Фарҳанги мардумӣ омили худшиносии миллӣ

Дар ноҳияи Ашт чиликбозиро «алакбозӣ» ё «алакӣ-момокӣ», ланкабозиро «парбозӣ», мурғобишикорро «лаптабозӣ», подшоҳбозиро «кӣ ҷаллод?» ва ҷабпаракро «ҳамваҷаб», лухтакбозиро «ағобозӣ», сангчабозиро «қуйдбозӣ», сурсураконро «галабозӣ», гӯшмолакро «гӯшталобак» меноманд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ шароити мусоид фароҳам овард. Ин аст, ки имрӯз дар тамоми минтақаҳои кишвар марказҳои ҳунарҳои мардумӣ фаъолият намуда, дар он наврасону ҷавонон барои омӯзиш ҷалб гардидаанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро ҳастии миллат арзёбӣ намуда, баҳри рушду нумӯъи он пайваста дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки анъана, касбу ҳунарҳо, маросимҳо ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд. Бинобар ин мероси фарҳанги ғайримоддӣ ва ҳифзу гиромидошти он басо муҳим мебошад.

Мероси фарҳанги ғайримоддӣ, мутобиқи нишондоди Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки соли 2003 ба тасвиб расидааст ва аз бахшҳои анъанаҳои шифоҳӣ, санъати иҷроӣ, расму ойин, ҷашнҳо, таҷрибаву малакаҳои марбут ба касбу ҳунар ва донишу таҷрибаҳо оид ба табиату кайҳон иборат мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Конвенсияи мазкур дар ин самт хеле корҳо ва тадбирҳои муҳимро анҷом дода истодааст. Аз ҷумла, ба наздикӣ нахустин китоб аз силсилаи «Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик» тавассути нашриёти «Аржанг» аз чоп баромад, ки он натиҷаи экспедитсияҳои мардумшиносӣ ва санъатшиносии кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мебошад.

Мураттиб ва муаллифи пешгуфтору хулоса номзади илми филология, мардумшинос Д. Раҳимов буда, китоб аслан таҳқиқи маводи экспедитсиониро аз чор ноҳияи ҷумҳурӣ: Истаравшан, Ашт, Шаҳритӯс ва Муъминобод дар бар мегирад.  

Китоби мазкур аз пешгуфтор, шаш мақолаи илмӣ, хулосаву натиҷагирӣ ва замимаҳо иборат аст. Дар замимаҳо феҳристи ҳунармандон ва иҷрокунандагони намунаҳои фарҳанги ғайримоддӣ ва аксҳо фароҳам омадаанд. 

Ин маҷмўа фарогири мақолаҳои зерин мебошад: Раҳимов Д. – «Варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона бахше аз мероси фарҳанги ғайримоддӣ», Қличева Н. – «Рушди санъати рақси тоҷикон», Аминов А. – «Вазъи кунунии ҷашну маросимҳои анъанавӣ», Бердиева Ш, Ниёзова М. – «Мулоҳизаҳо доир ба вазъи имрӯзаи хӯрокҳои суннатии тоҷикон», Носирова Л. – «Назаре ба ҳунарҳои бонувон», Холмуродов З, Абдулвоҳидов П. – «Нигоҳе ба баъзе касбу ҳунарҳои мардумӣ».

Экспедитсияҳо дар ҳар як минтақа, мувофиқи «Барономаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020», гузаронида шудаанд ва пажӯҳишгарон аз усулҳои мушоҳида, мусоҳиба, пур намудани варақаҳои инвентаризатсионӣ, сабти видео, аудио ва аксбардориро истифода намуда,  ба ин ё он намуди ҳунарҳои мардумӣ машғул будани табақаҳои аҳолӣ инчунин, вазъи касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунарҳои иҷроиро дар даврони соҳибистиқлолӣ муайян кардаанд. Чунончи, ҳунари рӯмолчадӯзӣ дар ноҳияи Ашт, сангиосиётарошӣ дар ноҳияи Муъминобод, чармгариро дар шаҳри Истаравшан омӯхта, ҳамчун мероси фарҳанги ғайримоддии таҳти хатар қарордошта ба қайд гирифтаанд.  Муқаррар карда шудааст, ки чодардӯзӣ, шерозбофӣ, рӯймолдӯзӣ ва ҷиякдӯзӣ ба таври нимфаъол ҳанӯз боқӣ мондааст.

Варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона бошад, як ҷузъи мероси фарҳанги ғайримоддӣ буда, дар ҳар як ноҳия бо номҳои гуногун ё маҳалӣ маъмул мебошанд, яъне ҳар минтақа намунаҳои бозиҳои худро дорад. Масалан, «дар ноҳияи Ашт чиликбозиро «алакбозӣ» ё «алакӣ-момокӣ», ланкабозиро «парбозӣ», мурғобишикорро «лаптабозӣ», подшоҳбозиро «кӣ ҷаллод?» ва ҷабпаракро «ҳамваҷаб», лухтакбозиро «ағобозӣ», сангчабозиро «қуйдбозӣ», сурсураконро «галабозӣ», гӯшмолакро «гӯшталобак» меноманд». Аз натиҷаи тадқиқоти Раҳимов Д. бар меояд, ки аз бозиҳои анъанавии бачагона бештар чилакбозӣ, чормағзбозӣ, ланкабозӣ, сангчабозӣ, бандпарак, донакбозӣ, сурсуракон, сафедорбозӣ, рустшавакон дар аксарияти шаҳру навоҳии кишвар бештар маъмул ва фаъоланд.

Халқи тоҷик аз замони кадим бо касбу ҳунари худ дар миёни халқу миллатҳои дигар шӯҳрат дошт. Касбу ҳунар дар ҳаёти аҳли ҷамъият нақш ва мавқеъи асосӣ дорад аз ин ҷост, ки ҳунарманд тавассути он ҳам ниёзи мардумро қонеъ мегардонад ва ҳам ҳаёти маишии худро. Дар шароити имрӯза новобаста ба пешрафти илму техника ҳунару ҳунармандӣ ривоҷу равнақ ёфта, талаботи мардум нисбат ба он зиёд шуда истодааст. Чуноне ки муаллифони мақолаи «Нигоҳе ба баъзе касбу ҳунарҳои мардумӣ» Холмуродов З, Абдулвоҳидов П. қайд намудаанд «сабаби як андоза бардавом будани пешаи оҳангарӣ ниёз ва талаботи мардум ба маҳсулоти он аст. Аз маводи ба даст омада доир ба ҳунари оҳангарӣ дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Ашт, Муъминобод маълум гардид, ки ин ҳунар дар аксари минтақаҳои чумҳурӣ фаъол аст. Масалан, кордҳое, ки дар Истаравшан сохта мешаванд дар саросари ҷумҳурӣ ва берун аз он харидорони зиёде доранд. Инчунин бисёр асбобу олоти оҳании кишоварзӣ ва маишати рӯзгор дар дӯкони оҳангарӣ сохта мешаванд. Чунончи бел, каланд, досу болға, хаскашак, мех, тешаю табар ва дигар ашё маҳсули дастони оҳангаронанд».

«Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик» шумораи аввалини силсилакитоби муҳаққиқони ин соҳа  мебошад, ки дар он натиҷаи чор экспедитсияи мардумшиносӣ инъикос шудаанд. Ходимони пажӯҳишгоҳ тасмим гирифтаанд, ки дар оянда натиҷаҳои экспедитсия ба шаҳру ноҳияҳои дигарро дар шакли маҷмӯаҳои алоҳида ба табъ расонанд ва ба ин восита вазъи ҳунарҳои мардумӣ ва дурнамои онро муқаррар намоянд.

Китоби мазкур ба муаррифии фарҳанги суннатии тоҷикон, омўзишу пажўҳиш ва ҳифзи минбаъдаи онҳо мусоидат мекунад. Ҳангоми мутолиаи китоб хонанда аз рангорангии фарҳанг ва ҳунари қадимаи халқи тоҷик огоҳӣ меёбад.

Саховат Мирзоева,
ходими илмии ПИТФИ

барчасп: