“НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ФАРҲАНГ”

Таҳти ҳамин унвон санаи 11-уми декабри соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”-и Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур меҳмонон аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва ходимони илмии ПИТФИ иштирок доштанд.

Кори ҳамоишро Раиси ташкилот, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илми филология Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким ҳусни оғоз бахшида ҳамагонро ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муборакбод намуд. Дар зимн ёдовар шуд, ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки мо пайваста аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат пайравӣ менамоем.

Сипас, сухани табрикотии мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзода ироа гардид. Усмонзода М. дар идомаи суханронӣ қайд намуд, ки зарурати таъсиси як ҳизби сиёсӣ дар ҳоле ба вуҷуд омад, ки ҷумҳурии тозаистиқлоли мо дар вартаи ҷанг қарор дошт. Ва хушбахтона, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, масъалаҳои зиёди мубрам баррасӣ шуданд. Аз ҷумла ташкили ҳизби сиёсӣ ҳам мавриди баррасӣ қарор гирифт. Пешниҳоди мазкур соли 1993 қабул гардида, аз 10-уми декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби сиёсӣ фаъолияташро шурӯъ кард. Ҳамчунин ӯ ёдовар шуд, ки дар зарфи фаъолияти ҳизбӣ, ки ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” низ саҳмгузор аст, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Хусусан дар ҳифзу муарраифии арзишҳои фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ ТИ “Фарҳанг” ҷидду ҷаҳд намудааст, ки ин боиси ифтихори мост.

Баъдан тибқи барнома Раиси ташкилоти ибтидоӣ А. Аминзода аз дастовардҳои ТИ “Фарҳанг” дар соли 2024 ба таври муфассал суханронӣ намуд. Зимнан Аминзода А. иброз дошт, ки аъзоёни ТИ “Фарҳанг”, инчунин дигар ходимони илмии Пажӯҳишгоҳ мунтазам дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дода мешавад, сари вақт иҷро менамоянд. Ҳамчунин тариқи телевизиону радио ва дигар ВАО оид ба ҷашнҳои миллии ниёгон Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи терроризм ва экстримизм”, Стратегияи муқовимат бо коррупсия ва муаррифии унсурҳои фарҳангӣ суханронӣ ва мусоҳибаҳо доир менамоянд. Зеро масъалаҳои болозикр бахши муҳими тадқиқоти кормандони Пажӯҳишгоҳ, аз ҷумла аъзоёни ҳизб ба шумор мераванд.

Ҳамчунин баён намуд, ки дастоварди бузургу ҷадиди мардуми тоҷик, аз ҷумла кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, ки дар соли ҷорӣ насиб гардид, ин ба Рӯйхати репрезентативии ЮНЕСКО сабти ном гардидани 2 унсури мероси фарҳангии тоҷикон: “Ҷашни Меҳргон” (муштарак бо Ҷумҳурии Исломии Эрон) ва “Санъати рубобсозӣ ва рубобнавозӣ” (муштарак бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон) мебошад.

Илова бар ин, яке аз ходимони илмии Пажӯҳишгоҳ, ки дар самти фарҳанг фаъолияти пурсамар дорад, ҷиҳати таҳияи китоби “Луғатномаи тафсирии мусиқӣ” бо Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қадрдонӣ шуд. Дар маҷмуъ дар соли 2024 ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” ба муваффақиятҳои беназир ноил гардид, ки дар ин ҷода КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамкории мутақобила дошт. Умедворем, ки дар оянда низ сафи аъзоёни ҳизб зиёд гардида, ҳамкориҳои судманд ҳам бештар хоҳанд гардид. 

Дар идомаи ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифт, ки дар он доктори илми филология Мурод Муродӣ, профессор Ҷӯрахон Обидпур, муовини Раиси ТИ “Фарҳанг” Лайло Носирова, шоири ширинкалом Саъдӣ Мирзо, сарпарасти ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” Фарида Азимова ва дигар аъзоёни ҳизб фикру мулоҳизаҳояшонро иброз доштанд.

Муродӣ Мурод қайд намуд, ки воқеан ин ҷаласаи идона буда, аз дастовардҳои 30 соли ҲХДТ қисса бояд кард. Гарчанде ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи наврасӣ қарор дорад, аммо корҳои бузургу назаррасро ба сомон расонидааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пеш аз ҳама тавонист ғояҳои миллии мардуми тоҷикро тарғибу ташвиқ намуда, барои пешрафти давлатӣ миллӣ мусоидат намояд. Хусусан дар шароити имрӯза, ки раванди ҷаҳонишавӣ дар ҷараён аст, дар контексти фаъолияти ҲХДТ масъалаҳои ифротгароӣ, терроризм ва парастиши фарҳанги бегона вазифаи асосӣ ба шумор меравад. Дар зарфи 30 соли фаъолият Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонист руҳияи созандаву бунёдкоронаро барои миллати тоҷик фароҳам оварад.

Профессор Ҷӯрахон Обидпур таъкид бар амал овард, ки ҳар як фарди ҷомеа, ҳар як шаҳрванди кишвар ба хубӣ дарк мекунад ва мебинад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои арзишманду назаррасро, аз қабили бунёди мактабу корхонаҳо, роҳу нақбҳо, нерӯгоҳҳои бузургу хурд ва амсоли инҳо ба субот расонида истодааст.

Дар идомаи мубодилаи афкор ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳ Саъдӣ Мирзо шеъри тозаэҷоди хешро қироат кард, ки мазмуни шеър фарогири ҳодисаҳои солҳои аввали истиқлолият ва дастовардҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ буд.

Дар хотимаи ҳамоиш Раиси ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” Аминзода Абдулфаттоҳ бори дигар аз Раиси КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва дигар кормандонаш изҳори миннатдорӣ намуда, ҳозиринро ба таҷлили 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳният намуд.

Ҷамшед Ғафуров

ходими калони илмӣ

барчасп: