Мактаби санъати №1 ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд, нақш ва фаъолияти он дар рушди санъати мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Мактаби санъати №1 ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд яке аз муассисаҳои муҳими таълимии фарҳангии кишвар ба шумор меравад. Бо таърихи таъсиси худ дар соли 1952, мактаб барои рушди санъати мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми назаррас гузоштааст. Имрӯз ин мактаб на танҳо ҳамчун маркази таълими мусиқӣ, балки ҳамчун макони ҳифз ва рушди фарҳангӣ амал мекунад. Бо назардошти аҳамияти мактаб, таҳлили васеъ ва пурраи фаъолияти он, нақш дар тарбия ва таълим, инчунин мушкилоту дастовардҳои он муҳим аст.

Мактаби санъати №1 дар маркази шаҳри Хуҷанд, дар бинои 4-ошёнаи Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ҷойгир шудааст. Дар айни замон роҳбарии онро Маллаева Дилором ба уҳда дорад. Мактаб дорои 31 синфхонаҳои дарсӣ, 1 утоқи маъмурият, 1 толори хурди консертӣ ва китобхона мебошад. Ин инфрасохтор бо таъмини шароити мусоиди барои таълим пешбинӣ шудааст.

Дар мактаб 67 нафар омӯзгор фаъолият доранд, ки 40 нафарашон омӯзгорони асосӣ ва 27 нафар ҳамкор мебошанд. Дар ин шумора 4 омӯзгори русзабон ва 19 нафар омӯзгорони дорои унвони "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" низ шомил ҳастанд. Ҳамзамон, шумораи умумии хонандагон ба 559 нафар мерасад, ки дар ду баст ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Мактаб ба 12 шуъба тақсим гардидааст, ки шуъбаҳои созҳои миллӣ, сарояндагӣ-анъанавӣ, баян-аккордеон, торӣ-камонӣ, созҳои зарбӣ, созҳои нафасӣ, фортепианно, хореографӣ, рассомӣ, зардӯзӣ, дӯзандагӣ ва кешбофӣ дар бар мегирад. Ин шуъбаҳо имкони васеъро барои омӯзиши санъат фароҳам меоранд. Фаъолияти мактабро дар баробари 12 шуъба, 10 намуди ансамблҳо ва оркестр такмил медиҳанд. Ансамблҳо ва оркестрҳои мактаб дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи шаҳрию вилоятӣ иштироки фаъолона доранд. Ин нақш барои шиносоӣ ва густариши санъати мусиқӣ дар ҷомеа хеле муҳим аст.

Омӯзиши мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мактаб аз рӯи барномаи муайяни таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Омӯзгорони фанҳои назарияи мусиқӣ ва солфеджио, инчунин омӯзгорони ихтисосӣ мутахассисони варзидаи соҳа ба ҳисоб мераванд. Методи дарсгузаронии онҳо ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, дар як муҳити тозаву ором ва илҳомбахш фаъолият намуда истодаанд.

Омӯзгорони фанҳои назарияи мусиқӣ, аз ҷумла Ҳамроева Тахмина, Ахмедов Аминҷон, Маҳмудов Олимҷон ва Толибова Дилноза бо истифода аз усулҳои муосири таълимӣ ба шогирдон фаҳмишҳои амиқи назариявӣ медиҳанд. Дарси солфеджио ва назарияи мусиқӣ бо истифодаи методҳои хуби омӯзишӣ ва аёниятҳои таълимӣ сурат мегирад, ки таваҷҷуҳи хонандагонро ба омӯзиш зиёд менамояд. Ин усул на танҳо сифати таълимро беҳтар мекунад, балки ба шогирдон барои ҳалли мушкилоти амалӣ дар омӯзиши мусиқӣ ёрӣ мерасонад.

Таҳлил нишон медиҳад, ки ҳар як ҷузъиёти синфхонаҳо, аз қабили созҳои мусиқӣ, аёниятҳо ва мизу курсӣ, бо тартиби муайян ва мувофиқ ба талаботи таълимӣ ҷойгир шудаанд.

Методи дарсгузаронии омӯзгорон ва муносибати онҳоро бо чанде аз мисолҳо иброз менамоем. Масалан, омӯзгори синфи рубоб Амроқулов Дилшод бо 10 сол собиқаи корӣ айни ҳол 12 шогирд дорад. Яке аз шогирдони ӯ Маҳмудов Шукрулло мебошад, ки дар синфи 4-уми мактаб таҳсил намуда, асари "Найрез"-ро бо ҳамнавозии консертмейстор Қурбонова Моҳниссо бе хатогӣ иҷро намуд. Омӯзгори синфи скрипка Тахмина Исматӣ низ бо шогирдони худ муносибати меҳрубонона ва самимиро ба роҳ мондааст. Дар натиҷа шогирдон на танҳо малакаи иҷрои асарҳоро меомӯзанд, балки муносибатҳои инсониро низ аз омӯзгорон фаро мегиранд. Омӯзгорони шуъбаи ҳунарҳои мардумӣ бо шогирдон як муҳити зебоиву ҳавасмандгардониро фароҳам овардаанд.

Шуъбаҳои рассомӣ, зардӯзӣ, дӯзандагӣ ва кешбофӣ на танҳо ба рушди ҳунарҳои мардумӣ мусоидат мекунанд, балки ба ҷавонон имкони омӯзиши анъанаҳои миллӣ ва эҷодиёти бадеиро фароҳам меоранд. Ин  шуъбаҳо бо роҳбарии омӯзгорон Додобаева Тахмина, Ҷураева Зебӣ, Ғаниева Масуда ва чанд тани дигар омӯзгорони ботаҷриба, ҳар сол дар намоишгоҳҳои вилоятӣ маҳсулоти баландсифатро ба намоиш мегузорад ва дар озмунҳо фаъолияти хуб нишон медиҳанд. Яке аз хонандагони ин шуъба Шарипова Саидабону дар озмуни «Тоҷикистон ватани азизи ман», дар даври вилоятӣ аз руйи наминатсияи «Дизайни муд» сазовори ҷойи аввал гардидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги кишвар барои рушди муассисаҳои таълимии фарҳангӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. Дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид шудааст, ки "Фарҳанг ва санъат омили муҳимтарини худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошанд". Ин нукта нишон медиҳад, ки мактаби санъати №1 низ дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати фарҳангии кишвар қарор дорад.

Бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ, мактаб дар солҳои охир бо як қатор таҷҳизоти нав, аз ҷумла созҳои мусиқӣ, таъмин гардидааст. Ҳамчунин, дар доираи Барномаи рушди фарҳанги ҷумҳурӣ барои такмили инфрасохтори мактаб маблағгузорӣ анҷом дода шудааст. Ҳар сол омӯзгорон ва хонандагони мактаб барои иштирок дар озмунҳо ва фестивалҳои сатҳи ҷумҳурявиву байналмилалӣ маблағгузорӣ мешаванд, ки ин имконият медиҳад, то сатҳи малакаи онҳо баланд шавад.

Бо вуҷуди дастовардҳои зиёд, мактаб бо баъзе мушкилот рӯ ба рӯ мебошад. Норасоии таҷҳизоти муосир, ва таъмини китобхона бо китобҳои тозанашр, таҳияи барномаҳои таълимии ба талабот ҷавобгӯ, зарурати ҷалби омӯзгорон ба такмили ихтисос аз масъалаҳои асосӣ мебошанд. Барои ҳалли ин мушкилот тавсия дода мешавад:

1. Таъмини мактаб бо созҳои муосири мусиқӣ ва таҷҳизоти технологӣ.

2. Баланд бардоштани сатҳи ихтисоси омӯзгорон тавассути курсҳои такмили ихтисос.

3. Ҷалби сармоягузорӣ барои васеъ намудани бино ва беҳтар кардани инфрасохтор.

4.   Дастрас намудани китоҳои соҳавии тозанашр.

Хуллас, Мактаби санъати №1 бо иштироки фаъоли худ дар чорабиниҳои фарҳангӣ, озмунҳо ва намоишгоҳҳо ба таҳкими мавқеи санъати мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд ва берун аз он мусоидат мекунад. Фаъолияти омӯзгорон ва шогирдон, ки бо маҳорати баланд ва масъулият анҷом дода мешавад, натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.

Маҳорати шогирдони мактаб аз ҷониби доварони касбӣ дар озмунҳои мухталиф қадр карда шудааст. Ин омил нишон медиҳад, ки фаъолияти мактаб ба сатҳи баланди таълимӣ ва тарбиявӣ ҷавобгӯ мебошад.

                                                            Мудири шуъбаи илмӣ-методии

                                                               ПИТФИ

                                                               Наслохонова Мижгона

барчасп: