ТУҲФА БА ҶАШНИ КИНО

Бахшида ба 90- солагии кинои тоҷик бо иқдоми Пажӯҳишгоҳи илмӣ –тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (директораш Шариф Комилзода) китоби нави киношинос Тилло Некқадамов таҳти унвони «Бозтоби чеҳраҳои дурахшони кино» (Душанбе, «Аржанг», 2019, 248 саҳ.) аз чоп баромад.

Китоби нав хонандаро бо ҳаёт ва эҷодиёти ходимони маъруфи кино, поягузорони кинои тоҷик, ҳамкориҳои адибони тоҷик бо кино ва дигар режиссёрону актёрони шинохта, ки бо кинои тоҷик ҳамкорӣ доштанд, шинос мекунад.

Китоб аз ҳафт боб – «Айнӣ ва кино», «Тобишҳои қаҳрамонҳои «Шоҳнома» дар кинои тоҷик», «Кинои тоҷик дар даврони Иттифоқи Советӣ», «Ҳамкориҳои киносозони тоҷик бо кишварҳои ба мо дӯст», «Ситораҳои кинои ҷаҳонӣ», «Ситораҳои кинои Ҳиндустон» ва «Саҳми устод Мирзо Турсунзода дар инкишофи кинои миллии тоҷик» иборат аст.

Бобҳои ҷудогона ба хонанда аз ҳамкориҳои яке аз асосгузорони кинои советӣ, режиссёр ва педагоги барҷастаи рус Лев Владимирович Кулешов, устодон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, режиссёрони кино Комил Ёрматов, Абдусалом Раҳимов, Бахтиёр Худоназаров ва киношиноси маъруф Ато Аҳроров маълумот медиҳанд.

Қисмати дигари китоб ба рӯзгори актёрҳои маъруфи ҷумҳуриҳои бародарӣ ба монанди Отар Коберидзе, Бобо Ананов, Фарҳод Юсуфов, ситораҳои кинои ҷаҳонӣ, Ҷонни Вайсмюллер (Амрико), Гойко Митич (Югославия) ва Туркан Шорай (Туркия) бахшида шудааст.

Азбаски тамошобини тоҷик ба кинои ҳиндӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд, муаллиф боби алоҳидае бо номи «Ситораҳои кинои Ҳиндустон»-ро дар китоб ҷо дода, хонандаро бо ҳаёти актёрҳои машҳур Наргис Датт, Виҷаятимала, Амриш Пури Лал, Амҷад Кхан, Зинат Аман, Кунал Госвами ва Манорама ошно мекунад.

Бо пешниҳоди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуда буд. Муаллифи китоб ин мавзуъро низ дар мақолааш «Инъикоси ҳунарҳои халқӣ дар санъати кино» таҳлил карда, филмҳои истеҳсоли киностудияи «Тоҷикфилм»-ро аз оғози фаъолият то имрӯз мавриди омӯзиш қарор додааст. Барои тақвияти фикру андешаҳояш аз филмҳои ҳунарии «Ман бо духтаре вохӯрдам», «Писар бояд зан гирад», «Қисмати шоир», «Хатти парвоз», силсилафилмҳо аз рӯйи достонҳои «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ, «Духтари сеюм», «Субҳи нахустини ҷавонӣ», «Сароби ишқ», «Дарди ишқ» ва ғайраҳо далелҳо меорад.

Метавон гуфт, ки китоби киношинос Тилло Некқадамов «Бозтоби чеҳраҳои дурахшони кино» он холигие, ки солҳои охир дар омӯзиши таърихи кинои тоҷик ва киношиносӣ ба миён омада буданд, то андозае бартараф мекунад. Китоби нав туҳфаи хубест ба ҷашни 90-солагии таъсисёбии кинои тоҷик.

барчасп: