Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Амфитеатри Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ифтитоҳи театри тобистонаи Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт рост омода, туҳфаи арзишманди роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи ин иншооти фарҳангиро дар ҳудуди боғи фарҳангу фароғатӣ муҳим ва саривақтӣ хонда масъулинро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз шароити дар он муҳайёгардида ва ташкили барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ дастур доданд.
Амфитеатр дорои 1500 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла дар ошёнаи якум нуқтаи чиптафурӯшӣ, утоқҳои маъмурияти боғ ва дигар утоқҳои корӣ, дар ошёнаи дуюм бошад, ҳуҷраи ороишдиҳӣ ва дигар ҳуҷраҳои техникӣ тарҳрезӣ гардидааст. Корҳои сохтмонии Амфитеатр моҳи июли соли 2018 оғоз гардида, дар ин давра беш аз 200 нафар мутахассисони маҳалӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Бинои иншооти мазкур пурра бо сангҳои маҳаллӣ ороиш дода шуда, аз санъати баланди миллию меъморӣ дарак медиҳад. Театри тобистона аз лиҳози бехатарӣ ҳам ба талабот ҷавобгу буда, дар гушаву канори он камераҳои назоратӣ насб карда шудааст. Масоҳати умумии Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ 30 гектарро ташкил дода, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт шароити арзанда муҳайё карда шудааст.
Боғи мазкур соли 2018 дар доираи иқдомҳои созандаи Президенти мамлакат пурра навсозӣ гардида, дар он атраксионҳои замонавӣ, майдончаҳои муосири варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд карда шуд.
Баъди шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар театри тобистона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин иншооти навбунёд бо сокинону меҳмонони пойтахт мулоқоти самимӣ доир намуданд. Президенти мамлакат ифтитоҳи боз як иншооти фарҳангиро барои сокинони потйхат муборак гуфтанд.
Таъкид гардид, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди зиёда аз 4 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки дар бештари онҳо корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои созандаву пайгиронаи роҳбарияти шаҳри Душанбе пойтахти мамлакат давоми солҳои охир боз ҳам зебо мегардад.
Ба муносибати ифтитоҳи амфитеатри нав аз ҷониби аҳли ҳунару фарҳанги мамлакат барномаи рангини консертӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватан буд.