Имрӯз-30 сентябр Рӯзи ҷаҳонии Мавлоност. На танҳо дар қаламрави форсигӯён, балки дар олам аз ин рӯз таҷлил мешавад.
Мавлоно Мавлавии Балхӣ аз ҷумлаи шуаро, сӯфии покманиш, донишманди варзидаи ирфон, солики роҳи Ҳақ ва яке аз пуршигифттраин шахсияти таърихи башар як рӯи таърихро ба худ ихтисос додааст.
Дар “Маноқиб-ул орифин”-и Аҳмади Афлокӣ омада:
Дар ҷамиъи олам се чиз ом буд, чун ба ҳазрати Мавлоно мансуб шуд, хос гашт...
Аввал китоби “Маснавӣ” аст, ки ҳар ду мисраъро маснавӣ мегуфтанд, дар ин замон чун номи маснавӣ гӯянд, ақл ҳукм мекунад Маснавии Мавлоно ст.
Дуввум ҳама уламоро мавлоно мегӯянд, дар ин ҳол чун номи Мавлоно мегӯяннд, ҳазрати ӯ мафҳум мешавад.
Саввум ҳар гурхонаро турбат мегуфтанд, ҳоло чун ёди турбат мекунанд марқади Мавлоно, ки турбат аст, маълум мешавад.
Ба муносибати ин рӯз шарҳи як ҳикоят аз “Маснавии маънавӣ”-ро аз донишманди тоҷик Обид Шакурзода мегузорем ва бастагону дӯстдорони Мавлоноро муборакбод мекунем.
ХАР БИРАФТ! ХАР БИРАФТУ ХАР БИРАФТ!
Бишнавед, эй дӯстон, ин достон,
Худ ҳақиқат нақди ҳоли мост он!
Ин ҳикоят дар Дафтари дувуми «Маснавӣ» бо унвони «Фурӯхтани суфиён баҳимаи мусофирро ҷиҳати самоъ» дар қабои танз, метавон гуфт, дар қабои танзи дудама ва то ҳадде бо силки содаву ҷаззоб, аммо бо рамзу кинояи пардадору печидаву ибратомӯз омадааст. Мазмуни ҳикоят агарчи, бино бар ишораи баъзе аз шореҳони «Маснавӣ», ривоёти араб маншаъ гирифтааст, аммо ҳич як аз ровӣ ё адиби тозию форсӣ онро ҳамчун Мавлоно зебову зарифу фараҳафзо нагуфтаанд. Шоёни зикр аст, ки «Маснавӣ» на аз баҳри танзу ҳазлу мутояба гуфта шудааст, балки ин асар достони рози соликон, номаи орифон, китоби ошиқони маърифат ва равзаи ҳикмату ирфону тариқат аст. Ҳазрати Мавлоно дар «Маснавӣ» мекӯшад, ки аз ҳақиқат дам занад ва дар ин зовия рамзу розҳое боз мекунад, рӯ ба ҳаводису достонҳои гуногуни ишқию ирфонию иҷтимоӣ меоварад, аз тамсилҳову истиъороту талмеҳоти мутанаввиъ кор мегирад ва гоҳе ҳам дар чаҳорчӯби танзу ҳаҷв хок бар сари гумроҳону ғофилони зиндагӣ мезанад. Мисли ин саргузашт, ки аз моҷарои суфие мусофир бо суфиёни хонақоҳе иқтибос шудааст.
Суфие дар хонақоҳ аз раҳ расид,
Маркаби худ бурду дар охур кашид!
Ҷаззобияти достон низ маҳз дар ҳамин аст, ки тимсоли аслии он як суфӣ аст, на каси касбу кору пешаи дигар. Ин суфӣ аз дору мадор харе дорад ва иттифоқан мехоҳад, хонақоҳ ояду шабро бо ибодату тоъату зикри Худо рӯз кунад. Хонақоҳ ҳам (ин лафз форсӣ аст – «хонагоҳ», ки ба гунаи «хонақоҳ» арабӣ шудааст) ибодатгоҳ ва низ сарпаноҳи дарвешону дарроҳмондагон бувад, ки аз ҳар ноҳияву аз ҳар мазҳаб дар сайру саргардониҳои хеш дар хонақоҳҳо мақом кунанд.
Аммо баъдан маълум мешавад, ин раҳгузар чандон суфие нест, содаи суфинамосту ошиқи худнамоӣ; дар пиндораш ҳар хирқапӯшу ҳар хонақоҳнишин зоҳиди поку солики роҳи рост аст. Ва бо ҳамин нақси андешаву пиндори хом дар каманди найранги дигар суфинамоҳое меафтад, ки батар аз роҳзанонанд. Ҳосили калом, ӯ аз роҳ расиду маркабашро дар охур барбаст ва ходими хонақоҳро таъкид кард, ки онро хуб нигоҳубин кунад, Ӯ худ
Обакаш доду алаф аз дасти хеш,
На ончунон суфӣ, ки мо гуфтем пеш!
Бале, пеш аз ин ҳикояти суфие омада буд, ки аз чарбзабонийю лутфи дурӯғини ходими айёри як хонақоҳ наздик буд, ки хараш бимирад (дар абёти 204–250-и ҳамин дафтари «Маснавӣ»). Аммо ин суфӣ аз роҳи иҳтиёт қадам бардошт, то маркабро талаф надиҳад. Ҳайҳот, ки чун қазо ояд, иҳтиёт ба кор наояд! Зеро
Суфиён тақсир буданду фақир,
Кода фақрун ан йаъӣ куфран йубир!
Мисраъи дувум ишора ба ҳадиси маъруф дорад: «Кода-л-фақру ан йакуна куфро», яъне «Наздик аст, ки фақру камбағалӣ ба куфру носипосӣ анҷомад». Зимнан, ин ҳикоя аз сӯе ҳам ҳовийи ин ҳадис низ ҳаст. Зеро суфиён (мисраъи аввали ин байт) тақсир (кутаҳу кутаҳдаст)-у тиҳидаст буданд ва фақр (мисраъи дувум) ба куфр наздик аст, куфри нобудгар! Аз ин рӯ –
Ай тавонгар, ки ту серӣ, ҳин маханд,
Бар кажиййи он фақири дардманд!
Ай тавонгар (доранда), инак ту, ки сер ҳастиву ба чизе иҳтиёҷ надорӣ, ба ҳоли ин гуна фақирони пойкаҷгузорандаи дардманд маханд! Мавлоно ишорати зарифе мекунад, ки маҳз алилу дардманд тан ба ҷурму ҷиноят медиҳад; инсонҳои озодаву бошараф дар ҳар ҳолат ба обрӯю ҳайсияту номи неки хешу хонавода беиътино нестанд.
Ҳамин тавр:
Аз сари тақсир он суфирама,
Харфурӯшӣ дар гирифтанд он ҳама!
Бале, дод аз дасти фақру фарёд аз деви нафс, ки фақр беамон бехи имон меканад ва ин нафси бадфармой куфри мудом мепарварад! Бо дидани маркаби чоқу чаҳорабзори меҳмон, суфиён шукрона гиребон мушт карданд, ки «Ризқакум фӣ-с-самои Ҳаққоно»! Ва ҳамраъйу ҳамовоз, ба ин тасмим расиданд, ки харро бифурӯхту шамъи базму тараб барафрӯхт!
Ҳам дар он дам он харак бифрӯхтанд,
Лут оварданду шамъ афрӯхтанд!
Валвала уфтод андар хонақаҳ,
К-имшабон луту самоъ асту шараҳ!
(ЛУТ – анвоъи таъомҳои лазиз; таъоми хонақоҳ; таъомҳое, ки дар нони тунук (чопотӣ) печанд).
САМОЪ – дар луғат ба маънои шунидан аст, аммо дар истилоҳи суфиён иборат аст аз хондани овозу таронаи ирфонӣ (маъмулан бо дафу наю танбӯру рубоб) аз ҷониби як ё якчанд нафар ва шунидану ба шӯру ваҷд омадани дигар ҳозирони маҳфил. Замзамаи орифон маъмулан ба ваҷду рақс меанҷомад.
ШАРАҲ– ин ҷо ба маънои пур хӯрдан.
Ҳамин тавр, мискин харак савдо шуду дар хонақоҳ шӯре барпо. Суфиён сабук оҳ кашиданд, ки имшаб то дари ду бинӣ хоҳем хӯрду то уфтодан аз по, хоҳем самоъ рафт! Охир, то чанд кашкулдаркамарию дарбадарию дарюза ва точанд нийяти рӯзаи серӯза (ба тасаллои нодорию иҳтиёҷ)?! Мо ҳам инсон ҳастему нафсу ҷон дорем! Ва аз иқболамон, имшаб атои Худо (меҳмоне) расидааст!
В-он мусофир низ аз роҳи дароз,
Хаста буду дид он иқболу ноз.
Суфиёнаш як ба як бинвохтанд,
Нарди хидматҳои хуш мебохтанд.
Гуфт, чун медид майлоншон ба вай:
«Гар тараб имшаб нахоҳам кард, кай»?
Суфиён даст ба қимори лутфу навозиш зада буданд; бо булбулгуфторӣ гӯши меҳмонро бо авсофи осмонӣ гарм карданд. Марди роҳи содадил дона медиду ғофил аз доми ин гушнамастон буд. Дар рӯбарӯ навозишаш карданд ва дар ғиёб ба хиёнати молаш созиш. Аз ҳосили савдои маркаб нуқлу навои айш расид. Соъате ҳам деги кабобу кӯфта тасфид, бар рӯйи хон анвоъи хӯрданиҳои лазиз ҳозир гашт. Пас, ҳамагӣ бо иштиҳо лут хӯрданду он гаҳ камар ба ҳангомаи самоъ барбастанд. Оваҳ! Баъди ин нуқлу таъоми шоҳона, чӣ самоъе! Аз ваҷди пойкӯбию шӯру иштиёқ дуду гард то сақфи хонақоҳ сар кашид. Суфиён сармаст «Ё ҳу!» мезаданду «Тананҳо ё Ҳу»! Дасти ба даст бо шавқ мехиромиданду бо шафаъ мечархиданду бодосо давр мезаданд, ба он ҳадд ки сар аз по намешинохтанд.
Дуди матбах гарди он покӯфтан,
З-иштиёқу ваҷд ҷон ошуфтан!
Гоҳ дастафшон қадам мекӯфтанд,
Гаҳ ба саҷда суффаро мерӯфтанд!
Аз тамошои чунин саҳнаи ҳамоқат оё чунин пурсише пеш намеояд, ки суфӣ кӣ аст, магар ин рамаи ишкамбораи молимардумхӯр? Дар ин маврид ҳазрати Мавлоно чунин таъриф мекунад:
Дер ёбад суфӣ оз аз рӯзгор,
З-он сабаб суфӣ бувад бисёрхор.
Ҷуз магар он суфие, к-аз нури Ҳаққ,
Сер хӯрд, ӯ фориғ аст аз нанги даққ!
Аз ҳазорон андаке з-ин суфиянд,
Боқиён дар давлати ӯ мезиянд!
Бале, суфиён ҳама аҳли ҳақиқат нестанд, аз ҳазор нафари ин мураққаъпӯши азрақпираҳан яке суфии асил аст – шикастанафс, бо тамкину виқору дил ба Ёр, қонеъ ба ним нони кулбаи фақр, ки ба боду буни ин дунёи гузаштанӣ хандаду ба айшу нӯши дунёӣ дил набандад! Дигарон резахӯри хони ӯянд.
Давоми достон
Он гоҳ, ки самоъ дар ҳавои найу даф ба поён расидан гирифт, мутриби суфиён шуруъ кард ба замзамаи як зарби вазнину мутантан:
«Хар бирафту хар бирафт» оғоз кард,
З-ин ҳарорат ҷумларо анбоз кард!
Яъне мутриб бо ҳиссу ҳаяҷон замзамаи «Хар бирафту хар бирафт» оғоз кард ва аз гармии садои вай суфиёни хонақаҳ ҷумла бо ӯ ҳамовоз гаштанд – «Хар бирафту хар бирафту бирафт! Хар бирафт!»
З-ин ҳарора пойкӯбон то саҳар,
Кафзанон, «Хар рафт, хар рафт, ай писар»!
Ва:
Аз раҳи тақлид он суфӣ ҳамин,
«Хар бирафт» оғоз кард андар ҳанин!
Яъне он суфии мусофир низ, аз дунё бехабар, бо тақлид аз эшон шуруъ кард ин ҳанин (сурудхонӣ)-ро пурҳаяҷонтару аз умқи ҷону дил – «Хар бирафту хар бирафту хар бирафт»!
Чун гузашт он нӯшу ҷӯшу он самоъ,
Рӯз гашта, ҷумла гуфтанд: «Ал-вадоъ»!
Бад-ин тариқ, шаб рафту саҳар омад ва суфиён якон-якон бо меҳмони мусофир падруд гуфта, парешон шуданд ба чор атроф. Ин суфӣ низ бисоти хеш ғунд дошту тараддуди сафар кард, аммо дар тавила хари худро пайдо накард. Ба худ гуфт, ки шояд ходими хонқоҳ вайро обхӯрдан бурда бошад. Аммо –
Ходим омад. Гуфт суфӣ:«Хар куҷост»?
Гуфт ходим:«Риш бин»?! Ҷанге бихост!
Яъне, «Ай ходим, ку хари мо»? Ходим бо таъаҷҷуб ба рӯяш бингаристу гуфташ: «Бобо, ин чӣ суол? Даст ба ришат бар! Бо ин риши гундаву бо ин синну сол оё шарм надорӣ, ки ин гуна пархош мекунӣ? Магар дишаб зиёфате нахӯрдӣ? Ва он нуқлу наво оё ҳама муфт буд? Ҳама аз пули хари ту, ки фурӯхта шуда буд, муҳайё гашт»!
Шиддати моҷаро болотар рафт. Суфӣ итоб кард, ки «Ҳой ходим, ин на шарти инсоф аст, ки амонатро хиёнат кунӣ! Молро пешат нагузошта будам, ки бифрӯшияш! Хари маро боз деҳ, вагарна ба ҳокими шаръ шикоят мебарам»! Ходим посух дод, ки «Ай бародар, ман дар миёни галлаи гургони гурусна афтода будам, намешуд аз амрашон сар кашам, вагарна маро мекуштанд. Аҷаб мардуме будаӣ»!
Ту ҷигарбанде миёни гурбагон,
Андар андозийю ҷӯйӣ з-он нишон?!
Дар миёни сад гурусна гирдае,
Пеши сад саг гурбайи пажмурдае!
Ҷигарбанд– маҷмуъи дилу ҷигару шушу сипурз, ки бо нойи гулӯ овехта шуда бошад.
Яъне ту ҷигарбандро миёни гурбаҳо ҳавола диҳию боз умед ба мондани он кунӣ. Ҳайҳот, ки як нони гирда дар миёни сад гурусна ба он монад, ки гурбае оҷиз дар миёни сад саг бошад!
Суфӣ хашмгинтар гашту нидо кард, ки агар бими ҷонат буд, пас чиро наёмадию ноаён огоҳам кунӣ, ки ай бенаво, харатро доранд мебаранд?! Ҳоло ҳама пароканда шуданд, акнун гиребони киро бигирам ва киро пеши қозӣ бибарам? Аммо ходим:
Гуфт: «Валлаҳ омадам ман борҳо,
То туро воқиф кунам з-ин корҳо.
Ту ҳамегуфтӣ, ки хар рафт, ай писар,
Аз ҳама гӯяндагон бозавқтар!
Боз мегаштам, ки ӯ худ воқиф аст,
З-ин қазо розист, марди ориф аст»!
Яъне «Ба Худо, ки чанд бор омадам, то аз ин дасисаву найранг огоҳат кунам. Аммо, ай марди Худо, ту аз дигарон пуршӯртар замзамаи «Хар бирафт» сар медодӣ. Аз раъям мегаштаму ба худ мегуфтам: аҷаб марде вораставу сахию пуриҳсоне будааст»!
Ҳоло парда афтиду асли моҷаро рӯй зад. Суфӣ ангушти надомат ба лаб бурду завқи зикри дишабаро ба ёд овард.
Гуфт: «Онро ҷумла мегуфтанд х(в)аш,
Мар маро ҳам завқ омад гуфтанаш.
Мар маро тақлидшон барбод дод,
Ки дусад лаънат бар он тақлид бод»!
Тамоми бори достон бар рӯйи мисраъи дувуми байти охир аст – «КИ ДУСАД ЛАЪНАТ БАР ОН ТАҚЛИД БОД»! (Лафзи «дусад» дар ин ҷо баёнгари шумори зиёд аст – дусадҳо, дусадҳазорҳо). Аз ин рӯ, мабодо муддаъие сар набардорад, ки Пири Балхӣ хонақоҳро лонаи фанду фиребу суфиро найрангбозу фиребгар қаламдод карда. На, ҳаргиз! Ин ҷо Мавлоно аз ҳамнишинӣ бо ноогоҳони бемаърифат, аз тақлид кардан ба аҳли рибову риё (ба хотири худнамоиву шуҳрат) ҳатто дар савмаъаву хонақоҳ наҳй мекунад, чӣ расад дар користонҳову саноъату тиҷорату бозорҳо! Ҳамин гуна тақлиди кур-кӯрона, ба вижа тақлид ба гурӯҳи беарзишу риёкор ҳар касеро аҳмақу обрӯбохта хоҳад кард, ҳатто дар хонақоҳ, ки ҷойгоҳи ибодату розу низё бо Худованди Ягона аст! Аз ин рӯ садҳо лаънат бар он тақлид бод!
Обид Шакурзода