Боздид аз намоиши «Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ» -и Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Санаи 04.03.2022 як гурӯҳ ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот аз намоиши «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» -и Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Намоиши «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» бори аввал дар қитъаи Аврупо дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса бо сарпарастӣ ва иштироки бевоситаи  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон 13 октябри соли 2021 ифтитоҳ карда шуд. Дар муддати се моҳ сокинон ва меҳмони шаҳри Париж имкон пайдо карданд, ки ба таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик шинос шаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳангоми суханронӣ дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил намудани намоиши «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дастур дода буданд. Мақсад аз ташкил намудани ин намоиш, пеш аз ҳама, бархудор намудани мардуми Тоҷикистон аз таъриху фарҳангии куҳани хеш мебошад. Бо мақсади амали намудани дастури Пешвои миллат намоиши «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар яке аз толорҳои экспозитсионии шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёнаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳайси як махзани бузурги фарҳангӣ дар самти гирдоварӣ, омӯзиш, тармиму таҳким ва тарғибу ташвиқи мероси таърихию фарҳангии кишварамон пайваста силсилаи чорабиниҳои муҳимро ташкил менамояд.

Дар намоиши «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» беш 300 ашё ва коллексияи осорхонавӣ, ки дар натиҷаи ҳафриётҳои бостоншиносӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бозёфт шудаанд ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки таваҷҷуҳи ҳар тамошобинро ба худ ҷалб менамояд. Бахсус бозёфтҳои ёдгории Саразми бостонӣ: аз қабили табарҳои биринҷӣ, амуди санги салтанат, зарфи мармарӣ, пораҳои лоҷвард, ороиши дувоздаҳгӯша, зарфи  мунаққаши сафолӣ, 49 муҳраи тиллоии ашрофзани саразмӣ ва ғайра, ки дорои таърихи 5500 сола буда аз рушди таъриху фарҳанги пурғановати ин давраи таърихии миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Ёдгории Саразми бостонӣ аз ҷониби созмони байналмилалии ЮНЕСКО ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эътироф шудааст, ки боиси ифтихори ҳар сокини мамлакат мебошад.  Дар баробари бозёфтҳои Саразми бостонӣ ҳамчунин бозёфтҳои арзишманди дигари давраҳои таърихии Тоҷикистон, ки шуҳрати ҷаҳониро касб намудаанд ва дар натиҷаи фаъолияти пурсамари ҳафриётҳои бостоншиносӣ ба даст омадаанд, аз арзиши баланди илмӣ ва таърихӣ бархурдор мебошанд, аз ҷумла: ороишоти тиллоӣ ва маснуоти устухониву сангини ёдгории Тахти Сангин, деворнигораҳои машҳури шаҳри Панҷакенти қадим, кандакориҳои ҷӯбии сухташудаии шаҳри Бунҷикат, муҷассамаҳои буддо ва роҳибони Дайри Буддоии Аҷинатеппа, донаҳои шоҳмоти шаҳри Ҳулбук ва ғайра дар намоиши мазкур гузошта шудаанд.

Ҳамин тавр, аз тамошои  намоиши «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ», ки бо ташаббуси кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон созмон дода шудааст,  ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот аз таъриху фарҳанги  пурғановати хеш як ҷаҳон таассуроти нек бардоштанд.

 

 

Фирдавс ШАРИФЗОДА,

н.и.т. ходими пешбари илмии шуъбаи

фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангии ПИТФИ 

барчасп: