Ҳамкорони арҷманд!
Дар соли сипаригашта дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии кишварамон, аз ҷумла дар фаъолияти илмию таҳқиқотии ходимони илмии ПИТФИ рӯйдодҳои фараҳбахшу хотирмони зиёде ба вуқуъ пайвастанд.
Рӯйдоди муҳимму мондагор дар ҳаёти фарҳангии кишвар ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани боз ду унсури фарҳанги ғайримоддии миллати тоҷик мебошад. Ибтидои моҳи декабри соли 2024 дар шаҳри Асунсиони Ҷумҳурии Парагвай иҷлоси 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО баргузор гардид. Зимни ҷаласа номинаи муштараки Тоҷикистону Эрон “Ҷашни Меҳргон” ва ҳамчунин номинаи дигари муштараки Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон “Санъати сохту навохтани рубоб” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Муаррифии унсурҳои фарҳангии мо дар ин рӯйхати бонуфузи байналмиллалӣ аз таърихи куҳан ва тамаддуни волои миллати куҳанбунёди тоҷик дарак медиҳад. Қобили тазаккур аст, ки дар таҳия ва ба созмони бонуфузи ЮНЕСКО пешниҳод намудани номинатсияҳои мазкур саҳми ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, бахусус кормандони Маркази мероси фарҳангии тоҷикон назаррас аст.
Дар робита бо ин рӯйдоди фараҳбахш бояд зикр намуд, ки маҳз дар ибтидои соли 2024 роҳбари Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ, донишманди варзида Дилшод Раҳимӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2024 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) таъин карда шуд.
Донишманди дигари пажӯҳишгоҳ, профессор Ҷӯрахон Обидпур бо таҳия ва нашри асари пурмуҳтавою боарзиши худ – “Луғати тафсирии мусиқӣ” барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ дар соли 2024 гардиданд, ки ин боиси ифтихори ҳамаи ходимони илмии пажӯҳишгоҳ мебошад.
Дар маҷмуъ, соли сипаригашта ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот пайи иҷрои се мавзуи илмӣ -«Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол», «Инъикоси бунёди сохтмонҳои азим ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар публитсистикаи муосир» ва «Таҳқиқи мероси фарҳанги ғайримоддии марбут ба ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва мавзеъҳои муқаддаси Тоҷикистон» фаъолияти пурсамар анҷом доданд.
Таҳқиқу пажуҳишҳои мунтазам дар ин самтҳои муҳимми ҳаёти фарҳангии кишвар натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овард ва дастовардҳо ҳам шоистаи таҳсин ва ибрат мебошанд. Зеро дар давоми сол ходимони илмии ПИТФИ 345 кори илмию тадқиқотӣ ва методӣ, ки аз онҳо 22 китобу маҷалла, 60 мақолаи илмӣ, 172 мақолаи илмию оммавӣ, 91 нашри электронӣ, ки маводи таълифӣ мебошанд, ба табъ расониданд.
Дар соли 2024 ҳамкории Пажӯҳишгоҳ бо як қатор муассисаҳои илмиву таълимии ватанӣ ва хориҷӣ густариш ёфт. Дар ин давра ҳамкориҳои илмии ПИТФИ дар самти ташкилу баргузории конференсияву семинарҳо, мубодилаи афкор, таҷрибаомӯзӣ, тайёрнамоии кадрҳо, таҳияю пешниҳоди номинатсияҳо, таблиғи фарҳанги миллӣ, нашри маҷмӯаҳои илмӣ, китобу рисолаҳо бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии патентию техникӣ, нашриётҳо, дигар муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои дигар мунтазам идома ёфт.
Дар маҷмуъ, соли куҳан соли барору комёбӣ, амалишавии орзуҳои нек барои на танҳо ходимони илмии муассисаи мо, балки барои тамоми аҳли фарҳангу санъат, мардуми сарбаланди тоҷик буд.
Бо истифода аз фурсат ходимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, умуман тамоми кормандони соҳаҳои илму фарҳангро бо фарорасии Соли нави мелодӣ шодбош гуфта, барояшон дар Соли нав барору комёбӣ ва ба кишвари азизамон - Тоҷикистони азиз пешрафту шукуфоиро таманно дорам.
Соли наватон фархунда бод, ҳамдиёрони азиз!