Табрикоти директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба муносибати ҷашни Наврӯз

Наврӯз қадимтарин ва фархундатарин ҷашн дар рӯйи олам мебошад. Он паёмрасони эҳёи табиат, мубаллиғи беҳтарин арзишҳову ғояҳои инсонӣ, пайвандгари дӯстию амонӣ, ваҳдату ягонагии инсону табиат, оғози корҳои кишоварзию боғдорӣ ва ғайра ба шумор меравад.

Наврӯз ба ягон воқеаи таърихии иҷтимоӣ ва ё лашкаркашию забткорӣ иртибот надорад, балки он бар асоси ҳодисаи тавозуни табиат, баробар шудани рӯзу шаб бунёд ёфтааст. Аз ин рӯ, муҳаққиқон онро ҷашни эътидоли табиат, ҷашни адлу инсоф хондаанд.

Дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз мавриди баррасӣ қарор ва тасвиб ёфта буд. Дар қатънома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» таҷлил гардад. Аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз даъват карда мешавад, ки ҳамасола онро бошукӯҳ ҷашн гирифта, дар густариш ва рушду таблиғи суннатҳои Наврӯз саҳмгузор бошанд. Муассисаҳои илмии кишварҳои мазкур бояд таърих, одобу русум ва анъаноти неки Наврӯзро таҳқиқ карда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.

Дар таҳкиму тақвият, эҳёву рушд ва муаррифии Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст. Бо сиёсати хирадмандона ва фарҳангдӯстона ба Пешвои муаззами миллат муяссар шуд, ки  наслҳоро ба аслҳо бипайвандад, миллати соҳибтамаддуни тоҷикро машҳури ҷаҳон гардонад ва барои рушди тамоми соҳаҳои кишвар заминаҳои устувор гузорад. Маҳз бо ибтикори ӯ ҳамасола дар вилояту шаҳру ноҳия, ҷамоату деҳот, мактабҳои миёнаву олӣ, муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ иди Наврӯз бо шукӯҳу ҷалол ва ҷумлаи суннатҳояш ҷашн гирифта мешавад. Худи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Наврӯз бо зиёиёну фарҳангиён ва фаъолони мамлакат мулоқотҳо барпо намуда, дар суханрониҳои хеш вазифаю арзишҳои волои ҷашни Наврӯз ва аҳамияти онро дар раванди таҳкими ҳувияти миллӣ ва ваҳдату дӯстии мардуми ҷумҳурӣ ва ҷаҳониён таъкид менамоянд.

Дар фазои тарабафзои баҳор, бо шукру ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, аҳли фарҳанг ва ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷашни Наврӯзи фархундапай табрику таҳният гуфта,  ба шумо тандурустӣ, сарбаландӣ, комёбиҳои пай дар пайи эҷодӣ ва дар хонадонатон файзу баракату дар кишвар осмони софу сулҳу амонӣ орзумандам!

Наврӯзатон фирӯз бод, ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

барчасп: