90 СОЛИ КИНОИ ТОҶИК: Тақдири талх ва ширини «Дохунда»

Ҳанӯз аз ибтидои солҳои сиюм сар карда, киносозони тоҷик ба асарҳои устод Садриддин Айнӣ рӯ оварданд ва нахуст ба романи «Дохунда» таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар ин бобат сенаристони рус А. Олшанский, Н. Достал ва И. Прут аз рӯйи ин роман сенарияҳо эҷод карданд ва борҳо барои маслиҳат бо муаллифи роман вохӯрдаанд. Аммо бо ҳар баҳона таҳияи сенарияи «Дохунда» аз як сол ба соли дигар мемонд.

Мавриди зикр аст, ки муроҷиати аввалин ба асарҳои нависандагони тоҷик, бахусус устод Садриддин Айнӣ, аз соли 1931 оғоз ёфт ва то соли 1938 идома дошт, аммо натиҷае надод.

Дар рӯзномаи “Коммунист Таджикистана” (аз 29 ноябри соли 1931, №265(604) саҳ.4) бо номи “Какие нам нужны кино-фильмы” нақшаи тематикии истеҳсоли филмҳои бадеӣ ва мустанад барои соли 1932 ба табъ расидааст. Аз мутолиаи он бармеояд, ки дар навиштани сенарияҳои “Фарҷоми Иброҳим” сенарияи Бруно Ясенский (филми овоздор), “Ду соҳил”(беовоз), “Рафиқе аз Миср”(овоздор дар 8 қисм) ҳарду сенарияи Г. Эл-Регистон, “Ду ҷаҳон-ду система” либретто - сенарияи шоир Лоҳутӣ ва сенарияи “Дохунда” ё “Дараи Ниҳон” филми таърихӣ-револютсионӣ аз рӯи романи нависандаи тоҷик Садриддин Айнӣ ҷалб карда мешаванд.

Нақшаи истеҳсоли филмҳоро Шӯрои бадеӣ-сиёсӣ оид ба корҳои кинои назди пропагандаи маданияти КМ ПК(б) Тоҷикистон тасдиқ кардааст.

 

 

 

 

 

 

Лев Владимирови Кулешов-коргардони

филм, филмноманавис ва ҳунарпешаи

аҳли Русия буд. Солҳои 1899-1970

зиндагогӣ кардааст

Баъдҳо Осип Брик 1935, А. Олшанский ва Н. Достал соли 1936, И. Прут ва А. Олшанский соли 1938 аз рӯйи роман вариантҳои гуногуни сенарияро навиштанд. Вале ин кӯшишҳо ҳамоно амалӣ нашуданд. Сенарияи «Дохунда» солҳои сол дар «портфели» сенарияҳои киностудия мехобид. Фақат сенарияи Осип Брик дар таҳияи режиссёри маъруфи Советӣ Лев Владимирович Кулешов соли 1935 барои таҳия пешниҳод гардид, вале аз пешаш монеаҳои зиёд баромаданд.

Соли 1935 ба Ҳукумати РСС Тоҷикистон ва киносозони тоҷик муждаи фараҳбахш расид. Бояд дар Осиёи Миёна, дар студияи «Тоҷиккино» аввалин филми ҳунарии овоздорро ба навор гиранд. Азбаски масъала хеле муҳим буд, режиссёр Комил Ёрматов дар яке аз ҷаласаҳои Ҳукуматӣ пешниҳод кард, ки барои ин кори ҷиддӣ, ки дар Осиёи Миёна таҷрибаи аввалин аст, бояд режиссёри таҷрибадор аз шаҳри Москва даъват карда шавад.

«Соли 1935 фаро расид. Мо қарор додем, ки дар «Тоҷиккино» аз рӯйи романи машҳури классики адабиёти тоҷик Садриддин Айнӣ – «Дохунда» филм таҳия кунем…Мебоист ки ин аввалин филми овозадори тоҷикӣ шавад. Ман пешниҳод кардам, ки барои таҳияи филм режиссёр Лев Владимирович Кулешовро даъват кунем. Вале фармони Комитети киноро хонда, инро интизор набудам: «Л. Кулешов ва К. Ёрматов режиссёрони филм таъин карда шаванд».

Хун ба рӯям давид: Ин номумкин аст, чи тавр ду ном, ки аз ҳам тафовути зиёд доранд, дар як радиф гузошта шаванд? Устоди бузург ва шогирде, ки нахустин қадамҳои беҷуръатонаи худро дар кино мегузорад. Ман дар назди Кулешов чун нобиға ва маҳорати баланди устодияш сари таъзим фуруд меорам. Худо накунад, боз Лев Владимирович гумон набарад, ки ин худхоҳӣ кори ман аст…

Аз ин сабаб, саросемавор ба Комитети кино, ба назди раис Шумяцкий даромадам. Вале ӯ маро ҳатто гӯш кардан ҳам намехост: дар филми тоҷикӣ бояд яке аз режиссёрон ҳатман аз кадрҳои маҳаллӣ бошад. Чӣ беҳуда туро дар ГИК (Институти давлатии кинематография, баъдҳо ВГИК) омӯзониданд? Эҷод кунед, аз Кулешов касбу маҳоратро омӯзед?

Ба ҳамаи ин муросо карда гуфтам:

- Хайр, ақаллан маро режиссёри баробарҳуқуқ не, балки режиссёри дуюм гӯед.

Бо ин пешниҳодам «ба мувофиқа омадем».

Лев Владимирович Кулешов (1899-1970) ҳайати эҷодии киногурӯҳро тасдиқ кард. Инҳо: сенарист Осип Максимович Брик, режиссёри таҳиягар Лев Владимирович Кулешов, режиссёр С. Скворцов, операторон К. Кузнетсов ва И. Барамиқов.

Дар нақшҳои асосӣ Ёдгор - К. Ёрматов, Гулнор – Т. Рахманина, Азимшоҳ – С. Комаров, мӯйсафед Алимардон – Р. Петров, Амир Олимхон – А. Столпер, Собир – С. Свашенко, рассомон П. Галаджев ва рассоми ҷавони тоҷик М. Хошмуҳаммадов интихоб шуданд.

Банаворгирии филм дар манзараҳои зебои шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тоҷикистони ҷанубӣ ва қисман дар павилони киностудияи «Межрабпомфилм» (ҳоло «Мосфилм») –и шаҳри Москва идома дошт. Ҳангоми наворгирии филм режиссёр ва сенарист борҳо барои машварату маслиҳатҳо ба устод Айнӣ муроҷиат кардаанд.

Ба режиссёр ва сенарист лозим омад, ки дар ин муддат аз таърих, осор, расму русум ва фарҳанги халқи тоҷик бештар омӯзанд. Лев Владимирович аз ин хусус дар китоби хотираҳояш «50 лет в кино» (Москва, «Искусство», соли 1975. саҳ.166-167) менависад:

 

 

 

 

 

 

Осип Максимович Брик, адиби Шӯравӣ,

филмноманавис, адабиётшинос ва мунаққид.

Солҳои 1888-1945 зистааст.

«Дар яке аз сафарҳоямон дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мо бо муаллифи «Дохунда» Садриддин Айнӣ шинос шудем. Сенарияи Осип Брик ба нависанда хеле маъқул шуд. Мо ба Самарқанд, Бухоро, водии Вахш, Ҳисор, Қӯрғонтеппа ва ағбаи Шаҳристон рафтем. Заминҳои беканори пахтазор, бешазори туқай, қишлоқҳои кӯҳӣ, умуман ҳама ҷоро дидем. Дар бозиҳои миллии аспдавонӣ ва бузкашӣ иштирок карда, ҳатто чанд сурат ҳам гирифтем. Сурати аксбардоштаи ман «Савораҳо» дар рӯзномаи «Правда» чоп шуда буд.

Дар маҷмӯъ, мо аз ҳад зиёд сурат гирифта, барои филм маводи фаровон ҷамъ кардем. Мо хеле зиёд сафар кардем. Брик сенарияи олиҷаноб навишт. Баъдҳо ба Москва рафта, сенарияро дар коркарди режиссёрӣ мукаммалтар кардем. Дар шаҳри Москва ба мо муяссар шуд, ки дар бораи Осиёи Миёна китобҳои ниҳоят нодирро ба даст орем ва бо завқи тамом ва шавқ мутолиа кунем. Ҳатто лозим шуд, ки Қуръонро бо диққат таҳқиқ карда, омӯзем».

Рассом филм Пётр Степанович Галаджев (1900-1971), ки баъдҳо ба дараҷаи Рассоми хизматнишондодаи РСФСР (1965) ва Лауреати мукофоти давлатии СССР (1971) расид, ҳамроҳи шогирдаш рассоми ҷавони тоҷик Маҷид Хошмуҳаммедов эскизҳо, декоратсияҳо ва костюмҳои аҷоиб ва шинами ба давру замон мувофиқ офариданд.

Бештарин лаҳзаҳои филмро дар натура – дар табиати зебои Тоҷикистон ва қисмеро дар саҳни ҳавлӣ ва павилонҳои киностудияи «Межрабпомфилм»-и Москва ба навор гирифтанд.

Аввалин филми ҳунарии «Дохунда»-ро бо усули синхронӣ, яъне ҳам овоз ва ҳам сурату тасвирро баробар ба лентаи кино мебардоштанд. Филм дар ҳолати ба охир расидан қарор дошт. Танҳо қисмати охирин - «Ишғоли аморати Бухоро аз тарафи аскарони сурх» монда буд.

Ба наворгирии филми ҳунарии «Дохунда» ба охир расида, аммо банду басти (мантажи) он давом дошт. Зеро лаҳзаҳои асосии филмро дар якчанд дубл ба навор, ба лентаи кино сабт карда буданд. Мебоист аз ин дублҳо, ки баъзеҳояш, то даҳ дублро дар бар мегирифтанд, беҳтаринашро интихоб намояд ва баъди монтажи филм ҳуқуқ доштанд, ки онро ба тамошобин нишон диҳанд. Афсӯс, ки он солҳо роҳбарони ҷумҳурӣ на ҳама аз нозукиҳои санъати кино, бахусус монтаж, огаҳӣ доштанд. Режиссёр Лев Кулешов дар ёддоштҳояш менависад:

«Баъди ба охир расонидани наворгирии филм дар Москва мо материали сабтшударо ба Сталинобод овардем ва ин ҷо ҳодисаи ногаҳонӣ рух дод. Материал барои филм хеле хуб буд, лекин ҳанӯз банду баст (монтаж) нашуда, вариантҳои такрорӣ, порчаҳои корношоям ва якчанд дублҳоро дар бар мегирифт. Мо мақсад доштем, ки аз рӯи нақша монтажи филмро дар Сталинобод, ки барои киногурӯҳ қулай буд, ба анҷом расонем.

 Айёме ки ҳайати киногурӯҳ ба Сталинобод баргаштанд, маҷлиси ботантанае идома дошт ва бе иҷозати мо филми нотайёрро ба иштирокчиёни маҷлис нишон доданд. Яқин, ки шахсони аз санъати кино дур чизеро сарфаҳм нашуда, маводи дидаашонро баҳо дода натавонистанд. Ва боз актёрон бо забони русӣ гап мезаданд, забони русӣ бошад на ба ҳама фаҳмо буд… Кормандони киногурӯҳ худро гум карда, ба тарсу ҳарос афтоданд ва ба Москва, ба раиси Комитети кино Б. Шумятский шикоят карданд. Раис супориш дод: «Таҳияи минбаъдаи филм манъ карда, наворҳои мавҷуда ба раф (полка) гузошта шаванд».

Бо ҳамин тарз, дар натиҷаи нофаҳмӣ, хӯрдагириву эродҳои беасос ва туҳматҳои ғайричашмдошт аввалин филми ҳунарии овозадори тоҷик «Дохунда» ба гӯшаи фаромӯшӣ гузошта шуд. Вале ин шикасти аввал набуд. Бархӯрду монеаҳо аз шаҳри Москва оғоз ёфтанд.

Вақте ки банаворгирии қисмати зиёди саҳнаҳо, махсусан манзараҳои табиат ва хонаву кӯшкҳои он айём дар Тоҷикистон (натура) ба охир расид, ҳайати киногурӯҳ ба шаҳри Москва баргаштанд. Дар дар павилонҳои кинофабрикаи «Межрабпомфилм» декоратсияҳо сохта, лаҳзаҳои алоҳидаи филмро ба навор гирифтанд. Материалҳои сабтшуда ҳанӯз ба як тартиб дароварда нашуда буданд, ки як шахси масъулро фиристониданд. Ӯ мебоист материалҳои ба наворгирифтаро тамошо кунад, вале онҳо ҳанӯз ба як тартиб набуданд. Эҷодкорони ҷавони филм хостанд, ки дублҳои беҳтаринро ҷудо кунанд, аммо…

«Чӣ тавр мо онро нишон диҳем? Охир мо то ҳаштод дублӣ сабт дорем. Биёед дублҳои беҳтаринашро ҷудо кунем.

Лекин Кулешов гуфт:

- Лозим нест. Бигузор боварӣ ҳосил кунанд, ки мо пули давлатро беҳуда сарф накардаем. Ҳар як лаҳзаро ҷустуҷӯ ва ба навор гирифта, беҳтаринашро интихоб мекунем, то ки яке аз дигараш хубтар бошад.

Рафиқи ваъдагӣ - ревизор омад ва дар зали хурди намоиш Кулешов ба вай филме, ки банду баст нашуда, аз дублҳои зиёд, порчаҳои нуқсондор ва вариантҳои гуногун иборат буд, нишон дод. Ревизор баъд аз тамошо ба ғазаб омада:

- Ин чӣ бемаънигӣ? Деҳқонони ба шӯр омада бойро ҳашт маротиба ба ҳавз мепартоянду ҳеҷ не ки вай ғарқ шавад! Ба сӯяш санг мепартоянд, боз ҳашт маротиба, ман қасдан ҳисоб кардам. Кадом як духтар тарзе мерақсад, ки гоҳ дастонаш, гоҳ пойҳояш ва гаҳе сараш метобад. Ин ҳама лаҳзаҳо низ даҳ маротиба.

Ин таҳқири мухлисон аст!

Мо дар ҳайрат ва тааҷҷуб мондем.

- Охир, ин ҳама дублҳо ҳастанд, - аз онҳо беҳтаринашро ҷудо карда, покиза мекунем, - мулоимакак фаҳмонданӣ шудем. Дар масъалаи дасту по…

Ман ҷасорат пайдо карда гуфтам:

- Бубахшед, марҳамат карда гӯед, шумо филми «Чапаев»-ро дидаед? Дар хотир доред, чи тавр Анкаи пулемётчӣ ба тарафи каппелёвчиён тир мепарронд? Дар экран гоҳ рӯяш, гоҳ ҳаракати лентаи тирҳои пулемёт, гоҳ мили пулемёт ва гоҳе фишори оташу қадамзании гвардиячиёни сафедро нишон медиҳанд. Инҳоро порчаҳои монтаж меноманд.

- Сарамро гаранг накунед, - гапамро бурид он рафиқ. Як филми бисёр хубу аълоро бо сафсатаи худ баробар мекунед! Он чизе, ки шумо кардед, - ба зоҳирпарастӣ хос аст. Ана ҳамин тавр. Ба Сталинобод раведу он ҷо муҳокима ва аниқ кунед».

Дар Сталинобод низ киногурӯҳи «Дохунда»-ро рӯзҳои хуш интизор набуданд. Баръакс, онҳоро таъқибу муҳокимаҳо дар пеш буд. Филми нотамоми «Дохунда» то солҳои баъдиҷангӣ дар бойгонии киностудияи «Тоҷикфилм» маҳфуз буд. Баъдҳо бо сабабҳои номаълум, ягона нусхаи «Дохунда»-и Лев Кулешовро «гум» карданд ва касе аз тақдири минбаъдаи он хабар надорад ва минбаъд ҳам онро ба хотир ҳам наовард. Тақдири талхи филм ба мо равшан нест.

Мутаассифона, ин филм ба феҳристи (филмографияи) филмҳои ҳунарии «Энциклопедия кино Таджикистана» (Душанбе: ЭР-граф, 2012. - 394 с.) дохил нашудааст.

Киношиноси маъруфи тоҷик Ато Аҳроров менависад:

«… Балки ин наворҳои ба анҷомнарасида дар таърихи кинои тоҷик нақши намоёни худро гузоштанд. Он чизе, ки ба аввалин филми ҳунарии овозадор дар Осиёи Миёна «Дохунда» алоқаманд аст, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад».

Филми ҳунарии «Дохунда» соли 1935 ба экранҳои Иттифоқи Советӣ набаромад, вале чун таҷрибаи нахустини таҳияи филмҳои овозадор ба кадрҳои маҳаллӣ, хусусан режиссёр ва актёр Комил Ёрматов ва оператор Иброҳим Барамиқов сабақҳои хуб дод. Ҳангоми банаворгирии филми ҳунарии овоздори «Дохунда» режиссёр Лев Кулешов киносозон ва мутахассисони ҷавони соҳаро низ тарбия мекард. Онҳоро аз нозукиҳои банаворгирии филмҳои овоздор ошно мекард. Режиссёри ҷавони тоҷик Комил Ёрматов дар ин муддат аз ин режиссёри маъруф таҷрибаи хуби киносозӣ андӯхт ва баъдҳо онро дар таҳияи филми ҳунарии овоздор - «Дӯстон боз вомехӯранд» (соли 1939) истифода кард.

Бояд гуфт, ки танҳо бо манъ кардани корҳои бандубасти филми ҳунарии «Дохунда» эҷодкорони он аз ташвишҳои эҷодӣ ва зиндагӣ фориғ намонданд.

Пас аз шикасти ногаҳонӣ Лев Кулешов хост, ки материалҳои филми нотамомашро монтаж карда, ба охир расонад, аммо дар гирди киногурӯҳ гапу калочаҳои зиёд баромаданд, ки дар он айём хеле хатарнок буд ва метавонист бо фоҷеа анҷом ёбад. Ҳайати эҷодии киногурӯҳро ба сарфи зиёди маблағ муттаҳам карданӣ шуданд.

«Моро ташкилотчигӣ, буррогӣ ва дақиқкории директори киногурӯҳ Г.Д. Харламов наҷот дод. Ӯ ҳар қадам, ҳар кор ва амалиёти киногурӯҳро дар китоби ҳисоботаш қайд мекард. Ҳатто ҳуҷҷатгузории расмӣ ва молиявии мо ба тартибу қоида ҷавобгӯ буд. Аз ин сабаб, ба киногурӯҳи «Дохунда» эрод гирифта натавонистанд, - менависад режиссёр Лев Кулешов.

Ҳақиқатан, он солҳо ба мавҷудияти халқи тоҷик ва таъсиси давлати мустақил дар ҳайати Иттифоқи Советӣ (соли 1929) бо чашму дили пур аз ҳасад ва нафрат менигаристанд. Ва пеши ҳар як комёбие, ки дар ҷумҳурии ҷавони мо ба амал меомад, бо ҳар роҳ монеа эҷод мекарданд ё халал мерасониданд.

Душманони миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ намехостанд, ки аввалин филми ҳунарии овозадори Осиёи Миёна маҳз дар Тоҷикистон истеҳсол шавад. Илова бар ин, боз ин иқдоми наҷибро яке аз поягузорони кинои Советӣ Лев Владимирович Кулешов дар кишвари мо ба анҷом расониданӣ буд.

Бозиҳои сиёсӣ душманони миллати моро оқибат ба мақсади нопокашон расонид. Онҳо дар оғози ин корҳо филми нотамомро ба роҳбарон ва иштирокчиёни маҷлис нишон дода, бо ин роҳ инкишофи кинои тоҷик ва таҳияи минбаъдаи филми ҳунарии «Дохунда»-ро боздоштанд. Ниҳоят, тафтишотро аз болои филм оғоз карда, тариқи хароҷоти молиявӣ директор ва режиссёри филмро муттаҳам кунанд. Ин варианти «кӯрдилон» низ нагузашт.

 

 

 

 

 

 

 

Комил Ёрматов-ҳунарманди машҳур, коргардони

театр ва синемо, Қаҳрамони кори Сотсиалистӣ,

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Ҳунарманди халқии

Ӯзбекистон, барандаи ҷоизаи Сталин, Артисти халқии

СССР. Соли 1903 дар Конибодом таваллуд шуда, соли

1978 дар Тошканд вафот кардааст. Коргардони

маъруфи тоҷик Сафарбеки Солеҳ филми мустанади

ҷолибе бо номи “Комил” бардошта аз ҳаёт ва

фаъолияти ин абармарди ҳунари тоҷик.

Ин лаҳзаҳои ногувор ва пурдарду аламро Комил Ёрматов ба хотир оварда, хеле афсӯс мехӯрад, ки устодони худро бо дили пур аз дард ва ғам ба шаҳри Москва гусел кард. Зеро истодани Лев Кулешов дар шаҳри Сталинобод хавфи калон дошт. Репрессияи солҳои мудҳиши 1936-1938 оғоз ёфта буданд. Вале бо ин ҳам таъқиби режиссёри филми ҳунарии «Дохунда» Лев Кулешов ба охир нарасид. Баъди гусел Комил Ёрматовро ба яке аз идораҳои «бонуфуз» (шояд НКВД бошад - Т.Н.) даъват карданд.

«Пас аз чанд вақт ман бо афсӯс ва андуҳи зиёд устодонамро ба Москва гусел кардам, маро ба як идораи босалоҳият даъват намуданду боисрор ва мақсаднок пурсупос карданд, ки дар вокзал чи кор доштам.

- Кулешовро гусел кардед?… Барои чӣ маҳз ҳамон рӯз?...

Баъд фаҳмидам, ки дар он поезд ҳамроҳи Кулешов аз Сталинобод ба Москва яке аз ходимони онвақтаи роҳбарикунандаи Тоҷикистон сафар карда буд», - навиштааст Комил Ёрматов дар китоби хотираҳояш.

Дигар касе ба тақдири талхи “Дохунда” мароқ зоҳир накард. Бо вуҷуди «шикасти эҷодӣ» Лев Кулешов баъдҳо филми нотамоми «Дохунда»-ро банду баст (монтаж) карда, қисмҳои нодаркорро ихтисор ва ба як тартиби муайян медарорад. Ва, ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо бо донишҷӯён дар Институти давлатии умумииттифоқии кинематография – ВГИК аз филми нотамоми «Дохунда» чун асбоби аёнӣ истифода мекардааст.

Агар хонандагон дар хотир дошта бошанд, он солҳои пур аз ташвиш ва тарс ҳатто устод Айниро низ хавф таҳдид мекард. Танҳо устод Абулқосим Лоҳутӣ ҷуръат пайдо карда, ба ҳимояи устод бархест ва ба номи Сталин мактуб навишт. Аз ҳама асосаш устоди арҷманди мо Садриддин Айнӣ аз хавфу таҳдидҳо наҷот ёфт.

 

 

 

 

 

 

 

Борис Кимёгаров - Бенсион Ариевич Кимягаров, коргардони

машҳури синемо ва театр, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон,

барандаи ҷоизаи Сталин, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи

Рӯдакӣ, узви Иттиҳоди киноматографистони СССР. Соли 1920

дар Самарқанд ба дунё омада, соли 1979 дар Душанбе

фавтидааст. Чаҳор филмаш аз рӯи “Шоҳнома” ӯро дар олам машҳур кард.

 Бо гузашти солҳо касе таҳияи сенарияи «Дохунда»-ро ба хотир наовард. Танҳо баъди 20-сол ба режиссёри ҷавон ва навкор Борис Кимёгаров муяссар гардид, ки соли 1956 аз рӯйи сенарияи Виктор Борисович Шкловский филми ҳунарии «Дохунда»-ро дар шаҳри Сталинобод ба навор гирад. Режиссёр ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданаш устод Айниро ба навор гирифта буд. Дар ин байн аз зиндагиномааш чаҳор филми ҳуҷҷатиро таҳия намуда, таҷрибаи хуб ва маводи зиёде ҷамъ кард.

Пеш аз оғози ин мақсади наҷиб ва нек дар назди Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон маҷлиси махсус гузаронида шуд. Дар маҷлис як масъала - киносенарияи Виктор Борисович Шкловский аз рӯйи романи «Дохунда»-и устод Садриддин Айнӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар муҳокимаи сенария адибон Мирзо Турсунзода, Миршакар, Сотим Улуғзода ва таърихшиноси маъруф Зариф Раҷабов фаъолона иштирок карда, баҳри боз ҳам беҳтар намудани сенария фикру андешаҳояшро баён карданд.

Филми ҳунарии «Дохунда» (муаллифи сенария В.Б. Шкловский, режиссёр Б. Кимёгаров, оператор Ф. Силченко, рассомон П. Веременко ва Д. Илёбоев, оҳангсоз С. Баласанян) соли 1956 ба экранҳои кино баромада, аз тарафи зиёиён ва тамошобинон гарму ҷӯшон истиқбол гирифта шуд. Борис Кимёгаров ба танаффуси 16-солаи кинои тоҷик рахна зад ва ба марҳилаи нави кино, инчунин ҳамкориҳои адибон бо кинои миллии тоҷик пояи мустаҳкам гузошт.

Як сол пас ин филм санъати кинои моро дар Даҳаи адабиёт ва санъати халқи тоҷик дар шаҳри Москва муаррифӣ намуд. Вале тақдири талхи «Дохунда»-и Лев Кулешов ҳанӯз ҳам моро бетараф гузошта наметавонад.

Ҳамин тавр, тақдири талхи романи «Дохунда»-и Садриддин Айнӣ ва филми нотамоми Лев Кулешов фаромӯш шуда, тақдири ширину гуворои «Дохунда»-и режиссёри фидокор ва миллатдӯст Борис Кимёгаров зиёда аз 60-сол боз моро хурсанд ва рӯҳбаланд мекунад.

 

Навиштаи Тилло Некқадам

Шарҳҳо аз идора.

барчасп: