Бо мақсади омӯзиш ва баррасии вазъи муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ба ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Ҳисор сафари хидмати анҷом додем. Сараввал аз вазъи таълим дар МД “Мактаби санъати бачагонаи ба номи А. Назаров” - ӣ ноҳияи Шаҳринав коррро оғоз намудем. Бо роҳбари муассиса Шарипов Қудратулло ҳамсуҳбат шуда оид ба вазъи муассиса суҳбат кардем. Бинои ин муассиса соли 1981 сохта шуда аз 7 (адад) синфхонаи иборат аст. Шумораи умуми омӯзгорони ин муассиса 15 нафар буда 11 нафари он аз рӯйи тахассус ва 4 нафари дигар ғайритахассус кор ва фаъолият менамоянд. Шумораи умуми хонандагон 186 нафар аст. Муассиса аз рӯйи 11 шуъба: шуъбаи асбобҳои зарбӣ, асбобҳои нафасӣ, торӣ, овозхонӣ, театрӣ, кларнет, скрипка, мақомсарои, хореография, рассомӣ ва кулолгарӣ кор ва фаъолият мекунад. Новобаста аз он, ки дар муасиса теъдоди синфхонаҳо кам аст дарси рассомӣ ва кулолгарӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
Омӯзгор Тошова Холида тули ду сол мешавад, ки дар ин даргоҳи илм аз фанни рассомӣ ба 12 нафар хонандагон дарс меомӯзонад. Аз сабаби набудани китобҳои дарсӣ, омӯзгорони ин муассиса дарсҳои рассомиро аз рӯйи китобҳои дарсии мактаби миёна ва китобҳои афсона, маҷҷала, газетаҳо ба хонандагон таълим медиҳад. Барномаи таълимии худро аз рӯйи китобҳои номбурда тартиб додааст. Ин омӯзгор дар баробари фанни рассомӣ боз ҳунари гулдузиро ба духтарон меомўзонад. Синфхонаи омӯзгор бо аёниятҳо: расму мусавараҳо, кундалнигорӣ, натурморт ва наққоши ва бо гулдӯзиҳои гуногун муҷаҳаз буд. Дар синфхона 3 адад малберт мавҷуд буд. Омӯзгор чунин қайд намуд, ки барои омода намудани як расм ба мо: варақи А4, қалам сиёҳ, хаткуркунак, рангхои равғанин, рангҳои ҷилодиҳанда, қаламҳои ранга ва ватман лозим аст. Омода намудани хар як расм аз майл ва рағбати худи хонанда вобастагӣ дорад, баъзе аз расмҳоро дар 3 - 4 соати ва баъзе аз расмҳоро дар муддати 4-5 рӯз омода месозанд. Аммо омода намудани кундал хело душвор буда бахуд нозукиҳои хосаеро дорад аз ҳамин сабаб омода намудани кундал як моҳ тул мекашад. Ҳангоми омода намудани кундал мо аввалан дар варақи А4 тарзи пурра ва дурусти онро тасвир намуда ва баъдан расми омода шударо дар колаби махсуси омода гардида ба пуррагӣ бо тамоми нозукиҳояш тасвир мекунем.
Зарипова Жасмина хонандаи синфи дуюм ба омӯхтани ҳунари гулдӯзӣ пайваста бо ёрии омўзгор машғул аст. Барои омода кардани гулдўзӣ сараввал корро аз матои сафед бо ёри қалам хати рост, морак ва ҳалқачаҳо тасвир намуда ва ба духтани онҳо машғул мешавад. Баъди пурра омўхтани онҳо омӯзгор ба ӯ тарзи духтани навда, барг, гули садбарг, лола, бобуна ва тасвири дигар навъҳои гулҳо аз табиати зинда ва наќшу нигори чаканро низ меомўзонад.
Ҳамасола шогирдони омӯзгор бо расмҳои омадакардаашон дар озмунҳо иштирок варзида сазовори ҷойҳои намоён гашта бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдони карда мешаванд. Соли равон 6 нафар хонандагон дар озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” дар даври ноҳиявӣ иштирок намуда 2 нафари онҳо сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Тошова Лобар хонандаи синфи 7-ум ва Сармисова Нурия хонандаи синфи 6-ум дар озмуни мазкур иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Инчунин аз ҷониби шахсони мутасадии озмун бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд. Пас аз он хонандагони номбурда ба даври минтақавӣ роҳ ёфта, дар ин давр низ соҳиби ҷойи дуюм гардиданд.
Омӯзгори фанни кӯлолгарии муассисаи мазкур Носирова Ҷаҳоноро тӯли дусол мешавад дар ин даргоҳи илм ба хонандагон фанни кӯлолгариро меомўзонад. Касби кӯлолгариро муаллимаи фаннӣ аз падари худ Носиров Фозилҷон омўхтааст ва касби қадимаро ӯ айни ҳол ба 18 нафар хонандагонаш омўзонида истодааст. Омӯзгор ба онҳо тарзи омода намудани кӯза, табақ, коса ва асбобҳои дигари кулолгариро таълим дода истодааст. Аз сабаби кам будани синфхона дарсҳои худро дар синфхонаи рассомӣ мегузаронад ва асбобҳои кораш низ дар як қисми синфхонаи рассомӣ гузошта шудааст. Шогирдонаш ҳамасола дар озмунҳо иштирок варзида сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Яке аз намунаи беҳтарин шогирдаш Носирова Омина аст, ки дар даври ноҳиявӣ озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизии ман” иштирок намуда сазовори ҷойи дуюм ва бо диплом, 500 сомонӣ мукофотпӯлӣ аз ҷониби маќомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуда ба даври минтақавӣ роҳ ёфтааст.
Новобаста аз камбудиҳои зикргардида, вазъи таълим дар муассиса хуб ба роҳ монда шудааст ва омӯзгоронаш кўшиш менамоянд, ки ҳамасола шогирдонашон дар озмунҳо иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён гарданд ва номбардори ватану миллати хеш бошанд.
Дар рафти пажӯҳиш мо аз вазъи МД “Мактаби санъати бачагонаи ба номи С. Ҳамроев” - ӣ ш. Ҳисор низ дидан намудем. Ин даргоҳи илм аз соли 1963 ин ҷониб кор ва фаъолият намуда истодааст. Аз сабаби он ки бинои мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дошт то сохта шудани бинои нави муассиса муассисаи мазкур дар Корхи Фарҳанги ш. Ҳисор иҷора нишин мебошад. Айни ҳол 10 синфхона барои дарс додан ба толибилмон аз ҷониби Ќасри фарҳанг ҷудо карда шудааст. Дар ин муассиса 25 нафар омӯзгор ба толибилмон дарс медиҳанд, ки аз онҳо 24 нафар аз рӯйи ихтисос ва 1 нафари он ғайриихтисос мебошад. Дар мактаб фанҳои тахассусӣ ва созҳои мусиқии рубоб, дутор, доира, саксафон, рақс, рассомӣ, аккордеон, сурудҳои анъанавӣ, фортепиано, скрипка ва ғайраҳо ба хонандагон омӯзонида мешавад. Хонандагон ин муассиса дар умум 197 нафарро ташкил медиҳанд, ки 28 нафари онҳо дар шуъбаи рассомӣ дарс меомӯзанд. Омӯзгори ботаҷриба Ҳамрохонов Ашурали аз фанҳои рассомӣ-компазисияро ва Меликов Ҳусейн фанҳои тасвир бо ранг ва наққоширо дар як синфхона ба онҳо меомӯзонанд.
Ҳамрохонов Ашурали омӯзгори фанни рассомӣ буда, ӯ хатмкардаи “Донишкадаи давлати санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон” буда тӯли 24 сол мешавад, ки дар ин даргорҳи илм кор ва фаъолият менамояд. Ӯ дар ин самт шогирдони зиёдеро тарбият намудааст. Дар рафти пажуҳиш мо аз вазъи дарсҳояш дидан намудем. Дарсҳои омӯзгор аз рӯйи барномаи таълимӣ, ки худи устод аз китобҳои рассомӣ омода месозад мегузарад. Омӯзгор аз рӯйи китобҳои “Асбобҳои бадеии тасвиротӣ”, “Муҳити меъморӣ” ва аз китобҳои муаллифони рус “Рисунки старьх мастеров” ва “Живопись барокка” истифода мебарад. Синфхонаи ин устодон бо аёниятҳои аз қабили рассмҳо, муссавараҳо, натурморт, 10 (адад) малберт ва корҳои шогирдони хатмнамудаи ин муассиса муҷаҳаз карда шудааст. Ҳангоми мусоҳиба омўзгори муассисаи мазкур ба мисли омўзгори муассисаи шаҳри Турсунзода, барои тасвир намудани наққошӣ аз ќоѓази А4, ватман, қалами сиёҳ, қаламҳои ранга, рангҳои равғани ва рангҳои ҷилодиҳанда истифода мебаранд, ки асбобҳои заруриро худи хонандагон харидорӣ менамоянд. Шумораи умумии хонандагон аз фанни рассомӣ 14 нафарро ташкил медиҳад. Соли равон ду нафар хонанда дар даври минтақави озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намунавӣ гардидаанд..
Бобоева Робия ва Қосимова Фотима дар даври минтақави озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” иштирок намуда сазовори ҷойи аввал гардида бо ифтихорнома ва 350 сомонӣ мукофотпӯлӣ қадрдонӣ карда шуд. Инчунин ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта сазовори диплому ифтихорнома гардиданд. Шогирдони ин омӯзгор дар баробари иштирок намудан дар озмунҳо баъди хатм намудани ин даргоҳи илм ба коллеҷу донишкадаҳои ҷумҳурӣ дохил шуда, ҳунари омўхтаи хешро боз ҳам сайқал дода истодаанд. Метавон баро мисол Маҳмудов Муҳаммадро оварем, чунки маҳорати хешро дар нимароҳ намонда, пас аз хатми муассисаи мазкур ба “Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон” дохил шуда, айниҳол дар курси дуюм таҳсил намуда истодааст. Хатмкунандагони зерин Бобоева Робия ва Қосимова Фотима барои идомаи таҳсил дар “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии бо номи М. Олимов” дохил гардида, айниҳол дар курси якум таҳсил намуда истодааст.
Яке аз омӯзгори ботаҷриба Меликов Ҳусейн буда, тӯли 23 сол мешавад, ки дар ин муассиса аз фанни рассомӣ ба хонандагон дарс мегӯяд. Ин омӯзгор шогирдони зиёдеро дар ин самт ба камол расонидаст. Пайваста шогирдонаш дар озмунҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ифтихорнома ва мукофотпӯлиҳо мегарданд. Шогирдонаш Азизова Сабрина хонандаи синфи сеюм ва Тағоев Сарвар хонандаи синфи чорум соли равон дар озмуни минтақави “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” иштирок намуда, сазовори ифтихорнома ва 350 сомонӣ мукофотпӯлӣ гардидаанд.
Зимни суҳбат бо директори муассисаи мазкур маълум гардид, ки бинои алоҳидаи мактаби санъати бачагонаи шаҳри Ҳисор дар паҳлуи Кохии Фарҳанг аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкори ватанӣ Мавҷуда Ҳакимова сохтани бинои наву замонавӣ ва муҷаҳаз бо тамоми айёниятҳо дар ҳолати сохтан қарор дорад.
Аз натиҷаи сафари хидматӣ маълум гардид, ки новобаста ба вазъиятҳои дар боло зикргардида, омўзгорон кўшиш менамоянд, ки сари ваќт бо шогирдон оид ба нозукиҳои фанни таълимиашон маводҳои заруриро датрас намуда, онҳоро барои тарбия намудан дар ҷодаи касби хеш омода созанд.
Ходими илмӣ шуъбаи
илмӣ-методӣ
Аминова Шарифамоҳ.