Ҳунарҳои мардумӣ: ЗАРГАРӢ

Заргарӣ яке аз санъатҳои қадимаи  ороишию амалии тоҷикон ба шумор меравад. Аз бозёфтҳои бостоншиносон маълум мешавад, ки аввалин намунаҳои маснуоти заргарӣ ба давраи неолит (асри биринҷӣ) тааллуқ доранд. Ба санъати заргарии давраи тоисломӣ оро додани маснуоти заргарӣ бо тасвири ҳайвонот, одамон ва ҷонварони тахайюлӣ хос буд. Дар давраи исломӣ тарзи ороиши маснуоти заргарӣ рушд ёфта, зарагарон ва ороишгарон бештар аз нақшҳои ислимӣ – гулу растанӣ, шаклҳои ҳандасӣ ва матнҳои хатти арабӣ истифода мекунанд.

Дар заргарӣ амалҳои рехтагарӣ, кандакорӣ, ҳаккокӣ, заробӣ, сайқалдиҳӣ, ҳаллоҷӣ (тунуккунӣ), ҳалдавонӣ ва ғайра истифода мешаванд. Заргарон дар истеҳсоли маснуоти бадеӣ (зару зевар, асбобу ашёи рузгор, либосу аслиҳаи чангӣ) аз филизот: тилло, нуқра, мис, биринҷӣ, оҳан ва ғайра; аз сангҳои гаронбаҳову ранга: лаъл, ёқут, фирўза, зумурад, лоҷувард, каҳрабо, булури куҳӣ, ҷамаст, яшм, ақиқ ва монанди инҳо; аз маводи табиӣ: устухони фил, садаф, марворид ва чанде дигар истифода мекунанд.

Дар замони муосир ҳам суннати заргарии тоҷикон рушду такомул дорад. Имрўзҳо маҳсулоти заргарӣ дар ҳудуди кишвар ва берун аз он талаботи зиёд дорад. Дар экспедитсияи Данғара мо бо ҳунарманди заргар Ашўров С. вохўрда, доир ба ҳунари ў мусоҳиба анҷом додем. Ашўров Саидқул соли 1949 дар ноҳияи Балҷувон таваллуд шудааст ва соли 1952 оилаи онҳо ба Данғара кўчидаанд. Ў ҳунари заргариро аз падараш Раҳимов Ашўр (1904-1986) омўхтааст. Аз нақли ў маълум мешвад, ки бобояш Раҳими заргар (с.тав. тақр. 1860-ум – ваф. 1918) заргари подшоҳ будааст.

Ҳоло се писари Саидқул: Маҳмасайид (с.тав. 1978), Сабзаалӣ (с.тав. 1982), Саидмуъмин (с.тав. 1986) низ ба заргарӣ машғуланд. Ў бо ду писараш дар шаҳраки Данғара, кўчаи Кароматулло Қурбонов зиндагӣ дорад. Ашўров С. солҳои 1980-ум дар Комбинаи хизмати маишии Данғара кор карда, баъдтар дар солҳои 1990-ум ҳамчун усто дар Омўзшгоҳи касбӣ-техникии №57-и н. Данғара ба шогирдон оид ба ҳунари заргарӣ дарсҳои амалӣ додааст. Солҳои 1995-1998 ў дар корхонаи заргарии “Ҷамъияти истеҳсолии Ёқут” ба фаъолияти истеҳсолӣ машғул шудааст.

Ашўров Саидқул ҳоло ҳам ҳамроҳи писаронаш маснуоти заргарӣ месозад. Дар корхонаи ў асбобҳои кории заргарӣ: сандон, симкаш, ҳаллоҷии оҳанӣ, амбурҳои гуногун, қолабҳо, нова, найчаи дам, саночи дамдиҳӣ, суҳонҳои гуногун, тарозу, болға ва амсоли инҳоро дидем, ки ў ҳар лаҳза чолокона аз ин асбобҳо истифода мекард. Тавре ки ў мегўяд: “Саночи дамдиҳиро аз пўсти гўсфанд тайёр мекунанд. Пешҳо барои металгудозӣ аз лахчаи арча истифода мекарданд. Барои заргарӣ ашёи хом, асосан, тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо: лаъл, зумуррад, рубин, латун барои коркарди нуқра, мис барои коркарди тило лозим мешавад”.

Ашўров С. ҳамроҳи писаронаш барои мизоҷон гўшвор, зира, қасаба (қоши тилло), дастмона (дастпона), қулфи гиребон, чала (ангуштарӣ), занҷир ва дигар маснуоти заргарӣ месозанд.

Усто Саидқул мегўяд: “кори заргарӣ бисёр мураккаб ва диққатҷалбкунанда, барои ҳамин заргар бояд тухму гўшт хурад, ғизоҳои бисёр хўрад, то ки қувват гирад”. Ў ҳангоми мусоҳиба ба мо оид ба ҳунари заргарӣ баъзе ақидаҳоро гуфт, аз аҳамият холӣ нестанд. Чунончи, хокаи тиллое, ки аз кон мегиранд, подзаҳр аст. Хокаи тиллоро ба таври суҳон кардану соидани тилло низ мегиранд. Хокаи тиллоро бо шир ё гардсўз (ордов) агар хўранд, заҳрро мебурад. Инчунин хўрдани хокаи тилло хоб меоварад.

Нуқра ҳам хосияти аҷиб дорад. Дар хуми об 1 кг нуқраро андохта, 3-4 рўз болояшро пўшонида, нигаҳ медоранд. Сипас ҳар пагоҳ бо дили бенаҳор як пиёла аз он оби маъдан менўшанд. Оби маҳлули нуқра барои узвҳои дохилии бадан фоидаи калон дорад. Он об то 1-2 моҳ вайрон намешавад. Бобои Раҳими заргар нақл мекард, ки дар давраҳои пеш подшоҳон дар хуми нуқрадор обро махсус нигоҳ медоштанд ва ё бо косаву пиёлаҳои нуқрагин об менўшиданд.

Нуқра ба касалиҳои дил, ҷоғур ва ва системаи асаб фоида дорад. Агар занҷири нуқрагин ё зираро шахси бемори ҷоғур дар гардан баста гардад, ҷоғури ў шифо меёбад. Нуқра дар гардан соиш мехўрад ва ба ҷоғур таъсир мекунад.

Агар кас ба бемориҳои  дил ё асаб гирифтор бошад, гўшвор, ангуштарин ва ё занҷири нуқрагин дар гарданаш овезад, он зевари нуқрагин сиёҳ мешавад. Яъне ба воситаи зевари нуқрагин баъзе касалиҳоро ташхис кардан мумкин аст.

Ҳунари заргарӣ дар «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» (2016) таҳти рақами “Е003” ба қайд гирифта шудааст.

Дилшод Раҳимӣ

барчасп: