Боварҳои халқӣ ва тасаввуроти асотирии мардуми Бадахшон

Бовару эътиқод, одобу русум ва як қатор донишҳои суннатии мардум ба чорчўбаи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик шомил мешаванд, ки дар замонҳои қадим вобаста ба зарурату ниёзи мардум арзи вуҷуд карда, бо иҷрои вазоифи иҷтимоии худ то ба имрўз омада расидаанд. Боварҳо бозгўйкунандаи муносибати инсон бо табиат, бо олами ҷонварону гиёҳон, бо  кайҳону  ҷирмҳои  осмонӣ  мебошанд.  Аз  ҷониби  дигар,  аҳамияти ахлоқию  тарбиявӣ  ва  хусусияти  таскинбахшии  ақидаву  боварҳо  сабаби идомати онҳо дар тўли таърих гаштаанд.

Дар ин мақола мо дар бораи ақида, боварҳо ва тасаввуроти асотирии мардуми навоҳии Бадахшони Тоҷикистон ҳарф хоҳем зад. Нахуст дар бораи бовару эътиқодоти марбут ба ҳаводиси табиат ва кайҳон, сипас роҷеъ ба махлуқоти  асотирии  афсонаву  ривоятҳои  шифоҳӣ,  дар  охир  оид  ба тасаввуроти  мардум  дар  бораи  ҷонварони  хонагию  ваҳшӣ  ва  чанде  аз растаниҳои  маҳаллӣ  маълумот  оварда,  баррасӣ  хоҳем  кард.  Маводи мавриди  баррасию  таҳқиқи  мақола,  асосан,  тавассути  ковишҳои мардумшиносӣ, ки дар тобистони соли2016 сурат гирифтаанд, аз ҷониби муаллиф  гирдоварӣ  шудаанд.  Илова  ба  ин  аз  мақолаву  рисолаҳои фолклоршиносию мардумшиносии ба табъ расида дар ин таҳқиқот ба таври васеъ истифода бурда шудааст.

Оид  ба  фарҳанги  суннати  мардуми  Бадахшон  то  ин  замон  китобу мақолаҳои  зиёди  илмӣ  таълиф  шудаанд.  Ҳанўз  аз  охирҳои  асри  ХIХ   сайёҳону низомиён ва олимони рус ба ин сарзамин роҳ ёфта, дар рўзномаву асарҳои илмии худ роҷеъ ба анъанаҳои ҷолиби мардуми Бадахшон қайдҳо кардаанд.  Чунончи,  Бобринский  А.  А.  дар  монографияи «Кўҳистониёни болооби  Панҷ» (вахониён  ва  ишкошимиҳо) (1908),  М.  С.  Андреев  ва Половтсов А. А. дар асарашон«Мавод доир ба этнографияи ақвоми эронии Осиёи Миёна: Ишкошим ва Вахон» (1911), И. И. Зарубин дар«Мавод ва қайдҳо доир ба этнографияи тоҷикони кўҳистон: водии Бартанг» (1917), М.С.Андреев дар«Тоҷикони водии Хуф» (1953, 1958), И. Муҳиддинов дар «Кишоварзии тоҷикони помирии Вахон ва Ишкошим дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ» (1975), А. Л. Грюнберг ва И. М. Стеблин-Каменский дар  қисмати  шарҳу  тафсири«Афсонаҳои  мардуми  Помир» (1976);А.З. Розенфелд ва Н. П. Ричкова дар маҷмўаи«Афсона ва қиссаҳои мардуми кўҳистон» (1990) ва  чанде  дигар  дар  бораи  одобу  русум,  фолклор  ва анъанаву ҷаҳонбинии сокинони Бадахшон маълумоти ҷолиб додаанд.

Дар асарҳои фолклоршиносон Н. Шакармамадов– «Оинҳои наврўзӣ дар Бадахшон» (2011), «Бадахшон – дар масири тамаддуни умумибашарӣ» (2007), Г. Ризвоншоева– «Афсонаҳои сеҳромези Бадахшон» (Таҳқиқи ғоя ва образ; 2011), Н. Қурбонхонова– «Асотир ва ривоятҳо дар бораи ҳайвоноту паррандагон» (2003), «Устураи ҷонварон дар фолклори Бадахшон» (2011) ва дигарон масъалаҳои марбути бовару эътиқодот, расму ойинҳо ва инъикоси ҷонварону  махлуқоти  асотирӣ  дар  ривояту  афсонаҳои  мардуми  ин  диёр баррасӣ  шудаанд.  Мо  дар  таълифи  мақолаи  худ  аз  манобеи  зикршуда истифода бурда, ба таври куллӣ дар бораи боварҳои сокинони Бадахшон сухан  меронем.  Мақола  бештар  хусусияти  тасвирӣ  дошта,  фақат  баъзе нуктаҳо таҳлилу баррасӣ мегарданд. 

Боварҳо оид ба ҷирмҳо ва ҳаводиси кайҳонӣ.  Тасаввурот дар бораи осмон,  ҷирмҳои  кайҳонӣ  ва  падидаҳои  дигари  табиат  ҳеҷ  гоҳ  ба  таври тасодуфӣ ба вуҷуд намеоянд, ин қабил боварҳо ва донишҳо дар заминаи устураҳову донишҳои динии ибтидоӣ шакл мегиранд. Чунин донишҳо дар бораи  офтоб,  моҳтоб,  ситораҳо  ва  ҳаводиси  кайҳонӣ  нисбат  ба  дигар намуди бовару тасаввурот камтар ва дертар ба тағйирот дучор меоянд, зеро эътиқод ва тақаддус мардуми авомро водор ба бовар кардан менамояд.  Ҷирмҳои осмонӣ аз даврони қадим мардуми Бадахшонро ба худ ҷалб карда, боиси эҷоди як силсила боварҳову устураҳо гаштаанд. Дар боварҳои мардуми Вахон ва Ишкошим офтоб ҷирми осмонии бузург ва муқаддас ба шумор меравад. Муҳаққиқон М.С. Андреев ва А.А. Половтсов боварҳои марбути ба офтобу моҳтобро дар ин минтақа мушоҳида карда, аз он ҷумла қайд  намудаанд,  ки  мардуми  Ишкошим  ба  номи  офтоб,  яъне“Сари Ремузд” – гуфта, қасам мехўранд.  Дар Вахон бо таъбири“Сари ир” ва дар Ғорон бо ибораи“Сари Офтоб” савганд ёд мекунанд. Қасами мазкур хеле боэътибор  буда,  мардум  бовар  доранд,  ки  касе  қасамашро  шиканад,  ё бардурўғ савганд ёд кунад, аз ҷониби офтоб ҷазо хоҳад гирифт. 

Ин ақида решаҳои амиқе дар асотир ва одобу русуми меҳрпарастӣ до-рад. Меҳр дар Авесто дар шакли Митра зикр шуда, эзади фурўғу рўшноӣ ва паймоншиносиву садоқат аст. Дар замонҳои хеле қадим, ки қавмҳои ориёӣ дини митроизм ё меҳрпарастӣ доштаанд, Митра ҳамчун худои осмони пур-нур парастиш мешуд ва яздони бузургу муқтадир ба шумор мерафт. Вази-фаи ў назорат кардани паймоншиносӣ ва садоқат ба қавлу аҳд будааст. Ҳар касе аз мардумон агар ба аҳдашон вафо накунанд ва ё паймон шикананд,  онҳоро меҳрдуруҷ ва ё меҳрфиреб меномиданд. Меҳрдуруҷон ба хашми эза-ди  Меҳр  гирифтор  мегаштанд.  Агар  хонахудо  ё  деҳхудо  ё  шаҳрбон  ё  шаҳриёр меҳрдуруҷ бошад, Меҳри хашмгини озурда, хонаву деҳу шаҳру кишвару бузургони хонавода ва сарони рустову сарварони шаҳру шаҳриё-рони кишварро табоҳ кунад.

 

Дилшод Раҳимӣ

Шакли комили мақоларо аз шумораи 4-ум (соли 2018)-и маҷаллаи “Паёмномаи фарҳанг” мутолиа намоед.

Боргирӣ: farhang-2018-04.pdf