Рӯзи Мавлоно муборак бошад!
Чоп шуд: 30/09/2017Имрӯз-30 сентябр Рӯзи ҷаҳонии Мавлоност. На танҳо дар қаламрави форсигӯён, балки дар олам аз ин рӯз таҷлил мешавад.
Мавлоно Мавлавии Балхӣ аз ҷумлаи шуаро, сӯфии покманиш, донишманди варзидаи ирфон, солики роҳи Ҳақ ва яке аз пуршигифттраин шахсияти таърихи башар як рӯи таърихро ба худ ихтисос додааст.
Дар “Маноқиб-ул орифин”-и Аҳмади Афлокӣ омада:
Дар ҷамиъи олам се чиз ом буд, чун ба ҳазрати Мавлоно мансуб шуд, хос гашт...