ТАҚВИЯТИ ДОНИШУ МАЛАКАИ ХОДИМОНИ ИЛМИИ ПИТФИ ДАР Ш. ТОШКАНД

Аз 8-ум то 12-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон семинар-тренинги минтақавӣ барои коршиносони Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Татбиқи самарноки Конвенсияи ЮНЕСКО (2003) оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гашт. Дар он, асосан, мутахассисони мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон) даъват шуда буданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар – Дилшод Раҳимӣ, мувоини директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Абдуллоев Абдулло - мутахассиси калони Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Абдуфаттоҳ Аминов -мудири шуъбаи илмӣ-методии ПИТФИ, Сарвиноз Ҳоҷиева - котиби масъули матбуотии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Зафар Холмуродов - мудири бахши мероси фарҳанги ғайримоддии ПИТФИ дар тренинги мазкур иштирок доштанд.

Маблағгузори ин семинар созмони CRIHAP (Маркази таълимии мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором, таҳти назорати ЮНЕСКО) буда, Бюрои минтақавии ЮНЕСКО дар Олмаато ва Дафтари ЮНЕСКО дар Тошканд аз ҷумлаи созмондиҳандагони ин тренинги байналмилалӣ мебошанд.

Мураббиён Тамара Николич Дерич аз Хорватия, Айжаркин Кожобекова аз Қирғизистон дар муддати 5 рўз ба коршиносон машғулиятҳо доир ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ гузарониданд. Инчунин  Намоянда дар тренинг-семинар аз шуъбаи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО Ҷонвани Шепи (Gionvanni Scepi) ва аз созмони  CRIHAP Г. Лиу,  Юҷинг Же, Ҳ. Танг иштирок доштанд.

Дар рўзи ифтитоҳии тренинг мувоини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ўзбекистон Камола Оқилова ширкат намуда, ҳозиринро хайра мақдам ва табрик намуд. Аз ҷумла, ў қайд намуд, ки фарҳанг қоиди сулҳ ва мо бояд ҳар чӣ бештар риштаҳои дўстиро маҳкамтар намоем.

Дар давоми тренинг иштирокчиён ба Консерваторияи давлатии Ҷумҳурии Ўзбекистон рафта, консерти ансамбли навозандагонро тамошо карданд. Дар рўзҳои дигар онҳо инчунин ба Осорхонаи санъати амалии шаҳри Тошканд ва Студияи кулолии Раҳимовҳо рафта, бо санъати амалӣ ва маҳорати кулолон аз наздик шинос шуданд.

Мақсад аз гузаронидани семинар-тренинг тайёр кардани коршиносон ва тренерҳои миллӣ доир ба гузаронидани семинару машғулиятҳо дар дохили ҳар кишвар ва минтақа мебошад.

барчасп: