Мизи мудаввар дар мавзўи “Истиқлолият ва рушди фарҳанги миллӣ”

24 августи соли 2018 дар  Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар мавзўи “Истиқлолият ва рушди фарҳанги миллӣ” бо иштироки васеи ходимони илмии пажўҳишгоҳ, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма мизи мудаввар баргузор гардид.

Онро бо сухани ифтитоҳӣ директори ПИТФИ, номзади илми педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода оғоз намуд. Мавсуф қайд намуд, ки Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот якҷоя бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ тасмим гирифтанд, ки ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади мазкурро доир намоянд.

Шариф Комилзода дар идомаи суханрониаш аз дастовардҳои фарҳанги миллӣ дар тўли 27-соли Истиқлолияти давлатӣ маълумоти мухтасар ироа карда, дар ин самт нақши боризи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсус таъкид намуд.

Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Фарида Алиева зимни баромади худ аз аҳамияту моҳияти Истиқлолияти давлатӣ, нақши ҲХДТ ва Раиси ҳизб, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолият ва рушди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла фарҳанги миллӣ ибрози андеша кард.

Сипас, тибқи барномаи мизи мудаввар дар мавзўъҳои “Рушди матбуоти миллӣ дар замони истиқлол” доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ,  “Санъати мусиқии тоҷик ва рушди он дар даврони истиқлол” номзади илмҳои таърих, дотсент Абубакр Зубайдов ва “Таҳқиқи мероси фарҳанги ғайримодии халқи тоҷик дар даврони истиқлол”  номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ маърўзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Пас аз он роҷеъ ба мавзўъҳои мавриди назар байни иштирокчиёни мизи мудаввар мубодилаи афкори судманд баргузор гардид, ки дар он директори ПИТФИ Ш.Комилзода ва ходимони илмии пажўҳишгоҳ Ш. Саъдиев, А. Аминов, З. Холмуродов ва дигарон фикру мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба аҳамияти таърихии истиқлоли кишвар ва таъсиру такони он ба рушди фарҳанги миллӣ баён карданд. 

Дар анҷоми чорабинӣ намоиши китобҳои тозанашр таҳти унвони “Истиқлолияти фарҳангӣ - омили устувори рушди давлатдории миллӣ” баргузор гардид.

М. Ҷўраев

барчасп: