Бархе аз дастовардҳои Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар соли 2015

Шариф Комилзода

Кормандони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ва¬зорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд ПИТФИ) дар соли 2015 пажўҳишҳои илмиро бо назардошти ниёзҳои воқеии илмӣ-амалии соҳаи фарҳангу ҳунар, тибқи талаботи мавзўи илмии “Самтҳои асосӣ ва дурнамои рушди фаъолияти муассисаҳои фарҳангию иҷтимоӣ (солҳои 2011 – 2015)” № 01011 ТД 066 роҳандозӣ намуда, дар татбиқи лоиҳаҳои “Созмондиҳии бойго¬нии иттилоотӣ оид ба фарҳанг” (барои солҳои 2013-2015) ва «Ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии захираҳои иттилоотии ҳуҷҷатишудаи халқи тоҷик» (барои солҳои 2014-2016) саҳм гирифтанд. Чиҳати мукаммал гардонидани «Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ» ва пешниҳоди намунаҳои барҷастаи унсурҳои миллии мероси фарҳанги ғайримодии халқи тоҷик ба ЮНЕСКО низ таҳқиқот доир намуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби ходи¬мони илмии ПИТФИ лоиҳаҳои 4 мавзўи илмӣ: «Тадқиқи равандҳои инноват¬сионии соҳаҳои фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикитстон дар шароити ҷаҳонишавӣ» (барои солҳои 2015–2019); «Таҳқиқ ва ҳуҷҷатикунонии унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар» (барои солҳои 2016–2020); «Равандҳои инноватсионии фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ дар муҳити ҷаҳонишавии фарҳанг» (барои солҳои 2016–2020); «Вазъ ва дурнамои матбуоти маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (барои солҳои 2016–2020) ва лоиҳаи «Созмондиҳии бойгонии иттилооти илмӣ дар соҳаи китобдорӣ» (барои солҳои 2016–2018) таҳия ва пешниҳод шуд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории онҳоро дастгирӣ намуд.

Соли 2015 ходимони ПИТФИ пажўҳишҳои илмиву сотсиологиро дар сам¬ти омўзиш ва таҳқиқи масоили таърихи фарҳанг ва ҳунар, санъати театрӣ, мусиқӣ, рақсӣ, фаъолияти муассисаҳои фарҳангиву иҷтимоӣ, сайёҳӣ, китобдорӣ, осорхонашиносӣ, табъу нашр, тавсифи жанру унсурҳои фолклорӣ, касбу ҳунарҳои мардумӣ, ҷашну маросимҳои миллӣ, фазои иттилоотӣ ва фарҳангии ҷомеа, идома доданд. Тавассути баргузории экспедитсияҳои илмӣ ва сафарҳои хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, вазъи воқеии фаъолияти муассисаҳои фарҳангию иҷтимоӣ мавриди баррасиву омўзиш қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ходимо¬ни ПИТФИ ба шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Турсунзода, ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав сафар намуда, чиҳати ҷамъоварии мавод, ҳуҷҷатнигорӣ ва таҳияи «Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ» ва матни му-каммали номинатсияи «Фарҳанги оши палав» саҳм гузоштанд. Ҳамзамон дар Фестивали байналмилалии «Абрешим ва адвиёт» (28 май - 1 июни соли 2015, шаҳри Бухоро) ширкат варзида, соҳиби сертификат гардиданд. Дар ин сафар та¬вассути мушоҳида, мусоҳиба, аксбардорӣ ва сабти видео маводи хеле гаронбаҳои этнографӣ ҷамъоварӣ карда шуд. Аз ҷумла, беш аз 500 аксҳои ёдгориҳои таъри¬хию фарҳангӣ, мавзеъҳои табиӣ, намунаҳои либосу матоъ, ашёи суннатии рўзгор, нақшу нигорҳои тоҷикӣ, касбу ҳунарҳо, санъати мардумӣ, 12 файли видеоии касбу ҳунарҳои халқӣ сабт гардид. Маводи гирдомада барои пешбурди корҳои илмию амалӣ ва бунёди сарчашмаи ягонаи иттилоотӣ оид ба ҳамаи намудҳо ва самтҳои мероси фарҳангии тоҷикон муфид мебошад. Таҳқиқоти сотсиологии дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов доиршуда собит намуд, ки дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангиву иҷтимоӣ дар радифи комёбиҳо норасоиҳо низ вуҷуд доранд ва тақозо мекунанд, ки бо назардошти талаботҳои замони муосир шаклу усулҳои наву самарабахши хизматрасонӣ дар фаъолияти ин муассисаҳо ҷорӣ карда шавад. Масъалаи дигаре, ки таҳқиқот собит намуд на ҳамаи аҳолии вилоят аз хизматрасонии ин муассисаҳо бархурдоранд. Якчанд омилҳое мавҷуданд, ки ин равандро халалдор месозанд: аз ҷумла, на¬донистани забони давлатӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилоят; таъсири ворид шудани фарҳанги бегона (яъне пахши барномаҳои садо ва симои моҳворавии давлатҳои ҳамсарҳад); ба таври пурра ва бо сабабҳои техникӣ фаъол набудани садо ва симои давлатӣ. Таҳқиқоти дар ноҳияҳои Рашт, Ҷиргатол ва Тоҷикобод баргузоршуда нишон дод, ки дар муқоиса ба солҳои пешин мақсаду вазифаҳои фарҳанги миллӣ бо роҳи ислоҳоти ҷузъӣ таҷдиди назар шуда бошанд ҳам, вале сифати фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ, мазмуну мундариҷаи он, сатҳи маъна¬виёти шаҳрвандон, бахусус дар деҳот, ҷомеаро пурра қонеъ карда наметавонад. Ҳоло шумораи зиёди шаҳрвандони ин навоҳӣ ба фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ фаро гирифта нашудаанд.

Бо мақсади омўзиш ва ҷамъоварии мавод оид ба тавзеҳи рақси тоҷикӣ ва ҳунарҳои бадеии халқӣ, ходимони илмии ПИТФИ дар ноҳияҳои Ашт, Шаҳритуз, Муъминобод экспедитсияҳои илмӣ баргузор намуданд. Гурўҳи корӣ дар ин ноҳияҳо бо ҳунармандони мардумӣ, устоҳо, санъаткорон ва сокинони маҳал суҳбатҳои фарҳангӣ доир намуда, ба хусусиятҳои хоси намудҳои мухталифи эҷодиёти халқ, аз қабили эҷодиёти ҳаваскории бадеӣ ва эҷодиёти ҳунарҳои мардумӣ аз наздик ошно шуданд. Бештар оид ба тарзу усули дўхтани гулдўзиву чакандўзӣ, нозукиҳои ҳунарҳои адрасбофӣ, қолинбофӣ, сабадбофӣ, ресандагӣ, иҷрои вежагиҳои рақси мардонаву занона, суруду таронаҳои анъанавии маҳалӣ ва ғайра маълумот гирифтанд.

Натиҷаи таҳқиқотҳои анҷомдодаи гурўҳи корӣ аз ин экспедитсияҳо дар шакли хаттӣ (намунаҳои рақс – 36 номгўй, бозиҳои кўдакона – 119 номгўй, ҳунари гулдўзӣ – 32 нақш, расму оинҳои халқӣ – 58 номгўй, хўрокҳои миллӣ – 31 номгўй, намунаҳои фолклорӣ – 80 номгўй, феҳристи ҳунармандон – 108 нафар), аксҳо (1205 адад), сабтҳои овозӣ (607 дақиқа) ва видеоӣ (1045 дақиқа) ҷамъоварӣ карда шуд. Ин мавод имкон медиҳад, ки мазмуну муҳтаво ва сохтори «Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ» такмил ёбад ва дар он намунаҳои нави эҷодиёти халқ ворид шавад.

ПИТФИ соли 2015 дар баробари таҳқиқи самтҳои гуногуни ҳаёти фарҳангии ҷомеа ва роҳандозии корҳои илмӣ, инчунин дар ташкилу баргузории кон¬фронсу семинарҳо, мизҳои мудаввару ҳамоишҳои илмӣ, аз қабили: «Артиши миллӣ кафили сулҳу субот», «Ҷомеаи муосир: мушкилот, ғояҳо ва дурнамои он дар фазои иҷтимоии фарҳангӣ», «Модар - сарчашмаи меҳру вафо», «Ар¬тиши миллӣ кафили сулҳу субот», «Матбуот дар даврони рушди расонаҳои электронӣ», «Наврўз – пайвандгари тамаддунҳо», «Китоб – умдатарин неруи тамаддуни башарӣ», «Сабақҳои таърихӣ», «Масоили рушди санъатшиносӣ дар Тоҷикистон», «Ваҳдати миллӣ - асолат ва дастовардҳои он», «Ваҳдати миллӣ-дастоварди арзишманди даврони истиқлол», «Ҷойгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ», «Ваҳдати фарҳанги миллӣ-омили асосии раҳоӣ аз зуҳуроти ифротгароӣ», «Рушди фарҳанги миллӣ дар давро¬ни истиқлол», «Ҷойгоҳи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дар адабиёти тоҷик», «Нақши Ҳисори Шодмон дар рушду нумўи фарҳанги миллӣ», «Ҷойгоҳи фа¬лак дар мусиқии тоҷик», «Мушкилоти ҳифз ва рушди анъанаҳои фарҳангии тоҷикон дар шароити ҷаҳонишавӣ», «Пардаи зеру бами созу наво» (дар за¬минаи эҷодиёти Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ҷўрахон Обидпур), «Нақши Конститутсия (Сақонун) дар таҳкими маърифати фарҳангии ҷомеа», «Ҷойгоҳи парчам дар худшиносии миллӣ», «Интихоби Пешвои миллат – зарурияти воқеии давлатдории навини тоҷикон», «Ҳифзи мероси фарҳангӣ ва аҳамияти он дар тарбияи худшиносии миллӣ», «Фарҳанги оила дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» саҳм гузошт.

Дар доираи чорабиниҳои баргузоршуда таваҷҷуҳ бештар ба масъалаҳои мубрами фарҳангу ҳунари миллӣ, баррасиву таҳлили муаммоҳои ҷойдошта ва пешниҳоди тавсияномаҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда, ҷойгоҳи фарҳанги миллӣ дар ваҳдати умумибашарӣ, рушди маърифати фарҳангии ҷавонон ҳамчун омили пешгирии гаравидани онҳо ба ифротгароӣ, нақши осори бадеӣ дар иф¬шои таассуб ва хурофоти мазҳабӣ, зоҳир карда шуданд. Ҷараёни баргузорӣ ва натиҷаи чорабиниҳо тавассути воситаҳои ахбори омма - шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳо пахш гардида, дар саҳифаҳои маҷаллаҳои «Адаб» (2015. – №3-4. – С. 149, 158-159), «Тоҷикистон» (2015. – №11-12. – С. 7), «Паёмномаи фарҳанг» (2015. – №3(31). – С. 120 –122), рўзномаи «Ҷумҳурият» (2015. – 17 июл, 20 август, 6 октябр, 24 декабр), ҳафтаномаҳои «Омўзгор» (2015. – 17 июл), «Минбари халқ» (2015. – 5 август, 2 сентябр, 30 сентябр, 16 декабр), «Адабиёт ва санъат» (2015. – 13 август), «Баҳори Аҷам» (2015. – 18 июн, 14 август, 19 август, 8 сентябр, 18 сентябр, 5 октябр, 10 октябр, 21 декабр) ва дигар нашрияҳо ба табъ расиданд. Ҳамзамон олимони ПИТФИ дар 50 чорабиниҳои муҳими илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, суханронӣ намуданд.

Соли 2015 аз ҷониби ходимони илмии ПИТФИ 293 номгўи маводи чопӣ, аз қабили рисолаву маҷмўаҳои илмӣ, мақолаву тақризҳо, барномаву дарсномаҳо, дастурҳои таълимию методӣ ва китобномаҳо ба табъ расид. Аз ҷумла, «Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ» бо теъдоди 200 нусха интишор ёфт. Ҳамзамон, 4 шумораи маҷаллаи илмию таҳлилии «Паёмномаи фарҳанг» ва ҷилди дуюми маҷмўаи таҳқиқотҳои олимони муассиса таҳти унвони “Осор” дар ҳаҷми 480 саҳифа нашр шуд. 58 мақолаи энсиклопедии ходимони илмии ПИТФИ ба «Донишномаи фарҳанги мардум» ворид шуд.

Натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии ходимони ПИТФИ масоили муҳимми фарҳанги миллии моддиву ғайримоддӣ, роҳҳои рушду такомули он ва бар¬тарафсозии камбудиву монеаҳои ҷойдошта, баланд бардоштани тафаккур ва сатҳи фарҳангиву хештаншиносии аҳли ҷомеа, ҳифзу эҳёи суннат ва расму оини мардумӣ, таълиму тарбияи насли наврас дар рўҳияи фарҳангу тамаддуни куҳанбунёди миллӣ, даст кашидан аз унсурҳои зараровари фарҳанги бего¬на ва амсоли инро дарбар гирифта, барои таҳияи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, пешниҳодот, нақшаҳои дурнамо, консепсияву номинатсияҳо, барномаҳо оид ба рушди соҳаҳои гуногуни фарҳангу ҳунар ва иттилоот, тарбияи кадрҳои илмии соҳа муфид мебошанд. Бахусус ин дастовардҳои илмии олимони ПИТФИ-ро мутахассисону муҳаққиқон, омўзгорону муҳассилони факултаҳои фарҳангшиносӣ, мусиқишиносӣ, рўзноманигорӣ, китобдорӣ ва иттилоотшиносии донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, мактабҳои мусиқӣ, коллеҷҳои фарҳангу ҳунар ва кор¬мандони муассисаҳои фарҳангиву фароғатӣ, китобхонаву осорхонаҳои ҷумҳурӣ, мавриди истифода қарор медиҳанд.

Соли 2015 ПИТФИ бо пажўҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишгоҳи славянии Русия -Тоҷикистон, Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сат¬торов, Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар самти ташкил ва баргузор на¬мудани конфронсу симпозиумҳо, семинару ҳамоишҳои илмӣ, таҷрибаомўзии донишҷўён, таҳияву пешниҳоди номинатсияҳо, интишори маҷмўаҳои илмӣ, барномаву дарсномаҳои таълимӣ, тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар аспирантураву докторантура, такмили ихтисоси кормандони соҳа ҳамкорӣ дошт. Ҳамзамон, ҳамкориҳои мутақобилаи илмӣ бо Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Маскав, Академияи давлатии фарҳанг ва санъати Челя¬бинск, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Чувашистон, Китобхонаи илмии электронии Россия, идораи маҷаллаҳои «Библиография», «Библиотечная Ассамблея Евразии» густариш ёфт.

Муаллиф: Шариф Комилзода
Баргирифта аз  маҷаллаи «Паёмномаи фарҳанг» 2015, № 4 (32) 

барчасп: