КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТРО ФАЪОЛИЯТИ ЗАМОНАВӣ МЕБОЯД
Омўзишҳо нишон медиҳад, ки аксари муассисаҳои фарҳангӣ дар ҳолати буҳрони кадриву таҷҳизотӣ ва молиявӣ қарор доранд. Онҳо дар иҷрои вазифаҳои асосии худ, хусусан тарбияи насли наврас ба душворӣ мувоҷеҳ мегарданд. Ин ҳолат на танҳо фаъолияти китобхонаҳо, балки ба ташаккули фазои фарҳангиву маънавии бошандагони деҳот ва тарбияи насли наврас низ таъсири манфӣ мерасонад.
Тоҷикистон бо тамоми иқтидорҳои хеш имрўз наметавонад бо кишварҳои абарқудрат ва кишварҳое, ки аз лиҳози техникию иқтисоди имконияти бештар доранд, рақобатпазир бошад, зеро захоири зеҳнии замонавӣ кам дорад, ҳарчанд дар ин самт заминаҳо ба вуҷуд оварда шудаанд. Аз ҷумла, дар аксари минтақаҳои кишвар мактабҳои нави замонавӣ сохта, бо таҷҳизотҳои муосири таълимӣ ва иртиботӣ таъмин гардидаанд. Дар вохўрӣ бо зиёиён аз ҷониби Пешвои миллат арзёбӣ гардид, ки «Бо мақсади мустаҳкам намудани алоқаи илм бо истеҳсолот ва дар истеҳсолоти ватанӣ татбиқ намудани дастовардҳои илм ва технологияҳои инноватсионӣ дар Паём дастур дода будам, ки дар сохтори Академияи илмҳо Маркази татбиқи технологияҳои инноватсионӣ таъсис дода шавад» ва «Олимонро зарур аст, ки ба рушди минбаъдаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносиву техникӣ ва ба талаботи ҷомеа равона сохтани неруи илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, фаъолияти худро дар самти ихтироъкориву навоварӣ, ҳамчунин, ҷалби ҷавонони болаёқат ба корҳои илмӣ ва ихтироъкорӣ боз ҳам ҷоннок намоянд».
Имрўз яке аз боигарии асосии кишвар имконияти афзоиши нуфузи аҳолӣ мебошад, ки он аслан аз ҳисоби наврасону ҷавононро сурат мегирад. Тарбияи наврасону ҷавонон ва ташаккули захираи зеҳнии кишвар ба масъалаи ҳалталаби замони муосир табдил ёфтааст. Дар бунёди муассисаҳои ташаккулдиҳандаи захираи зеҳнӣ ва муҳайё кардани шароит ҷиҳати рушди онҳо, моро мебояд аз дастовардҳои беҳтарини кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ ва технологияи инноватсионӣ пешрафта самаранок истифода намоем. Чунин таҷриба дар ҷаҳони имрўза мавҷуд аст. Мисоли равшани он рушди кишварҳои аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945), харобгашта чун Ҷопон, Олмон ва кишварҳои ҷудогона, амсоли Сингапур аст, ки имрўз ин кишварҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми сазоворро соҳибанд ва ба даҳҳо кишварҳои рў ба рушд кумаки башардўстона мерасонанд.
Моро зарур аст, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар барои наврасону ҷавонон шароити мусоиди дастрасӣ ба иттилоот, хусусан ахбори навтарин оид ба дастовардҳои илмиву фаннӣ ва инноватсионӣ фароҳам орем. Ба ақидаи мо яке аз ниҳоди муҳими дар рўҳияи хештаншиносиву худогоҳӣ ва донишандўзӣ тарбия намудани насли наврас китобхона аст. Ҳарчанд ба фаъолияти китобхонаҳои кишвар таваҷҷуҳи давлату ҳукумат кам нест, аммо то ҳол на ҳамаи онҳо дар ин самт таъсиргузоранд, зеро ағлабашон аз авомили инноватсионӣ маҳруманд. Таҷдиду муҷаҳҳазнамоӣ ва таъминоти муассисаҳои фарҳангӣ, бахусус китобхонаҳо бо таҷҳизот ва технологияҳои замонавӣ ҳамчун проблемаи муҳимто ҳанўз боқӣ мондааст. Муассисаҳои фарҳангӣ натанҳо ба маънавиёти наврасон таъсир мегузоранд, балки тарбияи адабию фарҳангӣ, фалсафию иҷтимоӣ, илмию бадеӣ, ахлоқиву эстетикӣ ва ғоявию иттилоотии онҳо низ дар иртибот бо ин даргоҳ инкишоф меёбад. Гузашта аз ин робита бо китобхона дар дили наврасон меҳру садоқат ба ватан, арҷгузорӣ ба ниёгон, меҳнатдўстӣ, шинохти муқаддасоти миллӣ, истиқлолият ва ваҳдат, анъана ва расму оини аҷдодӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумиинсониро бедор менамояд. Пешвои миллат нақши муассисаҳои фарҳангиро дар тарбияи ҷаҳонбинӣ ва тафаккури насли наврас баланд арзёбӣ намуда таъкид намудаанд: «Рушди мунтазами соҳаи фарҳанг, ки ба беҳдошти дунёи маънавии инсон таъсири амиқ гузошта, ҷаҳонбиниву тафаккур, зеҳну шуур, майлу рағбати зебоиписандӣ ва ҳунари эҷодгариву анъанаҳои мардуми фарҳангсолори моро ташаккул медиҳад, дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад».
Аммо бояд иқрор шуд, ки вазъияти муассисаҳои фарҳангӣ, хусусан китобхонаҳо дар навоҳӣ ва деҳотӣ кишвар ба қадри кофӣ ҷавобгўйи талаботи замони муосир нест. Шояд ин норасоиро эҳсос намуда Сарвари кишвар дар вохўри бо зиёиён ба таъкид қайд намудаанд: «Бояд гуфт, ки ҳарчанд дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ доир ба беҳтар намудани вазъи фарҳанги миллӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдасти кўҳистон корҳои зиёдро амалӣ намудем, вале сатҳу сифати фаъолияти муассисаҳои фарҳангу фароғат ва фарогирии доираҳои гуногуни мардум ба чорабиниҳои фарҳангӣ ҳанўз ҳам беҳбудӣ мехоҳад». Сарвари кишвар дар назди фаъолони иҷтимоӣ масъала гузошта афзуданд, ки «ҷомеашиносон бояд равандҳои зикршударо фаъолона таҳлил карда, оид ба ҷанбаҳои гуногун ва оқибати онҳо ба амнияту суботи давлат ва ҷомеаи мо андешаву хулосаҳои асоснок пешниҳод намоянд».
Маълум аст, ки дар тарғибу ҳадафҳои ғоявӣ сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар радифи васоити ахбори омма муассисаҳои фарҳангӣ, хусусан китобхона низ аз минбари муҳим маҳсуб меёбад. Китобхонаҳо дар масири таърих мақоми сазовореро касб намуда, ба ҳазорҳо эҳтиёҷмандон содиқона ёрии беғаразона расонида, дар рушди бемайлони ҷомеаи инсонӣ нақши муҳим гузоштаанд. Шахсиятҳои шинохтаи замон ба ҳайси Китобдор интихоб гашта, китобдорӣ касби пурифтихор ҳисобида мешуд.
Китобхонаҳои имрўза аз китобхонаҳои қарнҳои гузашта бо хусусиятҳои хоси худ, хадамотҳо ва таҷҳизоту технологияҳои муосир фарқ мекунанд. Барои китобдор шудан имрўз танҳо соҳибсавод ва ё олими ин ё он риштаи илм будан кифоя намекунад. Китобдорӣ имрўзара мебояд аз равандҳои гуногуни омода ва пахши иттилоот бо тамоми шаклу намудҳои хос баҳравар бошад, фаъолияти хадамотҳои маълумотӣ, библиографӣ ва иттилоотиро ба роҳ монда тавонад, бо таснифотҳои библиографии аснод ошноӣ дошта, аз ҷараёнҳои коркард, ҷобаҷокунӣ, таснифот, гурўҳбандӣ, ҳифзу нигоҳдории мавод бохабар бошад. Ба осонӣ аз захираҳои анъанавӣ, электронӣ ва маҷозии ҷаҳонӣ истифода намуда тавонад, бо барномаҳои махсуси китобдорӣ (IRBIS ALEF ва ғайра) ошно бошад, ба эҳтиёҷмандон маълумоти саҳеҳ ва пурра расонида, аз уҳдаи тафриқнамоӣ ва таъмини эҳтиёҷоти иттилоотии хонандагон барояд. Хадамоти иттилоотӣ, методӣ ва библиографиро тавассути васоити анъанавӣ ва электронӣ ба роҳ монад, роҳбарии корҳои методӣ ва библиографии китобхонаро ба дўш гирад, иттилооти арзишмандро аз дохили садҳо иттилооти дигар интихоб намояд, муносибатҳои иттилоотии китобхонаро бо дигар китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳамоҳанг созад, ба хониши наврасон ва ҷавонон роҳбарӣ карда тавонад, фаъолияти анъанавии китобдорӣ ва иттилоотиро дар китобхонаи хеш ба роҳ монад, аз эҳтиёҷоти хонандагон ҳамеша бохабар ва дар роҳи таъминоти онҳо кўшад. Дар китобхона гурўҳҳои гуногуни хонандагони донишандўзро ташкил диҳад, чорабиниҳои гуногунро баҳри тарғиби асноду иттилоотҳои мавҷуда роҳандозӣ намояд, дар баланд бардоштани касбият ва такмили ихтисоси худ бикўшад. Бо фонди китобхона ҳаддалимкон пурра ошно бошад ва роҳҳои тарғиби маводи иттилоотии китобхонаро донад, бо ду се забони хориҷӣ гуфтугў карда тавонад. Танҳо дар ин сурат ў метавонад дар хидмати хонанда ба мақсад бирасад.
Вазифаи муҳими китобхонаҳо тарғиби сиёсати имрўзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани савияи донишҳои табиатшиносӣ, илмҳои дақиқу ҷомеашиносӣ, дараҷаи забондонӣ ва такмили маънавиёту фарҳангии мардум, хусусан насли наврас аст. Дар интихоби касбу кор ва забономўзии насли наврас китобхонаҳо мавқеи муҳим ва имконоти хуб доранд. Китобдор вазифадор аст дар нақшаи солонаи хеш оиди ташкили ин ё он намуди касб, ҳунар, санъат ва забон чорабиниҳои гуногунро ҷой диҳад ва дар давоми сол онро амалӣ созад, бо муносибати хуб хонандагонро ба китобхони ҷалб намояд. Малакаи ҷалби хонандагони хурдсол, кўдакон ва наврасон ба хониш барои китобдорони касбӣ тавассути фанҳои махсус дар факултаи китобдории ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода омўзонида мешавад. Аз ин рў, хуб мешуд, ки дар китобхонаҳои деҳот бештар мутахассисони касбиро ҷалб намуда, барои кору фаъолияти онҳо шароити созгор омода созем. Ин таъкид бештар ба раисони ноҳияҳо ва ҷамоатҳо дахл дорад, чунки дар акси ҳол аксари бошандагони ноҳияҳо аз имконияҳои мавҷуда ва захираи китобхонаҳо бебаҳра мемонанд.
Пурсишҳои сотсиологӣ нишон медиҳад, ки дар кори китобдории ҷумҳурӣ ду тамоюли носолим реша медавонад. Тамоюли аввал ба кор ҷаб шудани шахсиятҳои ғайритахассус аст. Ин тоифа бештар кўшиш менамоянд, ки ҳампешагони худро ба кор ҷалб намоянд. Кормандони хоҳу нохоҳ дар зери роҳбарии онҳо наметавонанд пурра вазифаҳои касбӣ ва уҳдадориҳои тахассусиашонро ба сомон расонанд. Аз ин усули таъйиноти кадрӣ китобхонаҳои поёнӣ низ зарар мебинанд. Чунончи тамоми китобхонаҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва деҳотӣ имрўз аз маводи илмию методӣ ва библиографию иттилоотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бебаҳра мондаанд. Ҳол он ки пештар аз ҷониби Китобхонаи давлатии оммавии ба номи Фирдавсӣ ин гуна мавод таъмин мегардид. Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ маркази илмӣ ва методӣ маҳсуб меёбад ва он бояд назорати пурраи китобхонаҳои ҷумҳуриро ба уҳда гирад. Имрўз китобхонаҳои оммавии ҷумҳурӣ зери тобеияти Вазорати фарҳанг ва китобхонаҳои илмӣ, соҳавӣ, макотиби олӣ ва миёна берун аз назорати Китобхонаи миллии Тоҷикистон қарор доранд ва онҳо аз ёрии илмию методӣ ва библиографӣ бебаҳраанд. Ин тамоюли манфӣ ба китобхонаҳои оммавии ҷумҳурӣ таъсир гузошта, ки дар дуроҳаи будану набудан қарор доранд. Тамоюли дуюм ба тобеияти ҳукумати ноҳияҳо вогузоштани китобхонаҳои деҳот мебошад, ки дар роҳи инкишофи онҳо мушкилот эҷод намудааст. Аз ҷумла, оид ба масаъалаи таъминоти китоб, матбуоти даврӣ, таҷҳизот, маош, таъмири биноҳо, хариди технологияи нав, тайёр намудани кадрҳои китобдорӣ, курсҳои такмили ихтисоси касбӣ, иштирок дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, ки маблағгузориаш ба ҳукумати ноҳияҳо вогузор шудааст, касе назорат намекунад. Ин ҳолат фаъолияти китобхонаҳои маҳалро ба касодӣ овардааст. Аз маълумоти пурсишномаҳо бармеояд, ки ғайр аз маош ва қисме аз хароҷоти китобхонаҳои марказии ноҳиявӣ ба фаъолиятҳои дигари китобхона, хусусан барои харидани китобҳои нав аз ҷониби ҳукумати ноҳияҳо қариб таваҷҷуҳ намешавад. Таъминоти китобхонаҳои деҳот бо китоб ва матбуоти даврӣ дар сатҳи паст қарор дошта, ағлаби фонди китобхонаҳоро адабиёти замони шўравии ғояи худро гум карда ташкил медиҳанд. Қисми бештари чунин адабиёт бо забони русӣ буда, талқинкунандаи ғояи замони шўравианд. Дар бораи таҷҳизотҳои нав ва технологияи муосири иттилоотӣ ҳарф задан душвор аст. Дар ҳоле, ки беш аз 60% наврасон дар деҳот ҳаёт ба сар мебаранд ва тарбияро дар муҳити он мегиранд. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки мо чи тавр дар бораи тарбияи солими насли наврас ҳарф занем. Дар деҳот аз муассисаҳое, ки ба тарбияи насли наврас муваззафанд, имрўз танҳо мактаб боқӣ мондааст. Дар авқоти холӣ, рўзҳои таътили зимистона ва тобистона кўдакон ва наврасон аз истифодаи самарноки донишандўзӣ маҳруманд.
Омўзишҳо нишон медиҳад, ки аксари муассисаҳои фарҳангӣ дар ҳолати буҳрони кадриву таҷҳизотӣ ва молиявӣ қарор доранд. Онҳо дар иҷрои вазифаҳои асосии худ, хусусан тарбияи насли наврас ба душворӣ мувоҷеҳ мегарданд. Ин ҳолат на танҳо фаъолияти китобхонаҳо, балки ба ташаккули фазои фарҳангиву маънавии бошандагони деҳот ва тарбияи насли наврас низ таъсири манфӣ мерасонад.
Набудани китобҳои нав, матбуоти тозанашр, таҷҳизотҳои замонавии дастрасӣ ба бойгониҳои электронии китобхонаҳои деҳот ҷозибияти худро гум кардаанд. Мардуми деҳот ба китобхонаҳо иртибот надоранд, чунки бо мазмуни китобҳои мавҷуда аллакай шиносанд. Аз тарафи дигар, китоб ҳамчун манбаи илму фарҳанг ва маънавиёт моҳияти хешро аз даст дода, ҷойи онро интернет, филмҳои гуногуни хориҷӣ ва бозиҳои гуногуни компютерӣ гирифтааст. Кўдакону наврасон бо таъсири филмҳо ва тарғиби гурўҳҳои гуногун аз анъана ва расму русуми миллӣ дур мегарданд, аз ба маънавиёт ва фарҳанги бегона тақлид мекунанд, бо таъсири интернет аз таблиғоти ҳизбу ҳаракатҳои бегона, ифротгароёну гурўҳҳои террористӣ бархўрдор ва бо наворҳои фисқу фуҷур рағбат пайдо менамоянд. Пеши роҳи ин тамоюлро гирифтан вазифаи муҳими ҷомеа, хоса масъулин аст. Китобхонаҳои деҳоти кишвар аксар ҳусни дилрабо надоранд, балки дороиашон асосан девори похсагии бобоӣ ва рафҳои чубини фарсуда аст. Наврасони мо имрўз тавассути телевизион ва синамо бо дастоварҳои замонавӣ ошноӣ пайдо мекунанд ва диққати онҳоро биноҳои замонавии бо таҷҳизоту технологияи пешқадам муҷаҳҳазонидашуда, ҷалб мекунад. Дар сохтори китобхонаҳои деҳот мавҷудияти толори нигоҳдории захираи китобӣ, толори хизматрасонӣ, толори электронӣ ва толори ҷаласаҳо ҳатмӣ аст. Толорҳо бояд бо китобҳои тозанашр, компютеру телевизорҳои рақамии бо шабакаи интернет пайваст, тахтаҳои электронӣ муҷаҳаз бошанд, ки ҳангоми зарурат хонанда ва ё корманди дигар аз онҳо истифода намояд. Хуб мешуд, ки вохўриҳо, ҷаласаҳо ва чорабиниҳои муҳими бошандагони деҳот дар толори китобхона баргузор мегардид.
Аксари муассисаҳои фарҳангии деҳот бо иллати мушкилиҳои иброзгашта вазифаашонро наметавонад ба пуррагӣ иҷро намоянд. Пас чӣ бояд кард?.
Дар аввал мебояд марказҳои маърифатии деҳотро бо таҷдиди сохтор ва таҷҳизоту маводи зарурӣ таъмин намоем. Баъдан ба тарбияи мутахассисони ҷавони самти китобдорӣ ва фароғати аҳолӣ, ки саҳмгузорандагони захоири инсонӣ хоҳанд шуд, эътибори ҷиддӣ диҳем.
Зарурати ба шакл даровардани захираҳои зеҳнӣ тақозои менамояд, ки соҳаи фарҳанг ба самтҳои стратегии кишвар дохил гаодида, барои рушди он барномаҳои мақсадноки дарозмуддат қабул ва аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузорӣ шавад. Дар ин самт таваҷҷуҳи бештар ба рушди муассисаҳои фарҳангии деҳот, таҷдиди сохтори онҳо, таъминот бо таҷҳизоти муосир, дастраси ба маводи методию роҳбарикунанда, дастгирии молиявии мутахассисони ҷавон, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани такмили ихтисос, бозомўзии касбӣ, фароҳам овардани шароит баҳри таҷрибаомўзи дар кишварҳои дигар, таҳсил дар аспирантура ва докторантура бояд шавад.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази илмию методии тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар тарбияи мутахассисони касбӣ, олимони соҳа ва ба ин васила таъмин намудани тамоми китобхонаҳои кишвар бо маводи илмӣ, методӣ, библиографӣ ва иттилоотӣ саҳмгузор бошад. Дар сохтори он таъсиси Пажўҳишгоҳи соҳавӣ, Академияи китоб, Сарредаксия оид ба таъминоти иттилоотии китобхонаҳои ҷумҳурӣ, манфиатбор аст.
Дар ин самт бояд шароит муҳайё намоем то сармоягузорони ватаниву хориҷӣ бештар ҷалб шаванд. Ба кормандони муассисаҳои фарҳангӣ дар пардохти андоз, таъминот бо ҷойи зист, маоши хуб ва корҳои инфиродӣ имтиёзҳо муҳайё кардан ба манфиати рушди соҳа хоҳад шуд. Бархе аз мутахассисони касбӣ баъди хатми факултаи китобдории ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода тарки касби асосӣ менамоянд, ки сабаби асосиаш маоши паст, набудани шароити созгор барои зист ва фаъолияти касбӣ аст.
Дар ташаккули захоири зеҳнӣ ва тарбияи насли наврас дар деҳоти ҷумҳурӣ китобхона нақши муҳим гузошта метавонад. Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан иқдомҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа нек аст, танҳо масъулини поёниро зарур аст, ки дар кори худ масъулиятхоҳ бошанд.
Қ. Бўриев,
М. Муродӣ