УМОЧ: аз ривоят то воқеъият

Дар маҳаллаи Ургути шаҳри Бохтар ва ноҳияи Қубодиён миёни мардум ҳамчун маросими махсус бо номи мушкилкушо дар рўзҳои чоршанбе рўзи Бибиён қайд мегардад. Ин маросимро ҳамчун маросими аз мушкилиҳо озод шудан ва ҷавонон соҳиби бахт гардиданд гўён қайд менамоянд. Масалан, барои кушоиши бахти духтарон умочро се чоршанбе духтар пўхта, ба хонаи бибиҳо (заноне, ки ба тиловат машғуланд ва маросими мушкилкушоро пеш мебаранд) тақсим менамоянд.

Ба қавли онҳо он занон ба духтар дуои нек медиҳанд ва бахташон кушода мегардад. Сешанбеи охир ин маросимро дар хонаи духтардор бо иштироки занон ҳамчун маросими занона мегузаронанд.

Дар маросим мавлудхонӣ карда ба ҷавонони минбаъда оид ба таърихи мушкилкушояшон ривоятҳои ҷолиб мегўянд. Аз ҷумла, таърихи ба вуҷуд омадани умочро ба якбора соҳиби бахт гардидани ятимдухтаре вобаста медонад, ки гўё пас аз азобҳои зиёди моиндар ҳамсари писари шоҳ мегардад.

Бибиёни он маҳал сабаби хушбахтии духтарро ба дигарон чунин шарҳ медиҳанд: сабаби хушбахт шудани духтар дар он аст, ки ҳар сешанбею чоршанбе умоч карда ба бибиҳо медодааст ва аз онҳо дуо мегирифтааст. Аз ҳамон давра то ба ҳоло ин хўрокро ҳамчун мушкилкушо миёни мардуми баъзе маҳалҳо барои кушоиши бахти духтаронашон рўзҳои чоршанбе ва маросимҳои мушкилкушо мепазанд.

            Албатта, ин ривояти мардумист, шояд ҳақиқат ҳам дошта бошад. Аммо ба назари мо, яке аз сабабҳои маҳбубияти ин хўрок миёни мардум дар тарзи таҳия ва ғизонокии он ифода меёбад.   

Гулзира Каримова, ходими калони

илмии Маркази мероси фарҳанги

тоҷикон ПИТФИ

Баҳори Аҷам. №28 (467) 3 октябри соли 2018, чоршанбе

барчасп: