Рубоби бадахшонӣ

Рубоби бадахшонӣ, сози мусиқии торӣ мизробиест, ки дар асрҳои 17-18 дар Бадахшон ба вуҷуд омада дар дигар мавзеъҳои Осиёи  Миёна, аз ҷумла Бухоро хеле маъмул гардид.
Тахмин меравад, ки сози мазкур дар асоси уд ё тори қафқозӣ (аз ду косахона иборат аст) ба вуҷуд омадааст: аз рўи садо ва системаи пардивию торӣ ба барбат (уд) шабоҳат дорад.
Рубоби бадахшӣ дар гузашта чун сози якканавозӣ истифода мешуд ва дар ансамблҳои созӣ вазифаи овозҳои регистри бамиро ба ўҳда дошт. Онро ҳоло ҳам дар ансамбл ва оркестрҳо чун садои регистри миёна истифода мебаранд.
Косаи он нисбат ба дигар косаи рубобҳо бузургтар ва мурудшакл, дастааш кўтоҳ (8-10 см) буда, нўги он ба қафо хам хўрдааст, ки дар он гўшакҳо ҷойгиранд. Дарозии умумиаш 80 см буда косахона бо пўсти бўзу гўсфанд ва дастаро бо тахтачаи тунук рўйкаш мекунанд. Ин шакли рубоби бадахшӣ 5-пардаи асоси ва 6-7 пардаи иловагӣ дорад. 5-то тори асосӣ (зеҳи ё синтетика) ва 4-5 тори иловагӣ дар боло дошта, онҳо дар танаи қисми боли косахона ҷой дода шуда, вазифаи садои зангўларо адо мекунанд. Диапазон (фосилаи мобайни овози аз ҳама паст ва аз ҳама боло)-и он қариб ду октаваро дар бар мегирад.
            Дар нимаи дуюми асри 20 як зумра устоҳо аз  зумраи А.И Петросянс дар устохонаи илмӣ таҷрибавӣ назди Консерваторияи давлатии шаҳри Тошкент  сози рубоби бадахшии халқӣ аз нав мукамал сохта шуда, шакли он дигар карда шуд. Рубоби бадахшии навсохта (таъмиршуда) низ дар оркестр мисли рубоби қошғарӣ бо ҳаҷми садодиҳиаш регистри мобайнро фаро мегирад. Дастаи он хеле дароз (25-30 см) карда шуд, ки аз ҷиҳати техникӣ аз сози пештара бартари дорад. Гўшакҳояш низ бо филизӣ иваз карда шуданд.  Диапазонаш васеъ гашт: аз си-и октаваи хурд  (дар навиштан) то ми-и октаваи сеюм. Рубоби намуди навсохт низ аз се тор: тори якум (ҷуфт) ля-и октаваи якум, тори дуюм (ҷуфт)  ми-и октаваи якум, ва тори сеюм си- октаваи хурд бо фосилаи кварта ҷўр шуда аз навиштанаш як октава паст садо медиҳад. Бинобар ин он ба гурўҳи созҳои транспиркунандаи созҳои миллӣ дохил мешавад ва нотааш дар калиди скрипка сабт мешавад. Тарзи услуби навохтани рубоби бадахшӣ (ва ангушгузориаш) ба мисли рубоби қошғарист.  Рубоби бадахшии таъмирёфта аз ҷиҳати техникӣ ва диапазон аз рубоби бадахшии пештара бартарӣ дошта бошад, вале аз ҷиҳати қувваи овоз ва телебраш коҳиш ёфтааст.
        Баъди солҳои 50-уми асри ХХ як зумра навозандагони бомаҳорат ва омўзгорони соҳибкасб ба ҳайси якканавоз дар консертҳо баромад карда, шогирдонро тарбия карда, ба воя расониданд.  
        Барои сози рубоби бадахшӣ маводҳо нисбат ба рубоби қошғарӣ  камтаранд, вале барои ин соз низ китоби дарсӣ бо унвони «Дарси рубоби бадахшонӣ» аз тарафи рубобнавоз, композитор Маҷнун Баротов таълиф шуда, соли 1989 рўи чопро дид.
Муаллиф дар китоб як қатор пейсаҳоро барои сози мазкур табдил дода гирд овардааст. Композиторон низ барои ин соз асарҳои ҷудогона эҷод намудаанд: «Савти рубоб» Х. Абдуллоев, «Суруд ва рақс» -и С. Калонов, Н. Савинов ва ғ. Дар рубоби бадахшӣ аз репертуари рубоби қошғарӣ васеъ истифода мебурданд.
       Дар Тоҷикистон ансамбли бонувони рубобнавоз, ки ҳама асосан дар рубоби бадахшӣ менавозанду суруд мехонанд, дар назди Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷўраев амал мекунад.   

       Адабиёт: Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, Ҷ.3 //ЭМТ- Душанбе,2004;
Петросян А.И Инструментоведение // Узбекские народные инструменты.-Ташкент, «Уқитувчи», 1980,
Вызго Т.С. Музыкальные инструменты Средней Азии // Исторические очерки.-М, «Музыка», 1980.
Ҷӯрахон Обидпур. Дарси рубоб. - Душанбе-1969,1982

Таҳияи Ҷӯрахон Обидпур

барчасп: