ВАЗЪИ ИМРӮЗАИ ҲУНАРИ КУЛОЛӢ ДАР МАКТАБҲОИ САНЪАТИИ БАЧАГОНА (Дар мисоли шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав ва Рӯдакӣ)

Кулолӣ яке аз касбҳои қадимаи мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Онро як навъ санъат номидан мумкин аст, ки ба воситаи пухтани лой ва маҳлулҳои дигари лозима ба даст оварда мешавад. Тибқи ривоятҳо хок ва сафол дар ҳаёт мавқеи махсус дорад ва аз нигоҳи таърихӣ гилро инсоният бештар истифода мебарад. Аз ин лиҳоз, кулолӣ ҳамчун пешаи қадимтарин амал карда, то замони мо омада расидааст. Тавассути ин ҳунар кулолгарон ҳар гуна ашёи рӯзгор (коса, табақ, чойник, кӯза, хум ва ғайра), бозичаҳо ва армуғонҳо омода мекунанд. Одатан кулолиро ҳунармандон бо роҳи меросӣ ё анъанаи “устод шогирд” ба наврасону ҷавонони майлу рағбат дошта меомӯзонанд. Яъне кулолӣ ба монанди дигар ҳунарҳо дар доираи хонавода, марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, коргоҳҳои махсус ва ғайра омӯзонида мешавад.

Боиси зикр аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳу дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати касбу ҳунарҳои анъанавӣ бештар гардид. Барои рушду инкишоф ва муаррифии пешаҳои аҷдодӣ пеш аз ҳама якчанд барномаву консепсия ва қонунҳо ба тасвиб расиданд, ки ҷиҳати омӯзонидан ва густариш бахшидани ҳунарҳои халқӣ мусоидат намуданд. Хусусан таъсису ташкили курсҳои кутоҳмуддату дарозмуддат, марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, коргоҳҳои давлативу хусусӣ, мактабу коллеҷҳои ҳунармандӣ, ки дар онҳо бевосита аз худ кардани намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ҷараён гирифт. Бо мақсади омӯзиши вазъи касбу ҳунарҳои ҳалқӣ дар мактабҳои санъати бачагонаи кишвар ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сафарҳои хидматӣ доир карда шуданд. Дар рафти омӯзиш ҷиҳати муайян намудани вазъи ҳунари кулолӣ мактабҳои санъати бачагонаи Турсунзода, Шаҳринав ва Рӯдакӣ мавриди пажуҳиш қарор гирифтанд. Тадқиқот нишон дод, ки дар мактабҳои санъати бачагонаи шаҳру ноҳияҳои номбурда синфхонаи кулолӣ амал карда, аз тарафи устодони моҳир ба хонандагон ин ҳунар омӯзонида мешавад.

Зимни сафарҳои хидматӣ сараввал бо роҳбарияту устодони муассисаҳо ва баъдан бо хонандагон дар бораи ҳунари кулолӣ ва ҳолати рушди он дар шароити имрӯза мусоҳибаҳо доир намудем. Аз рафти суҳбат бо омӯзгори фанни кулолгарӣ ва ҳайкалтарошии МД “Мактаби санъати бачагонаи ба номи М. Ашрафӣ”-и ноҳияи Рӯдакӣ Аюбов Толиб (соли таваллуд 1964, маълумоташ олӣ) маълум гардид, ки дар ин синфхона аслан хонандагони завқ дошта омада кулолиро аз худ мекунанд. Метавон гуфт, ки Аюбов Толиб ҳунарманди моҳир ва нозукбин буда, дорои маҳорати баландӣ касбӣ аст, ки таҷрибаи фаъолияти 18 солааш аз ин дарак медиҳад. Ин устоди ҳунар ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам бо шогирдон асарҳои зиёди кулолиро таҳия намудааст, натиҷаи онҳоро дар худи муассиса ва дигар ҷойҳо, ки тариқи фармоиш омода кардааст, дидан мумкин аст. Ба ин хотир, гарчанде синфхонааш дар бинои МД “Мактаби санъати бачагонаи ба номи М. Ашрафӣ” неву дар “Мактаби миёнаи ба номи А. Пушкин”-и ноҳия ҷойгир бошад ҳам, бо тамоми аёниятҳои кулолгарӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Ҳангоми суҳбат Аюбов Толиб иброз дошт, ки “дастгоҳи кулолӣ гарчанде ба таври мукаммал маҷаҳҳаз набошад ҳам, барои сохтани ашёи гуногун ба хонандагон кӯмак мерасонад.” Дастгоҳи мавҷудаи кулолии устод аз чархи пой, тир ва сандон (сумба) иборат буд. Тарзи фаъолият ва омода кардани ашёро аз ӯ пурсон шудем, ки чунин посух дод: “Ҳангоми омода намудани кӯза, табақ ва дигар ашёи кулолӣ ман пайваста аз ин дастгоҳ истифода мебарам. Дар аввал пояи чархро тоб хӯрондаа, тахтаи гирдро мечархонам ва лойро ба болои тахта тоб хӯронда каме об мепошам, чунки барои ба шакл даровардани лой осон шавад. Дар рафти кор барои ба шакл даровардани лой аз каҷкорд, қошуқ, гардангирак ва товонча истифода мебарам.  Ҳамчунин бо ёрии рангҳои табиӣ пас аз хушконидани лавозимоти лозима ашёи кулолиро рангубор менамоям, ки дар ин кор шогирдон бо як маҳорати баланд ва завқи беандоза кӯмак мерасонанд.”

Дар баробари омӯзонидани ашёи рӯзгор нимпайкараҳо аз хоки кулол ва дигар ашёҳои лозима омода мегардад.  Омӯзгори пурҳунар нимпайкараи М.Ашрафиро дар даромадгоҳи МД “Мактаби санъати бачагонаи ба номи М. Ашрафӣ” бо ёри шогирдони худ омода намуда буд, ки мо аз тарзи омода кардани ин нимпайкара бо устод ҳамсуҳбат гардидем. Дар баробари омода намудани нимпайкари М. Ашрафӣ ӯ бо ҳамроҳи шогирдони худ дар саҳни мактаб пайкараҳои хонандагонеро, ки ба омӯзиши касбҳои гуногун машғул буданд тайёр кардааст. Дар ҷараёни суҳбат ӯ қайд кард, ки: “барои як нимпайкараро омода кардан маҳсулотҳои зерин лозим аст: гил, каме семент, колабҳои махсус ва асбобҳои корӣ барои ҳамвор намудан. Сараввал гилро дар офтоб хушконида, сипас ба он об ҳамроҳ намуда, лойро омода мекунем. Баъдан онро бо латтаҳо пушонида дар ҷойи хушк то 5-10 рӯз мегузорем.  Пас аз он  барои сохтани зарфҳо ё худ пайкара ва нимпайкараҳо истифода мебарем. Ҳангоми сохтани нимпайкара ва пайкараҳо барои устувортар шуданаш масолеҳи сохтмонии семент истифода бурда мешавад. Барои омода намудаи ашёи рӯзгор аз кулол аз  гили  бута ва сурххок истифода мебаранд, ки онҳоро аз мавзеъҳои куҳнума ва биёбонҳо дастрас мекунанд.”

Барои пурра гардонидани кори тадқиқот ва муайян намудани рафти омӯзиши фанҳо дар муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат аз барномаҳои таълимии Аюбов Толиб пурсон шудем. Маълум шуд, ки ӯ барномаи фардии хешро бо истифода аз маводи шабакаҳои интернетӣ ва такмил аз асарҳои муҳаққиқони санъати тасвирӣ омода месозад. Дар рафти дарсҳо истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсиониро васеъ ба роҳ монда, шогирдонашро барои омӯхтан ҷалб менамояд. Айни замон зиёда шоширдони ӯ 30 нафарро ташкил карда, дар чорабиниҳои фарҳангӣ, озмунҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ пайваста иштирок намудани онҳо ба мушоҳида мерасад, ҷоизаву сазовори ҷойҳои намоён гаштани онҳо далели ин гуфтаҳост. Аммо бояд хотирнишон кард, ки шогирдони Аюбов Толиб назар ба ҳунари ҳайкалтарошӣ ба омӯхтани кулолӣ пайваста машғул ҳастанд. Ин муайян месозад, ки хонандагон ба кулолӣ бештар майлу рағбат доранд.

Бо ҳамин мақсад МД “Мактаби кӯдаконаи санъат”-и шаҳри Турсунзода омӯзиш карда шуд. дар раванди таҳқиқ маълум гардид, ки дар ин ҷо низ як синфхонаи кулолӣ фаъолият карда, тадриси он бар зиммаи ҳунарманди моҳир, дорандаи унвону мукофотҳои зиёд Носиров Фозилҷон мебошад. Аз рафти суҳбат бо Носирова Ф. маълум шуд, ки ӯ тӯли 11 сол дар ин даргоҳ кор мекунад. Айни замон синфхонаи кулолӣ дар назди Осорхонаи адабии М. Турсунзода қарор дошта, фаъолияти меҳнатӣ ва машғулиятҳои ҳунарманд бо хонандагон дар ҳамон ҷо сурат мегиранд. Азбаски Носиров Фозилҷон ҳамчун кулолгар таҷрибаи кофӣ дорад ва чандин солҳо ба сохтани маснуоти кулолӣ машғул аст, ҳар як ашёи омода мекардаро пешакӣ бо тамоми нозукиҳояш ба хонандагон мефаҳмонад, то дар рафти сохтан ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ дода нашавад.

Синфхонаашон бо дастгоҳи кулолгарӣ ва ашёи зиёди кулолӣ муҷаҳҳаз буд. Зимни мусоҳиба маълум гардид, ки устод маводи лозимиро аз гили бутта ва сурххоки ноҳияи Рӯдакӣ харидорӣ менамудааст. Бо сабаби ҳамеша ва сари вақт ҳал нагардидани масъалаи маблағ аз гилҳои деҳаи Қаратоғ низ истифода мебурдаанд. Мавсуф ба мисли омӯзгори Аюбов Толиби ноҳияи Рӯдакӣ ашёҳои омода кардаи хешро ба шогирдон нишон дода роҳу равиши санъати кулолиро меомӯзонад. Устод қайд намуд, ки пас аз омода гаштани кӯза, коса, аъҷубаҳои афсонавӣ ва ғайраҳо онҳоро дар  печи сафолпазӣ дар ҳарорати 60-70 градус хушконида баъдан бо ёрии рангҳои гуаш, сири сафол ва дигар рангҳо “гилобчакунӣ” намуда, боз дар ҳарорати 700-900 градус онҳоро хуш мекунанд. Агар ин ҷараён хуб ба роҳ монда нашавад, маҳсулот рангу намуд ва шакли дилхоҳро намедиҳад.

Афзалияти фаъолияти меҳнативу мударрисии Носиров Ф. дар он аст, ки ӯ дар муҳити хонааш тамоми маҳсулот ва дастгоҳҳои зарурии кулолиро дорад. Ин имкон медиҳад, ки ӯ бо истифода аз маводи зарурӣ маҳсулоти хушсифатро таҳия намояд. Дар муқоиса бо ӯ фаъолияти кории Аюбов Толиб чандон қонеъкунанда нест. Аммо ин масъала аз ӯ вобаста набуда, мушкили асосӣ дар набудани печ, ки барои хушконидани маснуоти кулолӣ хеле зарур ба ҳисоб меравад.

Ҳоло шумораи умимии шогирдони Фозилҷон Носиров ба 25 нафар расидааст ва ӯ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки онҳо ин ҳунарро сидқан аз худ намуда, дар озмунҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намоянд ва сазовори ҷойҳои намоён гарданд. Фаъолияти таълимии шогирдаш Иноятов Нуруллоҳ далели ин гуфтаҳост, ки ӯ яке аз шогирдони болаёқати ин омӯзгор буда, дар синфи сеюм таҳсил менамояд. Соли равон Иноятов Н. дар озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар даври ноҳиявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардида, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода соҳиби диплом ва 400 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шудааст. Ин пешравӣ аз фаъолияти пурсамар ва талошҳои пайвастаи ҳунарманд Носиров Ф. дарак медиҳад.

Натиҷаи суҳбат нишон дод, ки ӯ аввалин шуда, соли 1999 дар фестивали байналмилалӣ “Шоҳроҳи Абрешим”, ки дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуда буд, соҳиби аввалин сертификати ҳунарҳои мардумӣ гардидааст. Дар солҳои баъдиӣ низ соҳиби якчанд сертификату ифтихорномаҳо аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ гардидааст.

Албатта, ҳар як соҳа дар баробари дастоварду пешрафиҳо боз мушкилоту норасоиҳоро доро мебошад. Устод Носиров Фозилҷон ба мисли дигар омӯзгорон аз сабаби набудани барномаи махсус барои фанни кулолгарӣ танқисӣ мекашад ва дар рафти дарс аз шабакаҳои интернетӣ истифода менамояд, то хонандагон як чизи навро омӯзанд ва дониши назариявии хешро низ сайқал диҳанд. Ё ин ки ҳар гуна видеои кулолгарони моҳири ватаниву ҷаҳониро нишон медиҳад, ки дар ҷараёни коркарди масолеҳи кулолӣ мусоидат менамояд.

Ба ҳамин мазмун дар МД “Мактаби санъати бачагонаи ба номи А. Назаров”-и ноҳияи Шаҳринав ҳам синфхонаи кулолӣ амал карда, 2 сол аст, ки ин фан аз ҷониби Носирова Ҷаҳоноро ба хонандагон гузаронида мешавад. Айни замон омӯзгори ҷавон ба 18 нафар хонандагон нозукиҳои ин касбро меомӯзонад. Аз сабаби нарасидани синфхона дар ин муассиса ӯ дарсҳои худро дар синфхонаи рассомӣ мегузаронад. Дар як  қисми синфхонаи рассомӣ ашёҳои кулолгарӣ ва дастгоҳҳои кулолии ин омӯзгор ҷой дода шудаанд. Гарчанде теъдоди хонандагон кам бошанд ва шароити корӣ он қадар созгор набошад ҳам Носирова Ҷаҳоноро тамоми донишу малакаи хешро истифода бурда, кулолиро ба онҳо меомӯзонад.

Носирова Ҷ. нозукиҳои ин касбро аз падараш, яъне Носиров Фозилҷон омӯхтааст. Натиҷаи пажуҳиш нишон дод, ки бо сабаби набудани барномаву китобҳои махсуси соҳавӣ ӯ низ ба монанди муаллимони фанни кулолии дигар шаҳру ноҳияҳои болозикр дар таҳияи нақшаи корӣ танқисӣ мекашад. Вале натичаҳои ба даст овардаи хонандагон ва маҳсулоти омода кардаи эшон Носирова Ҷ.-ро барои пеш бурдани соҳа дилгарм менамояд. Яке аз шогирдони болаёқати ӯ Носирова Омина мебошад, ки соли равон дар озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар даври ноҳиявӣ иштирок намуда сазовори ҷойи аввал гардида, бо диплом ва 500 сомонӣ мукофотпӯлӣ, ки аз ҷониби мақомоти ноҳия муқаррар гардида буд, қадрдонӣ карда шуд. носирова Ҷаҳоноро кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки наврасони болаёқат ва шавқ доштаро ҳарчи бештар ҷалб намуда, дар рушди ҳунари кулолӣ саҳми арзанда гузорад.

Аз таҳлили се муассисаи дар боло зикргардида маълум гардид, ки Мактабҳои санъати бачагона ба монанди дигар муассисаву коргоҳҳо дар тарбияи кулолгарони моҳир саҳмгузор мебошанд. Хусусан омӯзгорони фанҳои кулолӣ барои ба хонандагон омӯзонидани ин ҳунари аҷдодии тоҷикон пеш аз ҳама аз донишу малакаи андӯхтаи хеш ва китобу дастурҳои муҳаққиқони соҳавӣ истифода карда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ҳар се омӯзгороне, ки дар рафти таҳқиқи синфхонаҳои кулолӣ бо онҳо мусоҳиба доир карда шуд, худ ҳунарманд – кулолгар буда, ҷиҳати рушду инкишофи ҳунари кулолӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон дар ин самт талошҳо меварзанд.

Аммо дар ҳар се муассиса ҳам бо вуҷуди пешрафту рушди ҳунари кулолӣ ва ҷалби хонандагони соҳибзавқ баъзе камбудиҳо ба назар мерасанд, ки дар ташаккул ва инкишофи кулолӣ монеа эҷод менамоянд. Аз ҷумла ҳам дар мактабҳои санъати бачагонаи ноҳияҳои Рӯдакиву Шаҳринав ва ҳам дар “Мактаби кӯдаконаи санъат”-и шаҳри Турсунзода камбудии асосӣ дар нарасидани синфхонаи махсус ва набудани хумдон (печкаи кулолӣ) ва (печи сафолпаз), сири сафол, маводҳои мӯйқалам, ранг ва гач ( барои қолабсозӣ) мебошад. Инчунин камбудии дигаре, ки дар се муассисаи болозикр мушоҳида гардид, набудани барномаи таълимӣ ва нарасидани китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ буд.

Ба роҳ мондани норасоиҳои номбурда барои пешрафти ҳунари кулолӣ дар мактабҳои санъат амри муҳим дониста мешавад. Чунки хонандагон бидуни машғулият – яъне корҳои амалӣ наметавонанд ин пешаро аз худ намоянд. Маҳсули дониши хонандагон пеш аз ҳама дар маҳсулоти тайёр мекардаи онҳо зоҳир мегардад. Оид ба нарасидани синфхонаҳо маълум гардид, ки баъзе ноҳияҳо бинои асосиашон дар арафаи омодабош қарор доранд. Лозим ба зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар ноҳия бинои наву замонавии МД “Мактаби санъати бачагона” дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Баъд аз ба истифода додани муассисаи нав ин камбудиҳои зикр гардида бартараф шуда, омӯзиши фанни кулолӣ боз ҳам хубтару беҳтар хоҳад шуд.

Новобаста аз камбудиҳои ҷойдошта омӯзгорон ба шогирдон  нозукиҳои касби хешро омӯзонида барои дар оянда сайқалу рушд кардан кӯшиш намуда истодаанд. Барои беҳтар намудани савияи дониши хонандагон вазорату сохторҳои дахлдор ва мақомотҳои ҳокимияти маҳаллиро зарур аст, ки муассисаҳои номбурдаро бо синфхона ва асбобҳои зарурӣ таъмин намоянд, то хонандагон барои омӯхтани ҳунари қадимаи аҷдодӣ ҳавасманд гарданд. Зеро новобаста аз камбудиҳои ҷойдошта хонандагони ин муассисаҳо пайваста кӯшиш менамоянд, ки дониша маҳорати хешро такмил дода, дар озмунҳо иштирок варзанд ва сазовори ҷойҳои намоён гарданд.

Шарифамоҳ Аминова

барчасп: