҳои чакани мардона, занона ва кўдакона омода мекунанд. Тоқиҳои ин ноҳия аз матои гуногуни гулдор, бегул ва рахдор иборат буда, шероз низ илова мешавад. Баъди қолаби онро сохтан болои тоқиро маъмулан ба 4 қисм ҷудо карда, ҳар якеро алоҳида мошина мезананд. Ҳунари тоқидўзӣ дар ноҳияи Муъминобод оҳиста-оҳиста бо такмили камтаре вориди муди имрўз мегардад.Чи хеле ки мебинем, ба нақшу нигори замонавӣ талабот зиёдтар аст.

Яке аз ин ҳунармандон Иброҳимова Рупиямо мебошад, ки бештар бо дўхтани сару либоси арўсӣ, чакан, тоқӣ, чодар, ҷиҳози хона ва ғайра машғул аст. Ҳангоми суҳбат бо ў маълум гардид, ки пешааш авлодӣ буда, меҳри ин касбро дар дили ин зани чирадаст модараш ҷо кардааст. Ў асосан аз рўи фармоиши мизоҷон маҳсулоти заруриро омода месозад. Ғайр аз ин ў дар дўхтани тоқиҳои гуногун низ маҳорати баланди касбӣ дорад. Тибқи маълумоти Иброҳимова Рупиямотоқиро ў асосан аз қоғази сахт, матоҳои гуногуни гулдўзишуда, ришта омода мекунад. Маҳсулоти тайёрнамудааш аз дигар ҳунармандон фарқ карда, дар тасвирҳояш бештар нақшу нигори қадимӣ дида мешавад. Маҳсули дасти ин бонуи ҳунар пур аз эъҷоз  буда, завқи баланде дар ин ҷода дорад. Иброҳимова Рупияморо ҳамчун ҳунарманди моҳир бо маҳсулотҳои тайёрнамудааш дар ноҳия ва берун аз он ҳама мешиносанд ва эҳтиромаш мекунанд.

Дар Шаҳритўс бошад, танҳо барои арўсон тоқӣ медўзанд ва он ҳам мувофиқи ҳар як куртаи арўс як тоқӣ. Дар ноҳияҳои Истаравшану Ашт ҳам тоқиҳои мардона ба шакли чоркунҷа ва ҳам арўсона медўзанд. Дар асл тоқиҳои ин ноҳияҳо бо ҳамдигар аз ҷиҳати (ҷараёни дўхтан, қолаб, шакл, сифат, интихоби маҳсулот ва ғайра) тафовут доранд.

Ҳунарҳои чакандўзӣ, тоқидўзӣ, чодардўзӣ, ҷелак, қуроқдўзӣ, ҷомадўзӣ, курпадўзӣ, рўймолдўзӣ, ресандагӣ, бофандагӣ, дўзандагӣ ва ғайра дар ноҳияи Муъминобод бинобар сабаби ниёз доштани мардуми маҳаллӣ то ба имрўз идома дорад ва ҳунармандон дар давом додани ин ҳунарҳо фаъоланд. Онҳо дар интиқоли ҳунар аз аксаран меросӣ, ба таври аз модар ба духтар ва устоду шогирд ҳунари худро идома ва вобаста ба талаботи замон сайқал дода истодаанд. Инчунин муайян гардид, ки аллакай аз ҳисоби ҷавонон низ дар ҳунарҳои номбурда ҳунармандон омода гардидаанд. Бояд гуфт, ки ҳунармандони ноҳияи Муъминобод тавонистаанд беҳтарин намунаҳои ҳунари халқиро ҳифз намоянд. Бо ин кор онҳо бори дигар собит намуданд, ки ҳунарҳои мардумии ин минтақа беназиранд.

Чодардўзӣ

Дўхтани чодар дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҷумла, Кўлоб, Ҳисор, Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳо маъмул буда, навъҳои гуногуни онро медўзанд. Дар баъзе минтақаҳо чодарро бо номи“чимилиқ”,мешиносанд.

Чодар ҳамчун ҷиҳози хона дар рўзгори тоҷикон аҳамияти махсус дошта, онро маъмулан барои арўсон медўзанд. Он матои гулдори рангоранг ва дорои нақшу нигори мураккаб мебошад. Нақшҳои чодар аз шаклу намуди гулҳои рангаи кабуд, сабз, сиёҳ, сурх, зард ва ғайра таркиб меёбад. Баъзан нақши чодаррро бо ду ранг ҳам зинат медиҳанд, ки ин дар чодарҳои имрўза бисёртар дида мешавад. Масалан, ранги матоъро сурх, гулашро бо риштаи сафед, зард ё ягон ранги дигар бо мошинаи замонавӣ гулдўзӣ мекунанд. Маҳсулоти тайёрнамудаи ҳунармандони пештара нисбатан босифат ва зебо буд. Чодаре, ки гулаш аз ресмонҳои рангорангу зебанда дўхта шудааст, он дар байни матоъ намоён буда, ба матоъ тобишу зинати махсус медиҳад. Ҳунармандони моҳир инусулро моҳирона истифода бурда, матоъро ҷилодору хушнамуд месозанд. Ин усулро танҳо ҳунармандоне метавонанд истифода кунанд, ки рамзу маънии рангҳоро медонанд ва тахайюли бою рангин доранд. Дар ноҳияи Муъминобод бошад, чодардўзӣ яке аз бахшҳои муҳими санъати гулдўзӣ ва ҷиҳози арўсӣ ба ҳисоб меравад. Ҳангоми дўхтани чодари арўсӣ дуо мехонданд ва бахти сафедро барои навхонадорон талаб мекарданд.

Рўйҷо

Рўйҷо ё ҷойпўш, як навъ матоъи чоргўшаи гулдўзиест, ки шаби тўй ба рўи бистари хоби арўсу домод мепартоянд. Рўйҷо бештар дар байни аҳолии водиҳо маъмул буда, дар се тарафи он нақшҳои гуногун кашида, аз болояш гулдўзӣ мекунанд. Рўйҷо аз ҷумлаи кашидаҳоест монанди сўзанӣ, ҷойнамоз, болинпўш, зардеворӣ, сандалипўш, гаҳворапўш, ки барои арўс тайёр мекунанд  Рўйҷо имрўз қариб дар бештари ноҳияҳо дида намешавад. Ҷои онро рўйҷоҳои бо мошини юрмадўзӣ гулдўзишуда ё ҷойпўшҳои корхонавӣ гирифтаанд. Дар баъзе минтақаҳои кишвар рўйҷоро пештар ҳангоми бурданиа рўс ба хонаи домод аз болои рўймол ба сари арўс мепартофтанд, то рафта расидан рўяшро касе набинад. Ба ин хотир барои ҳар як наварўс рўйҷои   махсус дӯхта мешуд.

Рафидадўзӣ

Рафидадўзӣ навъе аз ҳунари анъанавии тоҷикон буда, дар бахши дўзандагӣ шомил аст. Рафида асбоби доирашаклест, ки барои часпонидани нон ба танўр истифода мешавад. Он ҳамчун асбоби рўзгор, асосан аз мушхор ё рафидахор, ё ин ки пашми гўсфанд, мағзӣ-қаламарезгӣ, матои махмалу сатин дўхта мешавад. Ҷараён ва усули дўхтани рафида чунин аст: хорро бо пашми гўсфанд ба таври даврашакл ҳамроҳ карда, дар болояш маторо монда медўзанд ва атрофашро бо мағзӣ оро ва мустаҳкам мекунанд. Дар минтақаи Хатлон атрофи рафидаро бештар ба воситаи қуроқ ороиш медиҳанд. Дар ноҳияҳои дигар бошад, рафидаи аз матоъпораҳо тайёршуда ба мушоҳида мерасад.

Мушоҳидаҳо нишон дод, ки дар аксари деҳотҳои ноҳияи мазкур эҳтиёҷи мардум ба як қатор ҳунарҳои миллии қадимӣ то имрўз васеъ боқӣ монда, ба он сару кор доранд.

Аз натиҷаи таҳқиқот маълум гардид, ки дар ноҳияҳои номбурда ҳунарҳои мардумӣ то як андоза ба таври фаъолу нимфаъол ҷараён доранд.Аз натиҷаи сафари корӣ ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумлаи чодардўзӣ, шерозбофӣ, рўймолдўзӣ, зардеворӣ ба таври нимфаъол боқӣ монда, хатари аз байн рафтани онҳо аз эҳтимол дур нест. Бо вуҷуди ин дар муқоиса бо ноҳияҳои Истаравшан, Ашт ва Шаҳритўс дар ноҳияи Муъминобод касбу ҳунарҳои дастӣ бештар ба назар расида, намунаҳои беҳтарини ин ҳунарҳо то ба имрўз ҳифз шудаанд.

Боиси таассуф аст, ки таваҷҷуҳи истеъмолкунандагон ба ҳунарҳои дастӣ хеле кам аст. Бо ворид шудани маҳсулотҳои корхонаҳои хориҷӣ роҳи фаъолияти ҳунармандони маҳаллӣ ҳам то андозае маҳдуд шудааст. Ҳол он ки ҳунармандон метавонанд аз ҳисоби меҳнаташон ҳам зиндагии хеш ва ҳам аз дигаронро беҳбуд созанд. Ба ин хотир бояд муносибати мардум ба анъанаҳои неки гузашта ба таври мусбат тағйир ёбад. Зеро эҳёи ҳунарҳои миллӣ имкон медиҳад, ки анъанаҳои мардумӣ ҳамаҷониба омўхта шавад ва асолати он кашф гардад.

Мақсаду манзури экспедитсияҳо ба вуҷуд овардан ва эҳё намудани ҳунарҳои халқӣ мебошад. Воқеан, ин қабил сафарҳо боис мешавад, ки касбу ҳунарҳои миллӣ аҳамияти умумихалқӣ пайдо кунад ва дар сайқал додани ҳунарҳои қадимӣ нақши муассир гузорад.

Лайло Носирова,
корманди Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва
иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон

барчасп: