Дар ҳар давру замон дар осмони илму фарҳанги ҳар як халқу миллат симоҳои пурзиёву барҷастае зуҳур менамоянд, ки боиси тобдору пурҷило гаштани оинаи тамаддуни инсонӣ мегарданд.
Бешубҳа, агар мо бастакори машҳуру шинохта Талабхӯҷа Сатторовро яке аз ситораҳои намоёни олами мусиқию фарҳанги тоҷик шуморем, хато нахоҳем кард. Мавсуф солҳои зиёд барои ривоҷу равнақ ва бою рангин намудани олами зебою пурнафосати мусиқии касбии тоҷик талошу эҷодкориҳо дошт. Афсус, ки марги нобаҳангом айёми пурҷӯшу хурӯши зиндагӣ ва камолоти эҷодӣ ӯро аз байн бурд ва фарҳангу мусиқии касбии тоҷик дар симои ин шахсияти нексиришт талафоти бузург дод.
Шодравон, ҳанӯз солҳои охири асри XX масъалаи дар ҳолати ногувор қарор доштани вазъи мусиқии касбии тоҷик ва роҳҳои ояндаи наздик дар сатҳи зарурӣ баланд бардоштани онро дар семинари умумибашарӣ, ки бо ташаббуси Фонди байналмилалии Борбад аз 2 то 4 декабри соли 1999 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ба миён гузошта, таваҷҷӯҳи иштирокчиёни семинарро ба ду масъалаи муҳим ва мубрами рӯз:
- дар маркази ҷумҳуриамон шаҳри Душанбе кӯшодани муассисаи олии таълими мусиқии касбӣ- Консерваторияи миллӣ ва баъдан бо ин восита сар то сар дигаргун намудани муносибати ҷавонон ва оммаи васеи халқро нисбати мусиқии касбӣ ҷалб намуда буд.[1]
Натиҷаи он пешниҳодҳои дурандешона ва самараи хизматҳои ин марди ҳунар буд, ки ҳоло дар мамлакат тайи чанд сол аст, ки Консерваторияи миллии Тоҷикистон амал намуда, дар таълиму тарбияи насли оянда ва тарғиби мусиқии касбии тоҷик саҳми арзанда дорад ва дар амалигардонии талаботҳои «Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумла, ривоҷ ва равнақ додани мусиқии касбии тоҷик нақши муҳимеро хоҳад бозид.
Нахустин асарҳои худро ӯ дар нимаи аввали солҳои 80-уми асри гузашта эҷод намудааст. Баъди хатми Консерваторияи шаҳри Маскав (соли 1983) асарҳои эҷоднамудаи ин оҳангсози мумтоз мазмуни баландтару ҷолибтареро касб намуданд.
Талабхӯҷа Сатторов дар жанрҳои гуногун асарҳо офаридааст ва ҳар як суруду оҳанги офаридааш инъикоси олами зебою рангини ботинии ӯ, парвози тахаюлоти рӯшану рӯҳнавозест, ки ба дилҳо шӯру шарар мебахшаду ҳастиро ба ваҷд меоварад. Ҳам дар асарҳои хурди камеравии ин оҳангсоз, ки дар оғози фаъолияти эҷодии хеш бештар иншо мекард ва ҳам дар асарҳои калонҳаҷми симфонӣ ва инструменталии ӯ як услуб ва сабки махсусе эҳсос карда мешавад, ки фақат хоси асарҳои эҷоднамудаи Талабхӯҷа Сатторов мебошад. Ин сабки хосаро бо сукути бовиқору пурсалобати қуллаҳои барфпӯшу суруди нотакрори обшорон ва ба туғёни пурамвоҷи дарёҳои кӯҳӣ шабеҳат додан бамаврид аст. Масалан, асари ҷолиби ӯ, ки бахшида ба ҷашни 100-солагии шӯриши Восеъ офарида шуда буд, «Фарёди дуриҳо» ном дошта, як оҳанги мутантани пуршукӯҳу шаҳомат ва ҷаззобу таъсирбахш аз аввал то охир асарро фаро гирифтааст.
Ҳамкории Талабхӯҷа Сатторов бо театр дар эҷодиёти ӯ як давраи наверо кушод. Натиҷаи чунин ҳамкорӣ буд, ки ин оҳангсози маъруф дар жанрҳои гуногун барои солистон, хор ва оркестри симфонӣ кантата ва сурудҳо эҷод намуд.
Тамоми офаридаҳои Талабхӯҷа Сатторов бо як ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ сиришта шудаанд. Дар мавриди шунидани оҳангҳои ӯ рӯҳи муборизону баҳодурони бовиқори тоҷик Рустаму Сӯҳроб, Темурмалик ва Восеъи қаҳрамон пеши назарҳо ҷилвагар мегардад.
Операи «Рустам ва Сӯҳроб» асари калонҳаҷми саҳнавӣ буда, баҳри дар олами мусиқӣ зинда намудани ёди қаҳрамонони халқи тоҷик ва корномаҳои онҳо як кӯшиш ва қадами устувори бастакор буд[2].
Дар ҳақиқат, оҳангу сурудҳои халқӣ дар эҷодиёти Талабхӯҷа Сатторов ҷои махсусро ишғол мекунад. «Дарё, ки калон шавад», «О дил, о дил», «Нолаҳо аз ёлаҳо» дар такмили ин оҳангсоз ва дар иҷрои хор боз ҳам дилошӯбу хӯшнаво гаштаанд.
Ӯ бастакори заҳматталаб буду ҳамқадами замон ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи эҷодӣ. Кантатаи «Арсаи ваҳдат», балладаи «Гули бодом», «Ҷони мо, эй Тоҷикистон», «Иттиҳод» ва монанди инҳо аз кӯшишу ҷустуҷӯҳои ин марди ҳунар баҳри дар дили ҳар як шаҳрванд бедор намудани ҳисси худшиносиву ифтихори миллӣ дарак медиҳад.
Офаридаҳои Талабхӯҷа Сатторов қариб дар тамоми ҷамъомадҳои пуртантанаву ҷашнвораҳои пурҳашамат иҷро гардида, ба ин консертҳо шукӯҳи тоза бахшидаанд. Шунаванда аз шунидани ин оҳангҳо ба олами хаёлот фурӯ рафта, дамидани сапедадам, вазидани насими форами атрогин, лаб во намудани ғунчаи гул, хонишу чаҳ-чаҳи булбул, шилдирроси рӯдҳои кӯҳӣ, умуман тантанаи ҳаётро бар мамот, ғалабаи некиро бар бадӣ эҳсос менамояд.
Оҳангҳои ӯ рӯҳнавозу дилпазиранд ва дар ниҳоди шунаванда ҳиссиёти неку наҷибро бедор месозанд. Силсилаи суруду кантатаҳои Талабхӯҷа Сатторов зери унвони «Таронаҳои Ватан» саропо асарҳои тозаэҷоди даврони истиқлолро дар бар мегиранд. Шаш асаре, ки ин силсиларо ташкил медиҳад, дар маҷмӯъ бо эҳсоси меҳанпарастиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ эҷод гардида, аз маҳорати фавқулоддаи муаллиф дарак медиҳанд.
Се асари ин силсила – «Таронаи Ватан» (ба шеъри Салими Хатлонӣ), «Мо олами меҳрем» бар матни Муҳаммад Ғойиб ва «Ҷавонӣ» (шеъри Гулназар) дар жанри суруд эҷод шудаанд. «Таронаи Ватан» бори аввал дар 10-солагии Артиши миллӣ (соли 2003) садо дода, боиси табъи болидаи сомеон гардида буд.
Суруди «Мо олами меҳрем» (соли 2003) дар сабқати телевизионии «Мусиқӣ бар зидди терроризм», ки дар Кохи Борбад барпо гардида буд, иҷро карда шуда, дили тамошобинонро тасхир намуд.
Суруди «Ҷавонӣ» (соли 2005) ҳангоми ҷамъомади пуртантана- вохӯрии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони ҷумҳурӣ иҷро гардида, ба он маҳфил як шукӯҳи тоза бахшид.
Кантатаҳои «Самои бахт» ва «Давлати поянда» барои хор ва оркестри симфонӣ эҷод гардида, ҳанӯз бори аввал дар ҷашни 10-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 иҷро гардида буданд.
Кантатаи «Ҷаҳони тоҷикон» бошад, дар барномаи консертии бахшида ба кӯшодашавии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар Театри Калони шаҳри Маскав барпошуда иҷро гардида, дилу дидаи ҳазорон шунавандаро ба ҷаҳони мусиқии касбии тоҷик аз наздик ошно сохт.
Хулоса, ин шахси дар гузашта ҳалим, инсони нек ва эҷодкори нотакрор ҳамеша дар ёду қалбҳои шунавандагон-мухлисони эҷодиёти пурғановаташ боқӣ монда, то он даме, ки асарҳои ӯ садо медиҳанд дар тарғиби санъати мусиқии касбӣ ва тарбияи мусиқиандӯзии ҷавонон саҳми босазое хоҳад гузошт
Ёдат ба хайр, эй марди ҳунар Талабхӯҷа Сатторов
Сафари Гулназар
(Бо каме ихтисор нашр шуд)