Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки фарҳанг ҳастии миллат аст. Қавм ё миллате нест, ки бидуни фарҳанг арзи ҳастӣ карда бошад. Миллати тоҷик дорои фарҳанги бою ғанӣ буда, натанҳо дар Осиёи Миёна, балки дар дигар минтақаҳои дунё тавассути санъати волояш шинохта шудааст. Санъати рассомӣ низ яке аз шохаҳои фарҳанги миллӣ аст, ки дар он олами ҳастиро метавон дарҷ кард. Рассомӣ ё худ тасвирнигорӣ истеъдоди фитрии нафаре мебошад, ки бо истифода аз тасаввуроти бою ғайриоддӣ ва рангҳои гуногун метавонад олами навинеро офарад. Ҷиҳати такмил додани чунин истеъдод муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат амал мекунанд, ки рассомро ҳунармандони касбӣ омода менамоянд.
Дар радифи омӯзиш ва баррасии вазъи муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат Муассисаи давлатии “Мактаби кӯдаконаи санъат”-и шаҳри Турсунзода низ мавриди пажуҳиш қарор гирифт. Муассисаи номбурда аз соли 1961 инҷониб фаъолият намуда, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ (дар сафари корӣ 26.08.2021 бинои наву замонавӣ 3 ошёна аз таҳхона ва 15 синфхона, 1 толори консертӣ 1 китобхона) иборат аст, сохта ба истифода дода шуд. Айни ҳол сарварии мактабро Турсунов Садриддин бар уҳда дошта, ҳангоми суҳбат иброз дошт, ки муассиса аз рӯи 6 шуъба: рассомӣ, тори камонӣ, фортепиано, зарбӣ-нафасӣ, хореографӣ ва овозхонӣ амал менамояд.
Дар ин даргоҳи маърифат рассомӣ аз шуъбаҳои асосӣ ба шумор меравад. Зеро он аз шохҳои аз санъат дониста мешавад. Ин шуъба дар асоси шохаҳои санъати рассомӣ ё тасвирӣ ба монументалию ороишӣ, дастгоҳӣ, ороишӣ, минётурӣ, диорама ва панорама тақсимбандӣ гардида фаъолият карда истодааст. Роҳу восита, барномаҳои таълимӣ, таваҷҷуҳ, шавқу завқи хонандагон дар ин самт омӯзиш карда шуда, муайян гардид, ки 6 нафар омӯзгор аз фанни рассомӣ ва 1 нафар омӯзгор аз фанни кулолгарӣ дарс медиҳанд. Дар шуъбаи санъати тасвирӣ ва кулолгарӣ 94 хонанда таҳсил менамоянд. Тадқиқот имкон дод, ки дар дарсҳои омӯзгорон иштирок карда, паҳлуҳои гунонгуни соҳаро омӯзиш намоем ва бо фаъолияти кории омӯзгорону ҷараёни таҳсили хонандагон аз наздик шинос шавем.
Бо яке аз омӯзгорони соҳибтаҷриба Холматова Марҳабо мусоҳиба доир намудем. Аз рафти суҳбат маълум гардид, ки ӯ тӯли 25 сол аст, дар ин даргоҳ ба хонандагон дарс медиҳад ва шогирдони зиёдеро дар ин ҷода ба камол расонидааст. Айни ҳол шумораи умумии шогирдони Холматова М. 26 нафарро ташкил дода, дар озмунҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуривӣ фаъолона иштирок мекунанд. Ин омӯзгори ботаҷриба кӯшиш менамояд, ки тамоми нозукиҳои рассомиро ба хонандагони худ омӯзонад. Барои пешбурди ин кор ӯ дар синфхонааш аз айёниятҳо, аз қабили мусаввараҳо, фигураҳои геометрӣ, кӯзаҳо аз картон омода гардида ва кундалҳо васеъ истифода мекунад. Ёдовар бояд шуд, ки дар синфхона Холматова М. 9 адад малберт мавҷуд буд. Дар баробари ин ҷиҳати такмил додани маҳорати хонандагон ва мустаҳкам намудани базаи назариявии онҳо фаннҳои қаламкашӣ, натюрморт, рангкашӣ ва композитсияро низ меомӯзонад. Дарсҳои ин омӯзгор аз рӯйи барномаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст ва аз адабиётҳои русӣ: Акрил ( мастер клас), Пейзаж (мастер клас) ва Рисунка, ҳамчунин боз аз наққошии Мирзораҳмат Олимов низ истифода карда ба хонандагон дарс медиҳад. Барои бою ғанӣ гардонидани дониши заминавии шогирдонаш дигар китобҳои соҳавиро низ мутолиа намуда, муҳтавояшро ба хонандагон мефаҳмонад.
Дар рафти суҳбат Холматова Марҳабо баён намуд, ки: “Барои тасвир намудани расм ба мо пеш аз ҳама варақи А4 (қоғази сахт), қалами сиёҳ, қалами ранга, рангҳои махсуси равғанин, ватман ва рангҳои махсуси ҷилодиҳанда лозим аст. Омода кардани як расми одӣ тахминан 2-3 рӯз тӯл мекашад. Ҳатто бисёре аз расмҳоро мо метавонем дастҷамъона бо хонандагон тасвир намоем. Вале дар интиҳо машғулиятҳо ман ба ҳар як хонанда тасвир ё манзараеро вазифа медиҳам, ки мустақилона нақшофарӣ кунад, то тасаввуроташро ташаккул диҳад.” Инчунин дар идомаи сухан Холматова М. изҳори қаноатмандӣ ва ифтихор кард, ки шогирдонаш дар озмунҳои рассомӣ пайваста иштирок карда, ҷойҳои намоёнро собиҳ мегарданд. Вофеан барои муаллим ифтихори бештар аз муваффақияти шогирдонаш чизи дигаре буда наметавонад.
Ҳангоми тадиқиқот бо чанде аз хонандагон, суҳбат гузаронидем, ки бевосита дастпарвари Холматова Марҳабо буданд. Яке аз онҳо Бирбарсова Светлана дар синфи чаҳорум таҳсил мекунад. Ӯ дар даври ноҳиявии озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардида бо ифтихорнома ва 700 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуд. ҳамчунин хонандагони дигари ин омӯзгор Остонаева Фарангис ва Назарқулов Умар, ки дар озмуни номбурда ширкат варзида буданд, яке сазовори ҷойи сеюм (бо ифтихорнома ва 400 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдони гардид) ва дигаре лоиқи ҷойи дуюм (бо ифтихорномаву 500 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдони карда шуд) гардидаанд. Теъдоди зиёди шогирдонаш баъди хатми муассиса барои мукаммал гардонидани донишу таҷрибаи рассомӣ таҳисолатошро дар коллеҷу донишкадаҳо идома дода истодаанд. Саймуҳиддинов Давлатҷон ва Бурҳонова Меҳрона аз ҷумлаи чунин шогирдонанд, ки айни ҳол Саймуҳиддинов Давлатҷон донишҷӯи курси якуми МД “Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон” ва Бурҳонова Меҳрона дар курси дуюми “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимов” таҳсил намуда истодаанд.
Илова бар ин, Бойматова Ҳилола (собиқаи кории 2-сола) ва Холматова Гулафтор (14 сол собиқаи корӣ) ҳам аз ҷумлаи омӯзгорони синфхонаи рассомӣ буда, ба хонандагон дарс медиҳанд. Муаллимони номбурда аз фанҳои рангкашӣ, қаламкашӣ, нақшу нигор ва рамзҳои чакан ва композитсия ба шогирдон дарс мегӯянд. Онҳо дар рафти таҳсил бисёртар аз айёниятҳои дар синхонаҳо мавҷуд буда истифода бурда, бо хонандагон корҳои мустақилона мегузаронанд. Чунки рассомӣ аз ҷумлаи санъатҳое мебошад, ки бештар истеъдод ва маҳорати образофариниро талаб менамояд. Дар синфхонаи Бойматова Ҳилола дар баробари барномаву китоб, албомҳои дарсӣ боз тасвири нақшу нигори чакан бо маҳсулоти донагӣ, расму мусаввараҳо ва дигар аёниятҳо гузошта шудаанд, ки ҳар кадомашон маҳсули дасти шогирдонаш мебошанд. Маҳмудов Маъмур хонандаи синфи дуюм буда, дар озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар даври ноҳиявӣ иштирок намуда сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва 500 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ гардидааст. Ҳамчунин Қунғуротов Абдурасул, дар даври ноҳиявӣ ин озмун иштирок намуда сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва 500 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуд. Тураев Баҳром низ хонандаи синфи чаҳоруми ин муассиса дар ҳамин дар даври ноҳиявӣ озмуни иштирок карда сазовори ҷойи сеюм гардид ва бо диплому 400 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдони гардидааст. Хонандагони номбурда ба даври минтақавӣ роҳ ёфтаанд.
Бойматова Ҳилола ва Холматова Гулафтор дар давоми фаъолияти хеш кӯшиш ба харҷ додаанд, ки шогирдонро дар сатҳи хуб тайёр намуда, барои рушд додани завқу салиқаи эшон самҳи арзандаи хешро гузоранд. Кучкаров Шерзод, Раҳмонова Меҳрангез ва чандеи дигар аз зумраи хонандагоне мебошанд, ки дар давоми таҳсили мактаб фаъолияти хуб нишон дода, дар озмунҳо ҳамеша сазовори ҷойҳои намоён мегаштанд ва ҳоло дар макотибҳои олии кишвар идомаи таҳсил доранд.
Бояд қайд кард, ки дар шуъбаи рассомӣ дар қатори фанҳои зикргардида фанни кӯлолгарӣ ба роҳ монда шудааст, ки таҳсили онро ҳунарманди моҳир ва соҳибистеъдоди тоҷик Носиров Фозилҷон бар уҳда дорад. Тӯли 11 сол мешававд, ӯ дар ин даргоҳ ба хонандагон аз фанни кулолӣ дарс мегӯяд. Шумораи умумии хонандагонаш айни ҳол 25 нафарро ташкил карда, машғулияти онҳо дар синфхонаи кулолгарӣ, ки дар қабати осорхонаи адабии Мирзо Турсунзода ҷойгир аст, гузаронида мешавад. Синфхона бо аёниятҳои кӯза, коса, табақ ва дигар намуди ашёи кӯлолӣ муҷаҳҳаз буда, ҷиҳати тарбияи шогирдон дар самти кулолӣ Носиров Ф. доим ҷидду ҷаҳд менамояд. Ӯ дар фаъолияти пурсамари хеш шогирдони зиёдеро дар ин самт ба камол расонидааст, ки ҳамасола дар озмунҳо ширкат варзидани шогирдон далели ин гуфтаҳост: Иноятов Нуруллоҳ яке аз шогирдони боистеъдоди ин омӯзгор буда, дар синфи сеюм таҳсил менамояд ва дар даври ноҳиявии озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид. Натиҷаи заҳматаш мувофиқи Низомномаи озмун бо диплому 400 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуд. Шогирдони зиёди Носиров Фозилҷон баъд аз хатми муассиса ба коллеҷу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз ҷумҳурӣ низ дохил шуда, дониши худро сайқал дода истодаанд. Дар баробари дарс гуфтан ба хонандагон ин ҳунарманди ботаҷриба дар хонааш бо аҳли хонавода ва ҳамсоягонаш хунари қадимаи аҷдодӣ, яъне кӯлолиро меомӯзонад.
Ҷанбаи дигари омӯзиш, ки бевоситаи дар самти рассомӣ низ робита дошт, ин истифодаи технологияи иттилоотӣ-каммуникатсионӣ буд. Натиҷаи пажуҳиш нишон дод, ки бо сабаби бештар фаъолияти амалӣ доштани шуъбаи рассомӣ истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ камтар дида мешавад. Қайд кардан ба маврид аст, ки омӯзгорон дар ҷараёни дарсҳо ва дигар машғулиятҳо барои мукаммал намудани омӯзиш танҳо аз шабакаҳои интернетӣ истифода мекунанд.
Ҳар як соҳа дар баробари пешрафт боз камбудӣ ва норасоиҳоеро доро мебошад. Баъзе нуқсонҳое, ки дар шуъбаи рассомии муассисаи болозикр мушоҳида гардид, ин набудани китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ (умуман китобҳои тозанашр), ки манбаи асоӣ барои таҳсили хонандагон маҳсуб меёбад. Инчунин мавҷуд набудани фигураҳои геометрӣ, малбертҳои замонавӣ, хумдони сафолпазӣ (печка), маводҳои мӯйқалам, ранг, гаҷ ( барои қолабсозӣ) ва сири сафолӣ. Ҳол он ки ҳар кадом аз инҳо баҳри хуб ба роҳ мондани таълим ва дуруст аз худ кардани хонандагон фанҳои заруриро мусоидат менамоянд. Қобили зикр аст, ки новабаста аз камбудиҳои ҷойдошта омӯзгорони муассиса кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳунари рассомӣ ва кӯлолгариро ба хонандагон омӯзонанд ва ҳамасола шогирдони болаёқатро барои иштирок дар сатҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омода созанд.
Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки шуъбаи рассомӣ яке аз пояҳои асосии “Мактаби бачагонаи санъат”-и шаҳри Турсунзода ба ҳисоб рафта, барои таълиму тарбияи истеъдодҳои ҷавон ва рушду пешрафти фаъолияти муассиса нақши калидӣ дорад. Зеро дар ин шуъба муаллимони соҳибтаҷриба кору фаъолият намуда, шогирдони зиёдеро тарбия карда истодаанд.
Аминова Шарифмо
Корманди илмии ПИТФИ