Таҳқиқи равандҳои инноватсияи фарҳангшиносӣ ва иттилоотшиносӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ

Дар фонди  электронии китобхона бештар донишномаҳо, маълумотномаву луғатҳои хусусияти умумидошта ва соҳавӣ ҷамъоварӣ  шуда,  мавриди  истифода  қарор  мегиранд. Аз ҷумла, «Энциклопедияи советии тоҷик» (Ҷилди1-8), «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (Ҷилди1-3), «Энсиклопедияи  Миллии  Тоҷик» (Ҷилди1-4), «Фарҳанги  забони  тоҷикӣ» (Ҷилди1-2), «Фарҳанги  тафсирии  забони  тоҷикӣ» (Ҷилди1-2), «Донишномаи Шашмақом»  ва  китобҳо  доир  ба  масоили  фарҳангшиносӣ,  санъатшиносӣ, театршиносӣ, мусиқишиносӣ, фаъолияти  иҷтимоӣ-фарҳангӣ,  китобхонашиносӣ, осорхонашиносӣ, эҷодиёти мардумӣ заминаи асосии фонди китобҳои электрониро ташкил медиҳанд.

Соли 2016  ходимони  илмии  Пажўҳишгоҳи  илмӣ-тадқиқотии  фарҳанг  ва иттилоот(минбаъд ПИТФИ) пажўҳишҳои илмиву сотсиологиро дар самти омўзиш ва таҳқиқи масоили заминаҳои пайдоиш, ташаккул ва рушди инноватсия дар соҳаи фарҳанг  ва  иттилоот,  вазъи  воқеӣ,  ҷараён,  самт  ва  равандҳои  инкишофи инноватсияи фарҳангшиносӣ ва иттилоотшиносӣ дар замони муосир, тибқи мавзўи илмии «Таҳқиқи  равандҳои  инноватсионии  соҳаҳои  фарҳанг  ва  иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» барои солҳои 2016 – 2020, рақами қайди давлатиаш- 0116TJ00606, шурўъ намуданд.  Баҳри татбиқи масоили мазкур бо  истифода  аз  манобеи  илмӣ,  нашрияҳои  маълумотдиҳанда,  методҳои  пурсиш, мушоҳида, мусоҳиба маводи муҳими илмӣ ҷамъоварӣ шуданд.

Таҳқиқот нишон дод,  ки раванди  инноватсионӣ  дар шароити  ҷаҳонишавии фарҳанг  ва  иттилоот  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  метавонад  баҳри  беҳдошти фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва иттилоотӣ мусоидат намояд. Муайян шуд,  ки самарабахшии ҳалли масъалаҳои соҳавӣ, аз дурусту мақсаднок истифода намудани навгониҳои инноватсионии замони муосир ва сатҳи дониши  тахассусии мутахассисон  вобаста  мебошад.  Натиҷаи  экспедитсияҳои  илмӣ  ва  сафарҳои хидматӣ  ба  шаҳру  ноҳияҳои  ҷумҳурӣ ошкор  сохт,  ки то  кунун  на  ҳамаи мутахассисони  соҳаи  фарҳанг  ва  иттилоот аз вижагиҳои  раванди  инноватсионӣ бархўрдоранд  ва  онро  дар  таҷрибаи  фаъолияти  муассисаҳои  фарҳангӣ  ва иттилоотӣ  ҷорӣ  намудаанд. Инчунин, таҳқиқ  шуд,  ки заминаи  моддӣ-техникии бештари  муассисаҳо  беҳбудиро  тақозо  дошта, бо технологияи  нави  иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз нагаштаанд.  

Ходимони илмии Шуъбаи китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ дар соли 2016 дар  радифи  баргузории таҳқиқотҳои сотсиологӣ ба омўзиши масоили фаъолияти китобдорӣ дар замони  истиқлолият, китобноманигории  матбуоти  миллӣ,  фаъолияти  библиографии  Хонаи  китоби Тоҷикистон,  таърихи  библиографияи  тоҷик,  созмондиҳиву  баргузории  озмуну фестивалҳои  китобдорӣ,  рушди  китобхонаҳои  анъанавӣ  ва  электронӣ  дар

Тоҷикистони  муосир, таваҷҷуҳ бештар зоҳир карданд. Мақолаҳои  ходимони Шуъба дар нашрияҳои илмии мамолики  хориҷ, аз ҷумла Паёмномаи  Академияи давлатии фарҳанг ва санъати Қазон,  Паёмномаи Академияи давлатии  фарҳанг ва санъати  Челябинск,  маҷаллаи«Библиография»  ба  табъ  расиданд.  Ҳамзамон,  аз ҷониби  ходимони  илмии  Шуъба  се  дастури  библиографӣ  таҳияву  интишор  ёфт.

Бори  нахуст  осори  назмиву  насрии  адибони  тоҷик  бахшида  ба  корномаҳои Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ–  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти  унвони «Эмомалӣ  Раҳмон  дар  адабиёти  бадеӣ»    ба  табъ расид.   

Соли 2016  бо  ташаббуси  ходимони  илмии  Шуъбаи  мероси  фарҳанги ғайримоддии  ПИТФИ  тибқи  талаботи Конвенсияи ЮНЕСКО«Феҳристи  миллии мероси  фарғанги ғайримоддӣ»  боз  танзиму  такмил  ёфт  ва  бо  теъдоди300  нусха  чоп шуд.  Феҳристи  такмилёфта 515 номгўйи  намунаҳои  мероси  фарҳанги ғайримоддиро аз ҳудуди Тоҷикистон дар бар гирифта, аз 7 бахш иборат аст.

Албатта, дар таҳияи Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ натиҷаи экспедитсияҳои мардумшиносӣ ва санъатшиносии кормандони ПИТФИ  мавриди истифода  қарор  гирифта,  дар  силсилакитоби«Фарҳанги  ғайримоддии  халқи тоҷик», интишор  меёбад. Дар шумораи якуми китоб натиҷаи  экспедитсияҳои мардумшиносию санъатшиносии дар шаҳру ноҳияҳои  Истаравшан,  Ашт, Шаҳритўс,  Муъминобод  ва  дар  шумораи  дуюми  китоб  ноҳияҳои  Шуғнон, Роштқалъа,  Ишкошим,  Рўшон  ва  шаҳри  Хоруғи  Вилояти  Мухтори  Кўҳистони Бадахшон баргузоршуда, инъикос ёфтаанд.  

Ходимони  илмии  ПИТФИ  барои  дар  сатҳи  баланди  илмиву  фарҳангӣ  ва тахассусӣ  баргузор  намудани  чорабиниҳо  бахшида  ба  санаҳои  муҳими  таърихӣ, таҷлили ҷашнвораҳо ва баррасии масоили мубраме,  ки ҳалли онҳо тақозои замон аст,  пайваста  кўшиш  намуда, соли 2016  дар  баробари  таҳқиқи  самтҳои  гуногуни ҳаёти фарҳангии ҷомеа ва роҳандозии корҳои илмӣ, 15 чорабиниҳои илмӣ ва илмӣ-амалӣ аз қабили: конференсия,  ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ ва мизи мудаввар баргузор намуда, дар 32  конференсия, семинар,  ҳамоиш,  мизи  мудаввар  ва форуму симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намудаанд.

Бахусус иштирок ва суханронии ходимони илмии ПИТФИ дар симпозиумҳои байналмилалии  илмиву  ҳунарӣ  қобили  таваҷҷуҳ  аст.  Аз  ҷумла,  иштирок  ва суханронии муовини директори ПИТФИ Д.  Раҳимов дар мавзўи “Бозиҳои миллии наврўзи тоҷикон” дар Симпозиуми байналмилалии “Наврўз–  мероси сулҳ”,  ки3-6 марти соли2016 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд, бисёр хотирмон  буд.  Ҳамзамон  ходими  пешбари  илмии  Шуъбаи  санъатшиносӣ  А. Абдурашидов  дар  мавзўи“Асосҳои  ташаккули низоми нағамоти дастаи танбур” дар Симпозиуми  байналмилалии“Созҳои  мусиқии  тории  Роҳи  абрешим” (ш. Шанхай,  Ҷумҳурии  Халқии  Хитой, 19  то 23  октябри  соли 2016)  ва  дар  мавзўи “Истилоҳоти Шашмақом ва интишори китоби“Шашмақом” дар таҳрири нав” дар декабри соли 2016) суханронӣ намуд.  Мудири шуъбаи санъатшиносии ПИТФИ Н. Қличева аз 30.08.16.  то 06.09.16 дар Форуми байналмилалии академии “One Asia in Dance-2016” (“Осиё  дар  рақс” - 2016),  ки  дар  Кореяи  Ҷанубӣ  баргузор  гардид, иштирок намуда, суханронӣ кард, ки ҷараёни сафар ва натиҷагирӣ аз он дар шакли мақолаҳои илмӣ ба табъ расиданд.

Ҳамчунин ходимони илмии ПИТФИ дар барномаҳои телевизион ва радиои Тоҷикистон  оид  ба  масоили  мубрами  фарҳангу  санъат  ва  муаммоҳои  мавҷудаи ахбори омма ва табъу нашр мулоҳизаҳои ҷолиб баён намудаанд.

Ҳамкориҳои илмии ПИТФИ дар самти  ташкилу баргузории конференсияву семинарҳо, мубодилаи афкор, таҷрибаомўзӣ, тайёрнамоии кадрҳо, таҳияву  пешниҳоди  номинатсияҳо,  нашри  маҷмўаҳои  илмӣ,  китобу  рисолаҳо  бо Академияи  илмҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Донишкадаи  давлатии  фарҳанг  ва санъати  Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода,  Донишкадаи  давлатии  санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Китобхонаи миллии  Тоҷикистон,  Осорхонаи  миллии  Тоҷикистон,  Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии  патентию  техникӣ,  Китобхонаи  давлатии  бачагонаи  ҷумҳуриявии  ба номи  Мирсаид  Миршакар, Донишгоҳи  славянии  Русия-Тоҷикистон,  Коллеҷи  ҷумҳуриявии хореографӣ  ба  номи М. Собирова ва дигар муассисаҳо беҳтар гардидааст.

ПИТФИ  дар  ҳамкорӣ  бо  Муассисаи  давлатии «Энсиклопедияи  миллии тоҷик»  ҷиҳати  эҷоди  мақолаҳои  энсиклопедӣ  доир  ба  масоили  ҳифзи  мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик саҳм гирифт. Аз ҷумла, беш аз 200  мақолаҳои илмии  олимони  ПИТФИ  доир  ба  анъанаҳои  шифоҳӣ,  санъати  иҷрокунандагӣ, урфу  одот,  маросим,  ҷашн  ва  навъҳои  гуногуни  санъат  дар  ҷилди  дувуми «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ба чоп расиданд.

Дар ҳамкорӣ бо Комиссияи миллии кор бо ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ходимони  илмии  ПИТФИ  Д.  Раҳимов  ва  А. Аминов  маводи  эмпирикии  марбут  ба“Чавгон”-ро  ҷамъоварӣ  намуда,  матни номинатсияи  онро  тибқи  муқаррароти  Конвенсияи  ЮНЕСКО  таҳия  ва  ба Комиссияи мазкур пешниҳод карданд.

Инчунин,  дар  ҳамкорӣ  бо  Киностудияи  давлатии “Тоҷикфилм”  аз  рўйи сенарияи навиштаи Д.  Раҳимов филми ҳуҷҷатӣ оид ба бозиҳои бачагона ба навор гирифта шуд. Дар баробари ин,  ҳамкориҳои тарафайн бо муассисаҳои фарҳангии хориҷӣ низ рушд ёфт.  Бахусус,  дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии фарҳанг ва ҳунари Чувашистон доир ба мавзўи«Ҷомеаи муосир:  проблемаҳо ва дурнамои фаъолият дар  фазои  иҷтимоӣ-фарҳангӣ»  конфронсиIII  байналмилалии  ҳузуриву  ғоибонаи илмӣ-амалӣ(22 марти с. 2016) баргузор гардид.

Дар  соли 2016  сомонаи  Пажўҳишгоҳ (pitfi.tj) аз  нигоҳи  мазмуну  муҳтаво, воридоти  маводи  ниёзи  хониш  ва  ҷалби  хонандаи  маҷозӣ  корҳои  назаррасро  ба анҷом  расонид.  Зарфи  як  сол  дар  сомона155  мавод  доир  ба  масоили  мубрами фарҳанги  миллӣ  гузошта  шуд. Дар ин муддат ҳамаи  маводи  гузошташударо дар маҷмўъ 5 ҳазору 985 нафар хонандаи маҷозӣ мавриди истифода қарор доданд. Ба ҳисоби миёна моҳе ҳудудан 500 нафар вориди ин сомона шудаанд ва аз матолиби он судҳо бардоштаанд. Дар як сол дар  бахшҳои «Созу  наво», «Интишорот», «Театр», «Синамо»  маводи бештар гузошта шуд ва аз омор ҳам дида мешавад,  ки ҳаводорони ин гуна мавод бештаранд.  Илова бар ин,  соли 2016  кормандони сомона кўшиш ба харҷ доданд, ки саҳифаи  фейсбукии  сомонаро  фаъол  кунанд. Ҳоло ҳар маводе,  ки гузошта мешавад, ҳатман дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук низ роҳ меёбад.  Аз миёни матолиби гузошташуда бештар матолиби хусусияти энсиклопедӣ дошта ҷо дода шуданд. Матни электронии 12 китоб дар шакли pdf ва матни пурраи 16 шумораи маҷаллаи «Паёмномаи фарҳанг»-и Пажўҳишгоҳ (солҳои 2009-2015) дар сомона ҷо дода шуданд. Илова  бар  ин,  аз  ҷониби  ходими  пешбари  илмии  Шуъбаи  фаъолияти фарҳангӣ-фароғатии ПИТФИ Ш. Саъдиев беш аз 100 мақолаи электронӣ доир ба мавзўъҳои  гуногуни  таърихи  фарҳанги  халқи  тоҷик  ва  рушди  он  дар  давраи истиқлолияти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  шабакаи  байналмилалии  Интернет-Донишномаи  озоди  электронии  Википедиаи  тоҷикӣ (tg.wikipedia.org) нашр  карда шуд. Ҳамзамон истифодабарии жанри  журналистикаи  электронӣ  дар  мавзўи “Фарҳанги  Тоҷикистон–  дар  шабакаҳои  глобалии  электронӣ”  бори  аввал  аз ҷониби ходимони илмии ПИТФИ рўи кор қарор гирифт.   

Китобхонаи илмии ПИТФИ фаъолияташро дар асоси Низомнома ва нақшаи корӣ  амалӣ  намуда,  барои  пешрафту  инкишофи  илмҳои  фарҳангшиносӣ, санъатшиносӣ, китобхонашиносӣ,  фаъолияти  фарҳангӣ-фароғатӣ  ва  ғайра саҳмгузор  аст.  Дар  соли2016  фонди  китобхона  тибқи  ҷадвали  таснифотии китобдорӣ-библиографӣ аз  нав  гурўҳбандӣ  карда  шуд  ва  беш  аз 4000  номгўйи китобу маҷаллаҳои мавҷуда ба феҳристи электронии ПИТФИ дохил карда шуданд.

Ҳамзамон  Китобхонаи  электронии  ПИТФИ  ба  фаъолият  шурўъ  намуд,  ки  имрўз дорои  беш  аз 300  китоби  электронӣ  мебошад. Дар фонди  электронии китобхона бештар донишномаҳо, маълумотномаву луғатҳои хусусияти умумидошта ва соҳавӣ ҷамъоварӣ  шуда,  мавриди  истифода  қарор  мегиранд. Аз ҷумла, «Энциклопедияи советии тоҷик» (Ҷилди1-8), «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (Ҷилди1-3), «Энсиклопедияи  Миллии  Тоҷик» (Ҷилди1-4), «Фарҳанги  забони  тоҷикӣ» (Ҷилди1-2), «Фарҳанги  тафсирии  забони  тоҷикӣ» (Ҷилди1-2), «Донишномаи Шашмақом»  ва  китобҳо  доир  ба  масоили  фарҳангшиносӣ,  санъатшиносӣ, театршиносӣ, мусиқишиносӣ, фаъолияти  иҷтимоӣ-фарҳангӣ,  китобхонашиносӣ, осорхонашиносӣ, эҷодиёти мардумӣ заминаи асосии фонди китобҳои электрониро ташкил медиҳанд. Бо  мақсади  расонидани  ёрии  амалию  методӣ  ва ба роҳ мондану  амалӣ намудани  фармону  супоришҳои  роҳбарияти  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз  китобу  маҷаллаҳои  интишорнамудаи  пажўҳишгоҳ,  бахусус китобҳое,  ки  ба  таҷлили  ҷашни25-солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида  шудаанд,  ба  шуъбаву  бахшҳои  фарҳанги  шаҳру  навоҳии ҷумҳурӣ ба таври ройгон фиристода шуданд.

Ҳамин  тавр,  ПИТФИ  дар  партави  санадҳои  меъёриву  ҳуқуқӣ,  дастуру супоришҳои Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ –  Пешвои  миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва пажўҳишӣ дар самти таҳқиқи фаъолияти муассисаҳои  иҷтимоию  фарҳангӣ,  мусиқӣ,  ахбори  омма  ва  табъу  нашр, санъатшиносӣ,  таърих  ва  назарияи  фарҳангшиносӣ,  эҷодиёти  мардумӣ  вакитобдорию иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳм гирифтааст.  Татбиқимавзўъҳо  ва  лоиҳаҳои  илмӣ,  асосан  дар  доираи  маблағҳои  барои  иҷрои  корҳои илмӣ-тадқиқотӣ пешбинишуда,  роҳандозӣ шудаанд.  Соли 2016  новобаста аз пурра маблағгузорӣ  нашудани  мавзўъҳову  лоиҳаҳои  илмии  ПИТФИ  ходимони  илмии пажўҳишгоҳ  кўшиш  намуданд,  ки  дар  омўзишу  таҳқиқи  масоили  мубраму рўзмарра бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва бо дарназардошти имконоти мавҷуда фаъолияти худро ба роҳ монанд. Соли 2016  аз  ҷониби ходимони илмии ПИТФИ лоиҳаи нав: «Бунёди манобеи библиографии чопӣ ва электронии«Пешвои миллат –  Эмомалӣ Раҳмон» барои  солҳои 2017-2019 таҳия ва пешниҳод шуд, ки маблағгузории он,  қисман бошад ҳам аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.

Соли 2016  аз  ҷониби  ходимони  илмии  Пажўҳишгоҳ  доир  ба  мавзўҳо ва лоиҳаҳои  илмӣ 169  номгўй  маводи  чопӣ,  аз  ҷумла 22  китобу  рисола,  барномаву дарснома,  китобномаву  тақвим  ва 147  мақолаи  илмӣ  дар  нашрия  ва  маҷмўъаҳои илмӣ  ба  табъ  расиданд.  Илова  бар  ин,  беш  аз 150  мақолаи  публитсистӣ  дар матбуоти даврӣ интишор ёфтааст. Ҳамзамон 4 шумораи маҷаллаи илмию таҳлилии «Паёмномаи  фарҳанг»  ва  ҷилди  сеюми  маҷмўаи  таҳқиқотҳои  олимони  муассиса таҳти унвони “Осор” дар ҳаҷми 480 саҳифа нашр шуд.

Адабиёт

1. Ғаффор  Валаматзода–  асосгузори  хореографияи  тоҷик:  Китобномаи

шарҳиҳолӣ/  Мураттиб  Ш.  Комилзода;  зери  назари  А.  Раҷабов. –  Душанбе: Дониш, 2016. – 152 с.

2. Китобхонаҳои  Тоҷикистон  дар  даврони  истиқлол:  Феҳристи  адабиёт/ Мураттиб М.  Комилов;  зери назари Ш.  Комилзода. –  Душанбе:  Аржанг, 2016. – 312 с.

 3. Қучқоров,  Д.  Базми  Наврўзӣ:  Сурудҳои  хори  акапелла  аз  эҷодиёти

оҳангсозони  тоҷик:  Дастури  таълимӣ-методӣ/  Зери  назари  А.  Зубайдов;

ҳуруфчини нотаи компютерӣ З. Икромова. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 56 с.

4. Муродов,  М.  Донишномаи  фарҳанги  рўзноманигорӣ/  Муҳаррир  Ш.

Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с.

5. Низомов,  Х.  Созшиносӣ/ Муҳаррири илмӣ А.  Зубайдов;  зери назари Ш.

Комилзода;  Пажўҳишгоҳи  илмӣ-тадқиқотии  фарҳанг  ва  иттилоот. –  Душанбе: Адиб, 2016. – 132 с.

6. Таърихи  мусиқии  касбӣ-композитории  тоҷик:  Барномаи  таълимӣ/

Мураттиб А.  Зубайдӣ;  муҳаррир Ш.  Комилзода. –  Душанбе:  Аржанг, 2016. – 32 с.

7. Обидпур,  Ҷ.  Дарси  рубоб:  Нашри  сеюм  бо  иловаҳои  муаллиф  барои

мактаб  ва  коллеҷҳои  мусиқӣ(санъат). –  Душанбе:  Адабиёти  бачагона, 2016. –136 с.

8. Фарҳанги  ғайримоддии  халқи  тоҷик:  натиҷаҳои  экспедитсияҳои

мардумшиносӣ  ва  санъатшиносии  кормандони  ПИТФИ  дар  соли2015.  Шумо-раи1 /  Мураттиб,  муаллифи пешгуфтор ва хулоса Д.  Раҳимов;  зери назари Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 156 с.

9. Фарҳанги  ғайримоддии  халқи  тоҷик:  натиҷаҳои  экспедитсияҳои  мар-думшиносӣ-санъатшиносии кормандони ПИТФИ  аз навоҳии ВМКБ.  Шумораи 2 /  Мураттиб,  муаллифи пешгуфтор ва хулоса Д.  Раҳимов;  зери назари Ш.  Ко-милзода. – Душанбе: Ирфон, 2016. – 244 с.

10. Феҳристи  миллии  мероси  фарҳанги  ғайримоддӣ/  Мураттибон  Д. Раҳимов,  Н.  Қличева,  А.  Зубайдов  ва  дигарон;  муҳаррири  масъул  Д.  Раҳимов; зери назари Ш.  Комилзода.  Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттило-от. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 280 с.

11. Ҷумъаев,  М.  О.  Баъзе масъалаҳои забони матбуот/  Муҳаррир М.  Му-родов; зери назари Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 164 с.

12. Эмомалӣ  Раҳмон  дар  адабиёти  бадеӣ:  Китобнома/  Мураттиб  Ш.

Комилзода;  зери  назари  академик А.  Раҳмонзода. –  Душанбе:  ЭР-граф, 2016. – 224 с.

Ш. Комилзода

“Паёмномаи фарҳанг”,2016 №4  (36)

Матни комили мақола ин ҷост ПДФ

барчасп: