Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳа дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот

Зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони илмии пажўҳишгоҳ 39 кори илмӣ, пажўҳишӣ, тадқиқотӣ ва методӣ, аз ҷумла 4 китобу дастур, 24 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ дар нашрияҳои даврӣ ва 11 мақола дар сомонаи интернетӣ ба табъ расиданд. Иловатан, 30-мақола доир ба  фарҳангу ҳунар, воситаҳои ахбори омма, фарҳанги ғайримоддӣ ба саҳифаи тоҷикии Донишномаи озоди электронӣ – Википедия (tg.wikipedia.org) ворид карда шуд.

Зарфи се моҳи охир дар Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон се лоиҳа мавриди таҳқиқу пажӯҳиш қарор гирифтааст. Дар ин бора субҳи имрӯз Директори Пажуӯишҳгоҳ Шариф Комилзода дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи ниҳод хабар дод. Ин лоиҳаҳо яке  «Таҳқиқи равандҳои инноватсионии соҳаҳои фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ», дуюмӣ «Равандҳои инноватсионии фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ дар муҳити ҷаҳонишавии фарҳанг», сеюм «Вазъи имрўзаи фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар: мушкилот ва дурнамо», чорум «Вазъ ва дурнамои матбуоти маҳаллии Тоҷикистон» ва охирӣ «Бунёди манобеи библиографии чопӣ ва электронии “Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон” барои солҳои 2017-2019» номида шудаанд.

Шариф Комилзода ҳамчунин гуфт, ки дар семоҳаи аввали соли 2019 иҷрои лоиҳа ва мавзўъҳои илмӣ аз ҷониби ходимони илмии пажўҳишгоҳ тибқи нақшаҳои фардии корҳои илмию тадқиқотӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин давра аз ҷониби кормандони илмии пажўҳишгоҳ 39 кори илмӣ, пажўҳишӣ, тадқиқотӣ ва методӣ, аз ҷумла 4 китобу дастур, 24 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ дар нашрияҳои даврӣ ва 11 мақола дар сомонаи интернетӣ ба табъ расиданд. Иловатан, 30-мақола доир ба  фарҳангу ҳунар, воситаҳои ахбори омма, фарҳанги ғайримоддӣ ба саҳифаи тоҷикии Донишномаи озоди электронӣ – Википедия (tg.wikipedia.org) ворид карда шуд. 

Бино ба гуфтаи Директори Пажӯҳишгоҳ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ олимони пажўҳишгоҳ тибқи супоришҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳуҷҷатҳои номинатсияи “Меҳргон”-ро муштарак бо коршиносони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳаҷми 26 саҳифа таълиф намуда, барои сабт ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод намуданд. Ҳамчунин дар ин давра ҳуҷҷатҳои номинатсияи “Суманакпазӣ” ба забони тоҷикӣ омода гардида, ба Вазорати фарҳанг пешниҳод карда шуд.

Дар ин давра аз ҷониби ходимони илмии пажўҳишгоҳ 18 адад варақаи инвентаризатсионӣ оид ба пухтани таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла суманакпазӣ, сабадбофӣ, рўбобтарошӣ, оҳангарӣ, кабкбозӣ, пардозгарӣ ва ғайра пур гардидааст. 

Шариф Комилзода ҳамчунин хабар дод, ки ходимоин пажўҳишгоҳ дар ин давра таҳқиқотро оид ба луғатномаи соҳаи мусиқӣ ба анҷом расонида (китоби “Луғатномаи тафсирии мусиқӣ” аз ҷониби профессор Ҷўрахон Обидпур таҳия гардида, дар арафаи чоп аст), назорати дастурҳои таълимии муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва ҳунарро дар ҷумҳурӣ идома доданд.  

Дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввали соли 2019 ҷанбаҳои дигари фаъолияти ПИТФИ мавриди суҳбат қарор гирифтанд, ки хабарҳои муҳими онро дар бахшҳои дигари ин гузориш ироа мекунем.

барчасп: