Андешаи раднопазир аст, ки тамоми соҳаҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав барқарор гардида, ҳамаҷониба рушду тараққӣ намуданд, ки ин ҳама бегумон ба сиёсати фарогири Пешвои миллат алоқаманд мебошанд. Аз ҷумла сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соҳаи фарҳанги кишвар тамоман тағйир ёфта, инфрасохтори он дар саросари Мамлакат ба тараққиёти назаррас ноил гардид. Ба бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангии кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд, ки чунин таваҷҷуҳи созанда дар рушди ин соҳа саҳми назаррас гузошт.
Ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт аз ҷумлаи гушаҳои зебоманзари диёр мебошанд, ки соҳаи фарҳанги онҳо мавриди ғамхории Пешвои Муаззами миллат ва Ҳукумати марказию маҳаллӣ, ҳамзамон соҳибкорони ватандӯсти кишвар қарор гирифта, дар даврони истиқлолият рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. Пажуҳиш нишон дод, ки дар ноҳияҳои мазкур 2 Қасри фарҳанг, 15 хонаи фарҳангӣ, 4 клуб, 4 боғ, 2 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ба истиснои осорхонаҳои хурду бузурги дигар ва 59 китобхона фаъолият мекунанд. Дар раванди сафари кории мо кормандони Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот муассисаҳои фарҳангии ноҳияҳои мазкур ба таври дақиқона мавриди боздид ва пажуҳиш қарор гирифтанд, бо роҳбарон ва кормандони онҳо вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои онҳо пурсишномаҳои сотсиологӣ гузаронида шуд. Ба 30 нафар роҳбарон ва кормандони муассисаҳои фарҳангӣ анкетаҳои сотсиологӣ тақсим намудем ва ба суолҳо ҷавобҳои мушаххасу муайян гирифтем. Пурсишномаҳои мо 30 ададро ташкил дода, дар идомаи корҳои пажуҳишӣ ҳамчун манбаи муътамад мавриди истифода қарор мегиранд. Суолҳои матраҳшавандаро дар ҳамкорӣ бо респандентон омӯхта, ҷавобҳои санҷидаву дақиқ ба даст овардем, ки дар баҳогузорӣ ва арзёбии мавзӯи мавриди назар ва таълифи мақолаҳо ҳамаҷониба мусоидат хоҳанд кард. Ҳамзамон дар раванди пажуҳиш 450 адад акс, 30 адад навори видеоӣ, 20 адад сабтҳои аудиоӣ ва дигар маводи заруриро бо худ овардем, ки вазъу ҳолати кунунӣ ва фаъолияти имрӯзаи онҳоро нишон медиҳанд.
Аз раванди пажуҳиш маълум гардид, ки бо вуҷуди камбудиҳо фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ноҳияҳои мазкур назаррас буда, барои беҳтар гардонидани натиҷаи онҳо кушиш ба харҷ дода мешавад. Вазъи биноҳои қасрҳои фарҳанг, хонаҳои фарҳангӣ, клубҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва майдонҳои боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар ҳолати хуб қарор дошта, аз ҷониби масъулин мавриди нигоҳубин ва таъмиру тармими пайваста қарор мегиранд. Бинои наву замонавии Қасри фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод аз нав, бо тарҳи муосир бунёд гардида, бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Пешвои Муаззами миллат расман 12 сентябри соли 2024 ифтитоҳ гардида, ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад. Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бошад соли 1983 бунёд ёфта, аз замони Шӯравӣ мерос мондааст ва чандин маротиба таъмиру тармим ва азнавсозӣ гардидааст. Аз мушоҳидаҳо ва пурсишҳои сотсиологӣ маълум гардид, ки бинои Қасри фарҳанги н. Тоҷикобод пурра ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯ буда, бинои Қасри фарҳанги н. Рашт бошад, таъмирталаб мебошад, аммо толори бузургу барҳавои намоишияш соли 2016 аз таъмир бароварда шуда, пурра ба талабот ҷавобгӯ аст. Имрӯз дар кохҳои фарҳанги мазкур барномаҳои консертӣ, намоишномаҳои театрикунонидашуда, маҳфилҳои эҷодӣ, маҳфилҳои худфаъолияти бадеӣ, шабҳои эҷодӣ, шабҳои базму суруд ва ғайра ба таври доимӣ барпо карда мешаванд, ки дар тараққии соҳаи фарҳанги маҳал бетаъсир нестанд. Дар шароити рушди воситаҳои технологӣ қасрҳои фарҳанги ноҳияҳои мазкур тақрибан бо технологияи замони муосир муҷаҳҳаз буда, соҳиби компютер, принтер, прожектор, сканер, баландгӯяк, чароғҳои ранга, воситаҳои ороишии саҳна мебошанд.
Фаъолияти хонаҳои фарҳангии н. Тоҷикобод ва н. Рашт низ дар ҳолати хуб қарор дошта, дар онҳо шароит фароҳам аст. Бо асбобу лавозимоти мусиқӣ муҷаҳҳаз буда, пайваста чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ба роҳ мемонанд. Нуқсон дар он аст, ки хонаҳои фарҳангии н. Рашт биноҳои алоҳида надоранд ва онҳо дар биноҳои ҷамоатҳо ҷой дода шудаанд. Осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии ноҳияҳои мазкур низ фаъол буда, ҳамеша дари онҳо ба рӯи тамошобинон боз аст. Онҳо бо теъдоди 524 ва 700 экспанат ва ё нигораҳои таърихӣ, ки давраҳои биринҷ, оҳан, асримиёнагӣ, нав ва соҳибистиқлолиро дар бар мегиранд, амал намуда, ҳамасола аз 1000 то 3000 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ва умуман дӯстдорону ҳаводорони осорхона аз онҳо дидан менамоянд.
Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияҳои мазкур низ бо шароити муосир фароҳам мебошанд. Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии н. Тоҷикобод 600 адад дарахтони сояафкан, 120 адад дарахтони мевадор мавҷуд буда, 30 дарсади онро гулҳои ороишӣ ташкил медиҳанд. Шумораи арғунчаку чархофалакҳо ба 3 адад мерасанд, илова бар ин таҷҳизоти дилхушиву фароғатӣ барои кӯдакон насб гардидааст. Ҳамзамон 6 адад чароғакҳои ранга майдон ва атрофи боғро равшанӣ бахшида, ба он зиннати махсус ато мекунанд. Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии н. Рашт бошад 5 адад арғунчакҳо, 1033 адад дарахтони сояафкан, 3 адад мевадор мавҷуд буда, 35 дарсади боғро гулҳои ороишӣ иҳота мекунанд. Дар боғҳои мазкур чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатии рӯзи модарон, иди Наврӯз, рӯзи Ғалаба, ҷашни Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Президент ва ғайра гузаронида мешаванд. Бо вуҷуди фаъолияти пайваста ва назаррас боғҳо аз камбудӣ орӣ буда наметавонанд. Аз ҷумла мавҷуд набудани воситаҳои техникӣ, ба монанди компютер, принтер, сканер, воситаҳои тақвияти садо, воситаҳои ороишии саҳна, нақлиёти хизматрасонӣ ва ғайра. Саволи он ки “Барои беҳтар намудани фаъолияти боғ кадом монеаҳо вуҷуд доранд?”, нишон додааст, ки нарасидани мутахассисони касбӣ, нарасидани маблағҳои зарурӣ ва маоши кам, оби нӯшокӣ, иншооти ёрирасон, аз қабили ҳоҷатхона ва воситаҳои равшанидиҳанда аз ҷумлаи камбудиҳо мебошанд.
Китобхонаҳо яке аз муассисаҳои муҳими соҳаи фарҳанг ба шумор рафта, фаъолияти онҳо дар ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт дар ҳолати рушду тараққӣ қарор доранд. Имрӯз онҳо ба давлатию хусусӣ ҷудо гардида, теъдоди онҳо ба 59 мерасад. 15 адад дар н. Тоҷикобод ва 44 адад дар н. Рашт бо фонди умумии 187298 адад китоб амал мекунанд. Китобхонаи марказии бахши фарҳанги н. Рашт бо теъдоди 11795, китобхонаи бачагона бо теъдоди 10123 ва китобхонаҳои сатҳи деҳот бо теъдоди 124602 нусха китоб фаъолият менамоянд. Шумораи хонандагони китобхонаи марказӣ соли 2023 1560, китобхонаи бачагонаи бахши фарҳанг 790, дар маҷмӯъ хонандагони китобхонаҳои н. Рашт дар давоми як сол ба 12984 мерасад. Дар китобхонаҳои н. Рашт дар 2 соли охир вобаста ба санаҳои сиёсию фарҳангӣ 21 ҳамоиш-конференсияи илмӣ-амалӣ, 2 семинари омӯзишӣ, 2 конференсияи илмӣ-амалӣ, 5 озмуни хурд дар мавзуъҳои қироати шеъри беҳтарин дар васфи модар, иншои озод дар мавзӯъҳои “Тоҷикистон – Ватани Наврӯз аст” ва “Ман аскари туам Ватан” дар китобхонаи бачагона ва дар китобхонаҳои деҳот 21 адад конференсия ва 20 адад озмунҳои хурд гузаронида шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки муассисаҳои фарҳангӣ барои зиннату зебоӣ, нишон додани ҳашамат, афзудани теъдоди онҳо ва ҳисоботи хушку холӣ набуда, балки дар пай рисолати созанда ва ҳадафҳои олӣ доранд, ки пайи амалӣ сохтани он бештар кӯшидан ба манфиати кор аст. Хусусан дар замони ҷаҳонишавӣ, таҳоҷуми фарҳангҳо ва хатарҳои фаромарзӣ, аз қабили терроризму экстремиз, нақши онҳо бозҳам муҳимтар мегардад. Чунки фарҳанги миллӣ бо тамоми аносираш неруи созанда дошта, аз ҷумлаи рисолатҳои аҳамиятнокаш ҳифзи мардум, хусусан ҷавонон аз хатарҳои замони муосир мебошад. Рисолати барномаҳои созандаи муассисаҳои фарҳангӣ дар замони муосир вусъат ёфта, ба паҳлуҳои мухталифи ҳаёти сокинони маҳал дахл мекунад. Ҳалли мушкилоту проблемаҳои фардию оилавӣ ва ислоҳи хулқу атвори сокинон яке аз вазифаҳои муассасоти фарҳангӣ ба шумор рафта, фаъолият дар ин самт бояд ҷоннок карда шавад. Худогоҳӣ, худшиносии миллӣ, эътирофи таърихи куҳани миллат, пур сохтани майнаҳои тиҳӣ, нигоҳ доштани афкору ақоиди саҳеҳу дурусти мардум, хусусан ҷавонон ба барномаҳои ҳадафнок ва махсус тарҳрезигардидаи театру синамо, қасрҳову хонаҳои фарҳангӣ рабт дорад.
Бояд гуфт, ки теъдоди ҳангуфти одамон, ки аз боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, осорхонаҳо дидан менамоянд ва аз барномаҳои фарҳангию фароғатии кохҳову хонаҳои фарҳангӣ бархурдор мегарданд, муайянкунандаи таъсир ва тағйири сулуки онҳо буда наметавонад. Гузашта аз пурсишномаҳои сотсиологӣ, ки бо роҳбарону кормандони муассисаҳои фарҳангӣ гузаронида мешавад, бо сокинони маҳал, хусусан бо онҳое, ки ба боғҳои фарҳангӣ-фароғатю осорхонаҳо ворид мегарданд ва ононе, ки аз барномаҳои қасрҳову хонаҳои фарҳанг ва театру синамо истифода мекунанд, пурсиш гузаронида мешавад. Аз ҷумлаи суолот барои сокинони маҳаллӣ сатҳи таъсиррасонии муассисаҳои фарҳангӣ бояд бошад, ки бо ин васила дараҷаи таъсирпазириро муайян карда метавонем. Чунки аз ҳазор нафар иштирокдори барномаҳои фарҳангӣ, шояд теъдоди ками онҳо таъсир гиранду манфиат бардоранд ва дар ҳаёти рӯзмарра ислоҳот ворид созанд. Бо ин усул метавон роҳҳои беҳбуд бахшидани фаъолияти онҳо, хусусан таъсирашон ба афкору рафтори сокинон, беҳтар карда шавад.
Мо барои баҳогузорӣ ва муайян намудани ин паҳлуи масъала бо чанде аз сокинони ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт ҳамсуҳбат шудем ва бо суолҳои “Ба хонаҳои фарҳангӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, осорхонаҳо меравед ва аз тамошои онҳо ва барномаҳои онҳо чӣ таъсир мебардоред?”, ҷавобҳои “Ба чунин маконҳо умуман намеравам”, “Дар бораи онҳо ягон маълумот надорам”, “Ба боғҳо танҳо барои истироҳат меравам”, “Ба осорхонаҳо ва клубҳо меравам аммо ҳеҷ фоида намегирам”, “Меравам ва аз гузаштаи худ огоҳ мешавам”, “Таърихи гузаштаи миллатро меомӯзам”, “Нисбати бузургону абармардони миллат маълумот мегирам” ҷавоб гирифтем. Аз пурсишҳои оммавӣ маълум гардид, ки баъзеҳо аз зиёрати осорхонаҳо, барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва тамошои боғҳо таассуроти созанда мегиранд, аммо иддаи зиёди мустафидони барномаҳои клубҳову хонаҳои фарҳангӣ ва осорхонаҳо ҳадафноку мақсаднок набуда, барои фориғболиву вақтгузаронӣ мераванд. Бояд гуфт, ки дар ин самт саҳм ва нақши роҳбарону кормандони муассисаҳои фарҳангӣ камтар ба назар мерасад.
Дар умум аз мушоҳидаҳо ва таҳқиқу баррасии натиҷаи сафари таҳқиқию пажуҳишии крмандони Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, ки ба ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт равона гардида буд, маълум гардид, ки вазъу ҳолати кунунии биноҳои муассисаҳои фарҳангии ноҳияҳои мазкур дар ҳоли хуб ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ қарор доранд. Фаъолияти онҳо низ ба андозаи муайян ва чашмрас ба роҳ монда шуда дар самти таъсиррасонӣ ба фарҳангу маънавиёти сокинонони маҳал ва умуман мардуми кишвар таъсири мусбат мерасонанд. Аз ин лиҳоз баҳои мунсифона он аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи фарҳанги ноҳияҳои мазкур тараққӣ намуда, аз нуқсону камбудиҳо дида, рушду равнақи онҳо бештар ба назар мерасад. Бештар гардидани таваҷҷуҳи сокинони маҳал ба муассисаҳои фарҳангӣ, барпо гардидани чораҳои фарҳангию фароғатӣ, афзудани зоирони дохилию хориҷии осорхонаҳо, бештар гардидани таваҷҷуҳ ба китобу китобхонбӣ ва дар маҷмуъ бунёд ёфтан ва афзудани теъдоди муассисаҳои фарҳангӣ дар сатҳи ноҳияҳои мазкур баёнгари тараққии ин соҳа буда метавонанд. Бо вуҷуди он дар ҳеҷ гуна зарфият наметавон аз камбудиҳои ҷойдоштаи ин соҳа, ки қисман дар боло зикр гардиданд, чашм пӯшид ва сарфи иназар кард, ки таҳлилу баррасӣ ва ҳалли онҳо бегумон омили рушду равнақи бозҳам бештари соҳаи мазкур хоҳанд гардид.
Абдуллоев Шамсуддин и.в. Мудири шуъбаи
фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ.
Шарипов Абдусамад,
Исоев Қадриддин,
ходимони пешбари илмии шуъбаи
фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ.