САҲМИ НАШРИЁТИ «ИРФОН» ДАР ЧОПИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ФАЪОЛИЯТИ ГУНОГУНҶАБҲАИ ОН

Як самти дигари басо муҳимми фаъолияти нашриёти «Ирфон» баъди солҳои 2000-ум чопи асарҳо дар бораи Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти гуногунҷанбаи он мебошад. Дар ин самт низ нашриёт як қатор асарҳои мондагор ба табъ расондааст. Аз ҷумла, дар ин самт соли 2000 нашриёт китоберо таҳти унвони «Ваҳдат, сулҳ ва бунёдкорӣ мароми мост!» (Душанбе: Ирфон, 2000. – 160 с.) бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ расонд, ки дар бораи  хизматҳои мондагори Сарвари давлат дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад.

Ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2011 нашриёт як силсила асарҳоро дар бораи фаъолияти Роҳбари давлат ба табъ расонд, ки «Феҳристи таърихнигорӣ оид ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон» (Душанбе: Ирфон, 2011. – 200 с.) аз он ҷумла мебошад. Дар он номгӯйи китобу мақолаҳо, баромаду мусоҳибаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, китобҳо, мақолаҳо ва андешаҳо доир ба фаъолияти сиёсии Президенти мамлакат дар зарфи солҳои 1992-2011 ҷамъ оварда шудаанд. Мураттибони ин китоб Абдуфаттоҳ Шарифзода, Нақиб Муродов ва Аваз Сафаралиев мебошанд. Китоби «Эъҷози Раҳмон» (Душанбе: Ирфон. – 2011. – 372 с.) ба ҷашни 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он маҷмуи шеъру шеъргунаҳо дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ оварда шудааст. Аз рисолаи «Тоҷики оламшумул»-и Носирҷон Салимов ва Абдуфаттоҳ Шарифзода (Душанбе: Ирфон, 2011. – 372 с.) дар бораи нақш ва мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ маълумот ба даст овардан мумкин аст. Асари «Президент» (нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ)-и Абдуфаттоҳ Шарифзода, Садриддин Шамсиддинов ва Заробиддин Қосимӣ (Душанбе: Ирфон, 2011. –372 с.) доир ба фаъолияти пурсамари сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар сарчашмаи муътамад буда, дар он натиҷаҳои фаъолияти гуногунпаҳлуи Сарвари давлат доир ба бунёдкорию созандагӣ, тарғиби арзишҳои волои давлатдории миллии тоҷикон, тарбияи насли ҷавони кишвар дар рӯҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ инъикос ёфтаанд.

Китоби «Эмомалӣ Раҳмон ва ҷомеаи ҷаҳон» (Душанбе: Ирфон, 2011. – 372 с.; муаллифон А. Шарифзода ва З. Қосимӣ) ва китобалбомҳои «Эмомалӣ Раҳмон ва ҷомеаи ҷаҳон», (Душанбе: Ирфон, 2011. – 372 с.; муаллифон – А. Шарифзода, З. Қосимӣ) ва «Тоҷикистон-20» (Душанбе: Ирфон, 2011. – 372 с.; муаллифон – А. Шарифзода, А. Асадзода) бо забонҳои тоҷикӣ, англиси ва русӣ буда, барои берун аз қаламрави кишвар муаррифӣ намудани дастовардҳои 20-соли истиқлолият хизмати арзанда менамоянд.

Силсилаасарҳои «Эмомалӣ Раҳмон – наҷотбахши миллат» (Душанбе: Ирфон, 2011. – К. 1. – 372 с.), «Эмомалӣ Раҳмон – поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ» (Душанбе: Ирфон, 2011. – К. 2. – 372 с.) «Эмомалӣ Раҳмон ва оғози марҳилаи созандагӣ» (Душанбе: Ирфон, 2011. – К. 3. – 372 с.), «Эмомалӣ Раҳмон ва соле, ки ба қарнҳо баробар аст» (Душанбе: Ирфон, 2011. – К. 4. – 372 с.), «Эмомалӣ Раҳмон ва соли фарҳанги оламгир» (Душанбе: Ирфон, 2011. – К. 5. – 372 с.), «Эмомалӣ Раҳмон ва соли тамаддуни ориёӣ» (Душанбе: Ирфон, 2011. – К. 6 – 372 с.), «Эмомалӣ Раҳмон: оғози марҳилаи нав» (Душанбе: Ирфон, 2011. – К. 7. – 372 с.), «Эмомалӣ Раҳмон ва соли Рӯдакӣ» (Душанбе: Ирфон, 2011. – К. 8. – 372 с.), «Эмомалӣ Раҳмон ва соли Имоми Аъзам» (Душанбе: Ирфон, 2011. – К. 9. – 372 с.), «Эмомалӣ Раҳмон: соли маориф ва фарҳанги техникӣ» (Душанбе: Ирфон, 2011. – К. 10. – 372 с.) ба масъалаҳои муҳимми сиёсати дохиливу хориҷии ҶумҳурииТоҷикистон аз соли 1992 то соли 2011 бахшида шудаанд. Асарҳои номбурда аз тарафи Абдуфаттоҳ Шарифзода ва Саидмурод Фаттоев (ҷилдҳои 1-3), Абдуфаттоҳ Шарифзода ва Садриддин Шамсиддинов (ҷилди 4), Абдуфатоҳ Шарифзода ва Заробиддин Ⱪосимӣ (ҷилдои 5-10) омода гардида, зери  назари академик Талбак Назаров ва доктори илмҳои сиёсӣ Эркин Раҳматуллоев ба табъ расидаанд.

Дар китоби «Тоҷикистон – 25»-и Абдфаттоҳ Шарифзода (Душанбе: Ирфон, 2018 – 372 с.) дастовардҳои мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ инъикос ёфтаанд ва китоби «Асосгузори давлати навини тоҷикон»-и Абдуфаттоҳ Шарифзода ва Абдунабӣ Сатторзода (Душанбе: «Ирфон», 2022. – 368 с.) нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва давлати навини тоҷикон бо далелу асноди муътамад ба қалам дода шудааст.

Соли 2012 нашриёт бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду китоб-албоми муҳимро аз чоп баровард, ки яке «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и Абдуфаттоҳ Шарифзода (Душанбе: Ирфон, 2012. – 108 с.) ва дуюмӣ «Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и Нақиб Муродзода (Душанбе: Ирфон, 2012. – 108 с.) мебошад. Ин китоб-албомҳо бо се забон – тоҷикию, русӣ ва англисӣ чоп шудаанд ва барои хонандагони дихилию хориҷӣ пешбинӣ гардидаанд.

Мудири шуъбаи

фаъолияти китобдорӣ

Наимов С.

 

 

барчасп: