Баъди зуҳри рӯзи Баъди зуҳри рӯзи панҷшанбе, 20-уми апрел ошиқони каломи Шайх Саъдӣ дар як толори хеле хурдакаки собиқ кинотеатри Зебунниссо, ки ҳоло Иттиҳоди киноматографистони кишвар онро қароргоҳи доимии худ кардааст, ҷамъ омаданд, то бо василаи ширкат дар рӯнамои Шарҳи “Гулситон”-и донишманд ва пажуҳишгари шинохтаи тоҷик Обид Шакурзода ҳамзамон Рӯзи бузургдошти ҳакими бузург, паябари шеъри форсиро таҷлил кунанд.
Ҳамасола аввали урдибиҳштмоҳ (баробар ба 20 апрели соли масеҳӣ) дар сар то сари олам Рӯзи бузургдошти Шайх Саъдии Шерозӣ таҷлил мешавад. Аммо имсол дар ҳамин рӯз муштоқони каломи Шайхи бузург соҳиби Шарҳи “Гулситон”-и ӯ шуданд, ки бо талоши Обид Шакурзода дуюмин бор бо иловаву тасҳеҳу ихтисорот рӯйи чоп дид.
Ин нахустин матни комили “Гулистон” бо алифбои кирилл ва шарҳи комили он дар Вароруд дар зарфи 100 соли ахир аст. Аммо Обид Шакурзода бори аввал ҳудудан се сол пештар китоберо бо ҳамин ном интишор дода буд, ки он замон низ аввалин шарҳи комили “Гулистон” маҳсуб мешуд. То ин замон ин шоҳкории бузурги мероси ниёкон дар кишвари мо ба таври шоиста таҳлилу таҳқиқу баррасӣ нашуда буд. Танҳо чопи нимакомили он дастраси хонанда шуда, ки боз аксари нашрҳо бо саҳву хатоҳои хеле ҷиддиву то ҳадде шармандавор.
Матни комил бар асоси тасҳеҳ ва табъи шодравон Муҳаммадалии Фурӯғӣ (бо баргардон ба крилӣ ва бо маънои вожаҳо ва шарҳи ҷумлаҳову байтҳои душвор) ва бо муқаддимаи шодравон Ғуломҳусайни Юсуфӣ, ки ҳарду аз ҷумлаи саъдипажуҳони барҷастаи Эрон ба шумор мераванд, омода шудааст.
Чӣ зарурате пеш омад, ки китобе, ки соли 2014 чоп шуда буд, бори дигар нашршавад? Ба ин суол хонанда аз муқаддимаи китоб, ба қалами Обид Шакурзода посухи дақиқ меёбад. Муаллиф Худовандро сипос мекунад, ки дар таснифи дубораи он “тааммуле кунем ва то ҷойе имкон даст диҳад ин дафтарро муносибтар ба гуфтори Шайхи аҷалл таҳрир намуда, хостаҳои иштиёқмандону мухлисони Саъдиро бароварда гардонем. Дар ин росто нахуст матни “Гулистон”-ро ба истилоҳ тасфия кардем: яъне матн ба таври комил хоссу соф гардид ва баракси чопи аввал ҳама гуна шуруҳи дохили он ҳазф шуда, шарҳу тавзеҳҳо ба таври алоҳида шуморабандӣ ва ба унвони таълиқот дар поёни ҳар фасл оварда шуд”.
Бино ба гузориши муаллиф баъди чопи аввал иддае аз дӯстону пажуҳишгарон ва донишмандон иброи назарҳое дар мавриди сабки шаҳрнигорӣ ва забони он кардаанд, ки “барои умуми хонанда гоҳе мураккабу душворфаҳм омадаанд ва гоҳе ҳам кӯсу кам; бар ин бино ҷаҳд шуд, ки ин бор сабки соддаву оммаписанд ва то ҳадди имкон равшантару муфассалтар пеш гирифта шавад. Тавзеҳот аксар таҳрир ва ё бознависӣ шуд; аз шарҳҳои то андоза норавшан сарфи назар кардем”.
Муаллифи шарҳи “Гулистон” дар ин ҳудудан се соли охир пайваста дар ҷустуҷӯ ва пажуҳиш будааст, то чопи дуввум комилтару пурмуҳтавотар бошад. Аз ин рӯ бо кӯмаки дӯстонаш кутубе ҳам аз саъдипажуҳони шибҳиқораи Ҳинд дастрас карда ва мегӯяд аслан аввалин шарҳи форсии шоҳкории Саъдӣ аз ҷониби донишмандони форсзабони Ҳинд сурат гирифтааст. Аммо то кунун ба далели набудани манбаъ ин шарҳҳо пурра омӯхта нашудаанд. Дар чопи дуввуи шарҳи “Гулистон” Обид Шакурзода талош кардааст аз ин шарҳҳо низ ҷо-ҷо истифода кунад.
Ҳачунин дар чопи дуюм рисолаи “Хиёбони Гулистон”-и Сироҷиддуни Алӣ Хон Орзуи Шоҳиҷаҳонободӣ, шарҳи ҷомеъи доктор Муҳаммади Хазойилӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст ва дар шаҳри чанде аз бобу фаслҳои “Гулистон” аз ин асарҳо иқтибос шудааст.
Дар идомаи сарсухани чопи дувум мехонем: “Дар “Гулистон”, ки шоҳкори бемонанди адаби ҷаҳон аст, ду фасл – Дебоча ва “Ҷидоли Саъдӣ бо муддаӣ дар баёни тавонгариву дарвешӣ” (дар боби 7-ум ва хотимаи асар) зеботару шевотар аз ҳама аст, ки дар шарҳи аввал ба ин вижагӣ таваҷҷуҳи шоён нашудааст ва ин кутоҳӣ дар ин нашр ҳатталимкон расо шуд. Саҳфу ғалатҳои омада дар чопи нахуст ислоҳ гардиданд”.
Рӯнамои китоби Шарҳи “Гулистон” шоми панҷшанбеи гузашта басо хотирмону ҷолиб гузашт. Ровии ин нишасти пуршукуҳ, донишманди варзида Абдуқодири Рустам, ки худ ҳамзамон виростори чопи дуввум мебошад, профессор Абдунабӣ Сатторзода, Ҳасани Қарибӣ-раиси Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии вобастаи сафорати Эрон дар Тоҷикистон ва намояндаи Бунёди Саъдӣ дар Точикистон ва чанд тани дигар дар бораи ҷойгоҳи Шайх Саъдӣ дар адабиёти форсӣ ва шуҳрати ӯ дар олам, “Гулистон” ва пажуҳишҳо атрофи он дар Тоҷикистон ва Эрон, вижагиҳои кори Обид Шакурзода дар таълифи шарҳи комилу фарогири ин шоҳкори бузург суханронӣ карданд.
Рӯнамои китоби Шарҳи “Гулистон” ба як маҳфили хеле хотирмони ёди Саъдии бузургвор табдил шуд, ки бидуни шак бар ёду хотираҳои ширкаткунандагонаш дергоҳ боқӣ хоҳад монд. Дар поёни нишаст ҳозирини маҳфил бо камоли нишот аз ин китоби нави ҷомеъ армағоне бо худ бурданд.
Ин асари пурарзиш аз суи Пажуҳишгоҳи фарҳанги забону адаби порсии тоҷикии назди сафорати Ҷум Ис Эрон дар Тоҷикистон ва бевосита бо ибтикори раиси ин ниҳод оқои Ҳасани Қарибӣ ба зевари чоп кашида шудааст.
Обид Шакурзода, пажуҳишгари маъруфи тоҷик корманди Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон буда, муаллифи даҳҳо мақолаҳои илмӣ дар бораи класскиони адабиёти тоҷик ва муосир аст. Шарҳи “Гулистон” аввалин кори мустақилонаи ӯ дар боби ошноии ин шоҳасари Шайх Саъдӣ барои ҷомеаи фарҳангии кишвар маҳсуб мешавад.