Шамсиддин Орумбекзода - Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми дирӯз, 24-уми апрел шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2017”-ро ба Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов супурд.
Маросими ҷамъбастии ин озмун шоми дирӯз бо ширкати ҳунармандон ва тамошобинон дар театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд.
Маросими хайрбод бо Фестивал низ чун маросими оғози он бо садои дафу чанг ва карнайю сурнай ҳамроҳ буд. Толори пуродами театр аз садои кафкӯбии мухлисон ба ларза меомад. Дар ин театр ба муносибати пӯшида шудани озмун барномаи хуби консертӣ низ омода ва пешкаш шуд.
Шоҳҷоизаи «Парасту-2017» имсол насиби Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов барои намоиши «Дирафши ковиёнӣ» шуд. Ин намоиш аз рӯйи “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавӣ бо талош коргардони чирадаст Нозим Меликов ба саҳна гузошта шуда буд.
Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои намоиши “Пизишки паррон”-и Жан Молйер ҷойи аввалро ишғол кард. Ин намоишро ҳунарманди варзида Қурбони Собир ба саҳна гузошта буд.
Намоиши “Хонума”-и театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский соҳиби ҷойи дуюм ва ҷойи сеюм насиби Театри мусиқӣ мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд гардид. Ҳунармандони театри мазкур бо намоиши «Қалби зан»-и Э. Хушвахтов дар таҳияи Қ. Бобоҷонов дар Фестивал – озмун ширкат карда буданд.