Вохўрии як аскари тоҷик бо маршал Жуков

Таҷлили 72-солагии Ғалаба бар фашистони Олмон иди ҳамаи халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ мебошад. Аз ҷумла тоҷикон низ дар ин пирўзии бузург саҳми калон гузоштаанд. Аз он қаҳрамонони ҷонфидо, ки аз рўзҳои нахустини ҷанг баҳри дифои Меҳан бархоста буданд, имрўз шумораи ками аз набардҳо саломат баргаштаи онҳо ҳамроҳи мову шумо зиндагӣ мекунанд. Ин азизонро бояд мо аз ҳама ҷиҳат эҳтирому қадрдонӣ кунем ва аз нақлу ҳикоёти онҳо дарсҳои мардонагиро омўзем.
Даҳ сол пеш бо як нафар иштироккунандаи
Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сокини деҳаи Қулмундаи ноҳияи Ҳисор Мирзомаъдӣ Каримов ҳамсўҳбат шуда будам ва он сўҳбатро ба навори магнитофон сабт кардам, то ки аз он нақлу хотираҳои ҷанг дигарон низ баҳравар гарданд. Инак он кас дар қайди ҳаёт нестанд, аммо садои он касро ҳангоми нақли хотираҳои ҷанг мешунаваму ба мардонагию матонат ва ҷонбозиҳои ҳамватанонамон офарин мехонам. Худо арвоҳашонро шод гардонод.

Мирзомаъдӣ Каримов соли 1942 бо аскарони тоҷик аввал ба Бухоро рафта, 6 моҳ дар баталёни таълимӣ машқ мекунад

Сипас ба хатти фронт фиристода мешавад ва дар озод кардани шаҳрҳои Ворошиловград, Полтава, Харков, Киев мардонавор ҷангида бо пирўзиҳо ҳамроҳи ҳамяроқонаш ба Полша ва аз он ҷо ба Германия мегузаранд. Рўзи таърихии Ғалабаро дар як шаҳраки назди дарёи Элба пешвоз гирифтааст. Баъдтар дар шаҳри Потсдам, дар ҳамон қасре, ки Шартномаи Потсдам бо иштироки се сарвари мамлакатҳои соҳибқудрати иттифоқчӣ: И.В. Сталин (ИҶШС), Г. Трумэн (ИМА) ва У. Черчилл (Британияи Кабир)  имзо шуда буд, ўро посбон мегузоранд.

Аз миёни хотираҳои амаки Мирзомаъдӣ вохўрӣ ва сўҳбатҳояш бо маршали Иттиҳоди Шўравӣ Г. К. Жуков ҷолиби диққат мебошад, ки дар ин ҷо аз забони худи гўянда  қаҳрамони ҳодисаҳо онро ҳикоя мекунем.

«Соли 1946, 23-юми феврал дар Потсдам, дар ҳамон хонае, ки конференсияи маъруфи Потсдам гузашта буд, зиёфати калон бо иштироки сарфармондеҳони мамлакатҳои иттифоқчӣ ва сарфармондеҳони чанд давлати дигари Аврупо баргузор шуд. Дар дохили қаср офитсерҳо хизмат мекарданд ва маро дар назди дарвозаи асосӣ посбон монданд. Вақту соати муайян ҳамаи меҳмонони даъватӣ омадан гирифтанд. Сарфармондеҳи фаронсавиҳо омад, вале даъватномаашро фаромўш карда будааст. Дар дасти мо нусхаи даъватнома буд, аммо нусхаи вай набуд. Ўро ман иҷозат надодам, ки ба қаср ворид шавад. Баъд аз чанд вақт маршал Жуков сардори посбонҳоро мепурсад, ки: "чаро ҳамаи меҳмонон омаданду сарфармондеҳи фаронсавиҳо наомад? Дар дарвозаи берун кӣ посбонӣ дорад? Рафта пурсед, ки ў омадааст, ё не?”

 Сардори посбонҳо омада маро пурсид. Ман гуфтам, ки командири фаронсавиҳо омада буду даъватнома надоштааст, ман ўро иҷозат надодам, ки ба қаср дарояд ва ў боз гашта рафт. Сардори посбонҳо маро хеле коҳиш кард, ки "хато кардӣ, акнун мо гап мешунавем. Туро ҳабс мекунанд".

Ў инро гуфта боз вориди қаср шуд. Сардор мераваду ба гуфтан рўяш намешавад, лекин боз Жуков ўро мепурсад. Ҷавоб медиҳад, ки бале сарфармондеҳи фаронсавиҳо омада будаасту посбони дарвоза ўро, ки даъватнома надоштааст, роҳ надодааст. Жуков инро шунида чизе намегўяд, аммо сардори посбонҳо пагоҳаш омада боз маро ҷеғ зада гуфт, ки чаро ин тавр кардӣ? Ман гуфтам, ки "аз рўи устав рафтор кардам, кӣ медонад, ки вай ягон фармондеҳи даъватшуда аст, ё ягон душман?" Ҳамон ҷо маро хеле сарзаниш карданд.

Се руз пас, худи Жуков омад. Ман дар назди дарвоза посбон будам. Аз мошин фаромад ва ман даст ба пешона бурда, салом додам. Ба ҳавлии қаср даромаданӣ шуда, қафояшро нигоҳ кард ва ба ман гуфт, ки "ҳамон сарфармондеҳи фаронсавиҳоро ба қаср роҳ надодагӣ ту будӣ?". «Да, командующий» гуфтам ман.

- Аз кадом миллат ҳастӣ?»,- пурсид ў.

Гуфтам, ки тоҷикам. Дигар ҳеҷ чиз нагуфту даромада рафт. Пагоҳаш командирамон маро ба назди Жуков бурд. Жуков маро дида, ба старшина гуфт, ки ба ин кас сару либоси офитсерӣ медиҳӣ. Равад ҳаммом кунад, баъд назди ман биёед. Баъд рафтам, ҳаммом кардам, либосҳои офитсерию мўза доданд, пўшидам. Омада арз кардам, ки ман ба хизмат тайёр. Командир гуфт, ки ба хонаи Жуков рав он ҷо посбонӣ мекунӣ, худи Жуков гуфта будааст. Дар ҳавлии Жуков ҳамхизматони пешинаи ман посбонӣ мекардаанд, ман ҳам ба онҳо ҳамроҳ шудам. Аз соати чори бегоҳ то соати ҳашти шаб навбати посбонии ман буд, ки генерал Жуков аз штаб баргашт. Аз мошин фаромаду маро шинохта "Аз ин пас дар ҳамин ҷо посбонӣ мекунӣ", гуфт.

 Хонаи ўро се-чор моҳ посбонӣ карда будем, ўро ба вазифаи дигар гузарониданд ва ба ҷои ў маршал Соколовский омад. То соли 1948 посбони хонаи ў будам! Баъд Чуйков омад, ман ба посбонии хонаи ў гузаштам. Ҳамаи рафиқонамро ҷавоб доданд, маро боз як соли дигар нигоҳ доштанд. Баъди чанд муддат маро ба посбони хонаи сарфармондеҳи қушўнҳои танкӣ генерали армия Катюков равон карданд. Дар хонаи ў як сол посбонӣ кардаму баъд дар моҳи майи соли 1949 маро аз хизмат ҷавоб доданд».

Тавре ки аз хотираҳои амаки Мирзомаъдӣ маълум мешавад, маҳз ҳамон рафтори ў, яъне бе даъватнома роҳ надодани сарфармондеҳи фаронсавиро ба даруни қаср, ба генерал Г.К. Жуков писанд меояд ва ўро посбони хонаи шахсии худ таъйин менамояд. Дар ин муддат онҳо борҳо ҳамсўҳбат шуда буданд ва Жуков дар шахси як аскари тоҷик ҷавони содиқу вафодор, далеру ватандўстро мебинад ва бинобар ин ҳангоми аз Потсдам рафтанаш ўро ба Маршал Соколовский барои посбонии хонаи ў тавсия медиҳад. Соколовский низ пас аз хизмати дусолаи бовиҷдононаи М. Каримов ўро ҳамчун як афсари боэътимоду боваринок ба ҳамкасби худ генерал В. И. Чуйков барои хизмат мефиристад. Пас аз ин Чуйков дар навбати худ ўро, ки як офитсери ботаҷриба гашта буд, ба генерал Катюков А. тавсия медиҳад. Ҳамин тариқ як аскари тоҷик тавонистааст, ки дар зарфи се сол ба боварии сарварони воломақоми Артиши Шўравӣ сазовор гардад.
Чунин аст сарнавишти як нафар аскари тоҷик, ки дар рафти ҷанг ва пас аз ҷанг дар амнияти Ватан хизматҳои арзанда кардааст ва имрўз мо бо ифтихор аз ў ёд мекунем.

Дилшод Раҳимӣ,
Номзади илми филология

барчасп: