Алиакбари Деҳхудо - сипаҳсори адаби порсӣ
Чоп шуд: 28/02/2017То замоне, ки Деҳхудо зинда буд, 4200 сафҳа аз «Луғатнома» таҳия шуда буд, дар ҳоле, ки «Луғатномае», ки имрӯз вуҷуд дорад, дар 50 ҷилд ва 26 ҳазор сафҳа ба чоп расидаст. Ишқи ҷонсӯз ба забону фарҳанги миҳан, дониши фароху жарф ва огаҳии тамом аз рухдодҳову таҳаввулоти айём авомили аслие дар такомули шахсияти бемонанди Деҳхудо буданд.
Алиакбари Деҳхудо рӯзноманигор, нависанда, танзпардоз, мутарҷим, муҳаққиқ ва шоири адаби порсист. Дар Теҳрон ба дунё омад (1880); нуҳсола буд, ки падараш