НАҚШИ НАШРИЁТИ «ИРФОН» ДАР ЧОПИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Умуман, баъди солҳои 2000-ум як самти муҳимми фаъолияти нашриёти «Ирфон» чопу дастраси умумӣ гардондани асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рамон ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, соли 2001 аз тарафи муассиса китоби Сарвари давлат таҳти унвони «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ» (Душанбе: Ирфон, 2001. – Ҷ. 1. 512 с.; Ҷ. 2. – 512 с.; Ҷ. 3. – 702 с.) дар се ҷилд ба табъ расонда шуд, ки туҳфаи арзишманд барои 10-умин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин силсилаасар дар бораи роҳи тайкардаи ҷумҳурӣ дар давоми 10-соли соҳибистиқлолӣ ва дастовардҳои муҳимми ин давраи таърихи навини он маълумоти муфид пайдо кардан мумкин аст. Он пеш аз ҳама, барои таърихшиносону сиёсатшиносон коршиносони соҳаҳои мухталиф ҳамчун сарчашмаи арзишманд ба ҳисоб меравад.

Соли 2006 асари дигари пурмуҳтавои Сарвари давлат бо номи «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» (Душанбе: Ирфон, 2006. – 450 с.) аз чоп баромад. Ин асар дорои заминаи қавии илмӣ буда, барои муаррифии гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ва ориётаборон ниҳоят муҳим мебошад. Ҳамчунин барои таҳқиқотҳои таърихию мардумшиносӣ ва сарчашмашиносӣ манбаи боэътимоди илмӣ ба ҳисоб меравад.

Дар солҳои минбаъда низ нашриёт ҷиҳати табъу нашри асарҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корҳои муҳим анҷом дод. Соли 2009 асари мондагори дигари эшон бо номи «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» (Душанбе: Ирфон, 2009. – 704 с.) ба табъ расид. Асари мазкур аз чор қисми калон иборат буда, ҳар қисми он китоб номида шудааст ва аз гузаштаи дури таърихии давлатдории аҷдодони тоҷикон то замони салтанати Саффориёнро дар бар мегирад. Дар навиштани ин асар сарчашмаҳои зиёди таърихию этнографӣ ва бостоншиносӣ истифода гардидааст. Азбаски талабот ба ин асар зиёд буд, он бори дуюм соли 2016 ва бори сеюм соли 2021 низ аз тарафи нашриёт ба табъ расонда шуд.

Ҳамчунин соли 2002 нашриёт барои чопи асари дигари бисёрҷилдаи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» иқдом гирифт. Ин асари бисёрҷилда идомаи мантиқии асари сеҷилдаи «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», ки дар болотар мо дар бораи он сухан рондем, ба ҳисоб меравад. Дар ибтидо нашри ин асар дар ёздаҳ ҷилд пешбинӣ гардида буд, ки чор ҷилди аввалаш соли 2002 (Раҳмонов, Э. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат / Э Раҳмонов. – Душанбе: Ирфон, 2002. – Ҷ. 1. – 512 с.; Ҷ. 2. – 512 с.; Ҷ. 3. – 510 с.; Ҷ. 4. – 472 с.) ба табъ расид. Баъдан аз соли 2005 то соли 2012 аз ҷилди панҷум то 11-уми он (Раҳмонов, Э. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат / Э Раҳмонов. – Душанбе: Ирфон, 2005. Ҷ. 5 – 560 с.; 2206. – Ҷ. 6. – 544 с.; Раҳмон, Э. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат / Э Раҳмон. – Душанбе: Ирфон, 2007. – Ҷ. 7. – 477 с.; 2009. – Ҷ. 8. – 575 с.; 2010. – Ҷ. 9. – 575 с.; 2011. – Ҷ. 10. – 575 с.; 2012. – Ҷ. 11. – 575 с.) ба табъ расиданд. Дар солҳои минбаъда нашриёт барои давом додани нашри ин силсилаасар иқдом гирифт ва аз соли 2016 нашри ҷилдҳои минбаъдаи он идома ёфта то соли 2021 ба 20 ҷилд расонда шуд (ниг.: Раҳмон, Э. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат / Э Раҳмон. – Душанбе: Ирфон, 2016. – Ҷ. 12 – 560 с.; Ҷ. 13. – 560 с.; 2017. – Ҷ. 14. – 576 с.; Ҷ. 15. – 576 с.; 2018. – Ҷ. 16. – 576 с.; Ҷ. 17. – 576 с.; 2019. – Ҷ. 18. – 576 с.; 2020. – Ҷ. 19. – 576 с.; 2021. – Ҷ. 20. – 424 с.). Нашри ҷилдҳои минбаъдаи ин асар туҳфаи арзандаи нашриёт ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки аз он дар бораи таърихи ҷумҳури дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ маълумоти муҳим пайдо кардан мумкин аст. Он барои доираи васеи коршиносони соҳаҳои мухталиф, таърихшиносону сиёсатшиносон ва муҳаққиқони дигар соҳаҳои хоҷагии халқ бисёр муфид мебошад. Бояд  гуфт, ки  чопи ин силсилаасар идома дорад ва соли 2023 ҷилди 23-юми он (Раҳмон, Э. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат / Э Раҳмон. – Душанбе: Ирфон, 2023. – Ҷ. 22. – 480 с. 11) низ ба табъ расид ва дар солҳои минбаъда низ ҷилдҳои минбаъдаи он ба табъ хоҳанд расид.

Мудири шуъбаи

Фаъолияти китобдорӣ

Наимов С.

барчасп: