Васфи ваҳдат ва ватан дар намунаҳои фолклори тоҷик

Як сол қабл, дар ҷашни 18-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ  Асосгузори сулҳу ваҳдати тоҷикон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арзиши баланд доштани падидаи таърихии Ваҳдати тоҷикон ва зарурати омўзиши онро чунин таъкид намуда буданд:
«Таҳлилҳои таърихӣ, илмӣ ва муқоисавӣ нишон медиҳанд, ки мо метавонем роҳи дар даврони истиқлолият тайкардаи худ, инчунин ваҳдати миллиро ҳамчун бозёфти нодири халқамон муаррифӣ намоем. Зеро таҷрибаи ваҳдати миллии тоҷикон дар доираҳои илмӣ ва сиёсии дохиливу байналмилалӣ ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди таҳлилу омўзиши ҳамаҷониба қарор дорад”.
(иқтибос аз president.tj).

Имрўз воқеан зарурати он омадааст, ки таҷрибаи ваҳдатсозии халқи тоҷикро аз дидгоҳу зовияҳои илмҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор диҳем, унсурҳо ва омилҳои ваҳдатофарро муайян карда, барои ҳифзу тақвияти Ваҳдати миллӣ ва ҷовидонӣ намудани он саъю талош варзем.

Миллати саъдахтари тоҷик суннатҳои зиёди фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дорад, ки чун тору пуд ба ҳамдигар пайванд буда, як воҳиди комилро таҷассум мекунанд.

Фолклор яке аз сутунҳои ҳувияти миллат аст. Дар намунаҳои фолклори тоҷик мавзўъҳои гуногуни фарогирандаи ҳар гуна масъалаҳои рўзгор, паҳлуҳои зиндагӣ, муносиботу меъёрҳои иҷтимоӣ, бовару эътиқод, адабу зебоишиносӣ ва амсоли инҳо бозтоб гаштаанд. Таҳлилу баррасии ҳар як мавзўъ ба таври ҷудогона моро бо арзишҳои маънавӣ ва тасаввуроту ҷаҳонбинии мардум ошно месозад.

Мавзўи иттиҳоду ваҳдатсозӣ ва дар робита ба ин тавсифи Ватан дар намунаҳои адабиёти шифоҳии халқи тоҷик мавқеи хосса дошта, дар тўли қарнҳо бо адабиёти китобӣ, навъҳои санъат ва ҳунар дар иртибот будааст. Дар бораи мафҳумҳои ваҳдат, иттиҳод, иттифоқ ва дўстӣ дар фолклори тоҷик намунаҳои зиёди рубоиву дубайтӣ, зарбулмасалу мақол ва матнҳои насри шифоҳӣ мавҷуданд, ки дар тўли садсолаҳо барои муттаҳидӣ ва ҳамбастагии мардум мисли шиор хидмат кардаанд. Чунончи, дар зарбулмасалу мақолҳои зерин вобаста ба иттифоқу ягонагӣ хулосаҳои ҳикматомези мардум аз таҷоруби рўзгор зикр шудаанд:

Қуввати мушт аз ҷамъи ангуштон аст.

                               *   *   *

Хоҳӣ, ки душманат мағлуб гардад, дўстонро аз даст мадеҳ.                                

                               *   *   *

Аз як даст садо намебарояд.

                               *   *   *

Қудрат дар иттиҳод аст.

Ҳамин мазмун дар рубоие ба таври возеҳ инъикос ёфтааст:

Чун ҷамъ шаванд панҷ ангушт,
Гарданд ба фарқи душманон мушт.
Гар панҷа зи ҳам ҷудо бимонад,
Ҳар тифл шикастанаш тавонад.

Дар ин гуна матнҳо аҳамияти иттифоқу ваҳдат таъкид мешавад. Инсонҳо дар ягонагӣ ангуштони як муштро мемонанд, ки дорои қудрат шуда, ба душман дар вақти дифои Ватан посух хоҳанд дод. Дар танҳоӣ ҳар кадом ангушт, яъне ҳар кадом фард наметавонад, қудратеро доро бошад.

Мавзўи иттифоқ инчунин дар мисоли муттаҳидии мўрчагон дар афсонаю масалҳои халқӣ ба таври пандомез тасвир шудааст. Дар афсонамасали “Кӣ зўр аст?”  гунҷишке дар ҷустуҷўйи шахси аз ҳама зўр мешавад. Ў бо чандин ҷонварон, растаниҳо ва ҳодисаҳои табиат рў ба рў шуда, аз он мепурсад, ки “зўр аст кист?”. Дар охир ҳама образҳои  пурзўр дар назди иттифоқи мўрчагон сар хам мекунанд ва гунҷишк ба ин натиҷа мерасад, ки неруи аз ҳама зўр ин иттифоқу ягонагӣ мебошад. Мардум дар тимсоли мўрчагон аз шунавандагони  афсона даъват мекунанд, ки дар ҳама кор бо ҳам дўсту муттафиқ бошанд.                             

Мўрчагон гар бикунанд иттифоқ,
Шери жаёнро бидаронанд пўст.

Васфи Ватан аз мавзўъҳои дигари хеле муҳим мебошад, ки дар рубоиву дубайтиҳо, суруду таронаҳо, зарбулмасалу мақол ва жанрҳои дигари фолклорӣ  бозтоб гаштааст. Дар жанри зарбулмасал, ки иборат аз мазмуни пандомези ихчам мебошад, тавсиф ва ҳифзи  Ватан ба мисли шиор тасвир гаштааст:

Шахси беватан – булбули бечаман.

*   *   *

Ҳифзи ҷон воҷиб аст, ҳифзи Ватан аз он воҷибтар.

*   *   *

Қурбони Ватан бош, ки қурбонат шаванд.

Дар рубоиҳо гўяндагон мавқеъ ва манзалати Ватанро аз ҳама боло шумурдаанд. Хоки Ватанро беҳтар аз тахти Сулаймон, хори Ватанро хуштар аз лолаву райҳон баҳо додаанд.

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хор
и Ватан аз лолаву райҳон хуштар.
Юсуф, ки  ба Миср подшоҳӣ мекард,
Эй кош, гадо будӣ ба Канъон
хуштар

Марҳалаи начандон тўлонии таърихӣ собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати созандаву бунёдкор, ватандўсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд.

Дилшод  Раҳимӣ,
номзади илми филология,
ходими пешбари  шуъбаи
эҷодиёти мардумӣ ва таҳлилю
методии ПИТФӢ