Ваҳдат ва истиқлолият. Ду мафҳуме, ки наметавон аз ҳам ҷудо донист. Агар Ваҳдат набуд, Истиқлол нопойдор буд ва агар истиқлол набуд, Ваҳдат маъно надошт. Иттиҳоди ҳамбастагии миллат гарави пойдории истиқлол аст. Ва шукр, ки тӯли 26 сол миллат бо ҳамин роҳ равон аст. Ва ҳифзи музаффариятҳои ин 26 сол вазифаи муқаддаси ҳар шахси миллатдӯсту меҳанпараст аст.
Донишманди тоҷик Ҳасан Муҳаммадӣ дар 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ китоберо чун сенариёи намунавии таҷлили ин ҷашнвораи ҳамагонт таҳия карда буд ва дар остонаи 20-солагӣ ин сенариё дар чорабиниҳои тарҳрезишуда мавриди истифода қарор гирифт. е
Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли равон 26–сола мешавад, Истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ мақоми калидӣ дорад. Зеро фақат ва фақат тавассути ин рўзи хушбахтӣ, миллати куҳанбунёди мо ба марҳалаи нави таърихӣ, оштии миллӣ расид ва ин рўз нафақат барои сокинони ҷумҳурӣ, балки барои кули тоҷикони ҷаҳон ва ҷомеаи охири асри бистум рўйдоди ғайричашмдошти таърихӣ ҳисоб меёбад. Бинобар ҳамин, халқҳои ҷаҳонро, хоҳ дўст бошанду хоҳ душман, водор намуд, ки аз ғояти фараҳмандӣ ва ё ғуссаписандӣ ангушти ҳайрат газанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз соли1998–уми асри гузашта мазмуну моҳияти ин рўйдоди беназири таърихиро андарзамон дарк карда, чунин навишта буд: “Барои миллати тоҷик , ки борҳо бар асари ихтилофоти гуногун пароканда шуда , давлатдории хешро аз даст дода буд , идеологияи ватандўстӣ ва Ваҳдати миллӣ идеологияи аз ҳама асосӣ мебошад».
Ҳамаарӯза зистан зери навои Ваҳдат ва будан бо ҳам, якпорчагиву муттаҳидӣ омили аслии шукуфоии кишвар аст. Сенариёи ҳамкорамон Ҳасани Муҳаммадиро ҳоло ин ҷо мегузорем. Чун ин сенариё ҳарчанд солгарди бистро дар назар дорад, вале куҳнанашаванда аст. Онро ҳар сол метавон бо андаке тағйирот, ки ҳар масъули баргузории чорабиниҳо метавонад анҷом диҳад, ба кор бурд.
Дастур ҳамин сол зери назари номзади илмҳо педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода, чоп шуд.
Ба он профессор Мурод Муродов тақриз навишт.
ВАҲДАТОФАРИН