Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд “ҷомеаҳое, ки такя ба фарҳанг доранд, дар ҳама талошҳо муваффақанд. Мо ин гуфтаро дар ҳаёти кишварҳои абарқудрати имрўза дида метавонем, ки маҳз тўли садсолаҳо бо гиромидошти фарҳанг ва тақвияти ҷабҳаҳои фарҳангӣ тавонистаанд, ки дар арсаҳои ҷаҳонӣ нуфузу эътибор пайдо намоянд”.
Шамсиддин Орумбекзода, ки имрӯз дар конфронси “Ваҳдат – кафили устувории имрӯзу фардои миллат” дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот сухан мегуфт, иброз дошт, ки кишвари абарқудратеро наметавон дарёфт, ки бидуни ҷилои фарҳанги аҷдодиву мулкии худ арзи ҳастӣ дошта бошад. Онҳо дар навбати аввал дар роҳи «системасозиҳо»-и минтақавию ҷаҳонӣ маҳз ба фарҳанги худ такя менамуданд ва менамоянд. Асри гуфтугўи тамаддунҳо, ки чанд даҳсола боз аҳли башар аз он барои худ мазмунҳоро ҷўё мешавад, давоми мантиқии андешаи болост, ки иртиботи қавӣ ба авзои иҷтимоиву сиёсии ҷаҳони имрўза дорад”.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон аз ҷумла гуфт: “Боиси фараҳмандиву қаноатмандист, ки давлату ҳукумати кишварамон ин ҷиҳати ҳассосиятдоштаро бо хубӣ дарк намудааст. Алалхусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як роҳанамои миллат бо қадрдонӣ намудани фарҳанги миллату халқи худ дар роҳи эъмори як кишваре, ки метавонад бақои устувор дошта бошад, алакай қадамҳои устувори худро дар ин ҷабҳа гузоштааст. Пешвои миллатамон тавонист, ки мо тоҷиконро чун соҳибу молики фарҳанги воло дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд”.
Шамсиддин Орумбекзода аз фарҳанги сулҳофаринии Эмомалӣ Раҳмон ёд кард ва гуфт: “Маҳз ў буд, ки имрўз тоҷик сарҷамъ аст ва нагузошт, ки «табартақсим»-и дигаре мулки аҷдодии моро пора созад. Фарҳанги сулҳофарии ў ибратомўз ва ҳамзамон мояи ҳасади тангбинон аст. Пешвои миллат сипари фарҳангиеро сохт, ки кафолати бақои миллату халқи тоҷик аст. Ин фарҳанги сулҳофарии ў мўҷиби ҳайрати ҷаҳониён аст ва ин сифат буд, ки имрўз не, имсол не, балки алакай бист сол қабл ў чун пешвои аслии миллати тоҷик шинохта шуда буд. Имрўз баъзан мешунавем, ки бо пешниҳоди фалону фалон ба ў унвони Пешвои миллат дода шуд. Ин андешаву гумон саҳеҳ нест. Касе бояд имрўз бо ин андеша миннат бунёд насозад, балки Эмомалӣ Раҳмонро фарҳанги сулҳу ваҳдатофаринияш пешво намуд. Фарҳангҳои аз дастрафтаро эҳё бахшиданаш ўро роҳнамои миллат сохт. Ин ҳам падидаи фарҳангист, ки ўро акнун пешво меномем. Зеро ин падида боз як омили муттаҳид гаштани тоҷикон дар атрофи ў мебошад”.
Дар ин конфронс, ки бо ширкати ҷамъе аз донишмандон ва пажуҳишгарон баргузор шуд, номзади илмҳои таърих Абубакр Зубайдов дар мавзуъи “Омилҳои пойдории Ваҳдати миллӣ” суханронӣ кард ва гуфт: “Ваҳдат–неъмати бебаҳои лоязолист, ки чун обу хоку ҳаво ва нури хуршед барои ҳаёти одамон зарур буда, омили асосии сарҷамъии миллат, пойдории давлат, тинҷию амонии кишвар ва зиндагии хушу осудаи мардуми тоҷик мебошад. Ин ваҳдати ҷовидонӣ, ки армони чандинасраи миллати ҷафокашидаи тоҷик буд, дар пояҳои сулҳу оштӣ ва бахшиши тарафҳо устувор гардида, чун навҷавони солиму нерўманд, бо дили пур аз меҳру орзу ба сўи ояндаи дурахшон қадам мезанад”.
Номзади илмҳои филологӣ Меҳроб Ҷумъаев аз Истиқлолият, Иҷлоссияи 16-ум ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ чун се воқеъаи тақдирсозу фаромӯшнопазир ёд кард. Вай иброз дошт: “Дар таърихи навини Тоҷикистон се воқеаро тақдирсозу фаромўшнопазир метавон арзёбӣ кард: Рўзи истиқлолияти давлатӣ, баргузор гардидани Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шўрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ва рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ. Агар гўем, ки тамоми дастоварду комёбиҳо ва пешрафту тараққиёти замони замони истиқлолият ба ҳамин воқеҳои таърихӣ марбутанду аз онҳо сарчашма мегиранд, хато нахоҳад шуд. Аз ин рў ин се воқеаи тақдирсоз бояд дар таърихи навини кишвари соҳибистиқлоли мо бо хатти заррин сабт карда шаванд. Бо гузашти солҳо, ҳар қадар мо аз ин воқеаҳо дур мешавем, аҳмияти таърихии онҳо зиёд мешавад. Ҷомеашиносону таърихногорон ва ҳар як фарди огоҳу худшиноси ҷомеаро лозим аст, ки аҳамияти иҷтимоиву таърихии ин се воқеаи муҳимро мавриди тадқиқ ва таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор диҳанд, то наслҳои оянда низ инро дарк дуруст намоянд”.
Номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимов дар бораи “Тавсифи ваҳдату дӯстӣ ва ватанпарасӣ дар намунаҳои фолклори тоҷик” суханронӣ кард ва ба тақвияти фикраш аз сурудаҳои мардумӣ мисолҳое овард, ки муаллифонаш сулҳу ваҳдатро чун калиди хушбахтии мардум медонанд.
Дар поёни конфронс дар доираи мавзуъи баррасишуда табодули афкор сурат гиифт.
Сипас, ширкаткунандагон аз номоиши китоби “Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги даврони истиқлол” дидан карданд.