Омилҳои пойдории Ваҳдати миллӣ

Ваҳдат–неъмати бебаҳои лоязолист, ки чун обу хоку ҳаво ва нури хуршед барои ҳаёти одамон зарур буда, омили асосии сарҷамъии миллат, пойдории давлат, тинҷию амонии кишвар ва зиндагии хушу осудаи мардуми тоҷик мебошад. Ин ваҳдати ҷовидонӣ, ки армони чандинасраи миллати ҷафокашидаи тоҷик буд, дар пояҳои сулҳу оштӣ ва бахшиши тарафҳо устувор гардида, чун навҷавони солиму нерўманд, бо дили пур аз меҳру орзу ба сўи ояндаи дурахшон қадам мезанад.
Дар солҳои пурошўби ҷанги шаҳрвандӣ роҳи ягонаи наҷоти миллати тоҷик ва давлати тозаистиқлоли он танҳо дар сулҳу субот буд. Лекин мутаассифона ин сулҳ барои мардуми мо хело гарон афтода, бо талафоти зиёди ҷонию молӣ ба даст омад.

Бунлоди мустаҳками муттаҳидии мардуми тоҷик пас аз хотимаи ҷанги дохилӣ ва ба имзо расидани созишномаи умумии сулҳи тоҷикон гузошта шуда, дар дили мардум боварӣ ба фардои дурахшон, садоқат ба сарзамину Ватани азиз аз нав бедор гардид. Сулҳу субот ва устувории сиёсӣ дар ҷомеа амалӣ гардид.

 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати тоҷикон, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид ба даргириҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳонаи қувваҳои ба ҳам муқобил хотима дода, ба барқарории сулҳу субот, ягонагии миллати тоҷик, рушди иқтисодиёт, хоҷагии халқ, иҷтимоиёт, барқарорсозӣ ва инкишофи кишвари тоҷикон бунлоди мўҳкам гузошт…

Ваҳдату ягонагӣ дар Тоҷикистон оташи хонумонсўзи ҷанги шаҳрвандии бародаркушро хомўш намуда, барои тантанаю забардастии сулҳ бар ҷанг,  субот бар хунрезию куштор, созандагӣ бар сўзандагӣ, бунёдкорӣ бар бунёдсўзӣ ва ақли солим бар ҷаҳолату ваҳшоният заминаи боэътимод ба вуҷуд овард, зеро ваҳдату ягонагии ин миллати куҳанбунёд ниёзу армони ҳазорсолаи ҳар як тоҷики бедордил ва рўшанфикру покизазамир буду ҳаст.

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдат–Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори 15–умин солгарди ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон қайд намуда буд:

«Мо имрўз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид. Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ кардем…».

Ваҳдати миллӣ омили асосии пешрафт ва рушди кишвар ба ҳисоб рафта, пеш аз ҳама дар заминаи андешаи миллӣ, таъриху  фарҳанги миллат ба вуҷуд меояд ва устувор мегардад, ки фарогирандаи маҷмўи арзишҳо ва ормонҳои миллист.

Ваҳдат–ин ягонагӣ, сулҳу пойдории миллат, ҳамдилии одамон, якпорчагии кишвар, иттиҳоди мардум, дўстиву бародарӣ ва садоқату рафоқат мебошад.

 Ба гуфти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Миллати мо тавассути фарҳанги таҳаммулгарову башардўстонаи хеш борҳо давлату ҷомеаи тоҷиконро аз гирдоби марговари бозиҳои зиёди сиёсӣ наҷот додааст».

Дар ҳақиқат тўли таърихи беш аз ҳазорсолаи мавҷудияташ ба миллати куҳанбунёди тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид намуда, давлатҳои бунёдкардааш рў ба завол овардаанд. Лекин ин миллат тавонист дар арсаи таърих борҳо худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, ба истиқлолияти миллию давлатии имрўзааш расад. Аз замони давлатдории Оли Сомон то даврони расидан ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фарзандони барўманду арҷманд ва сарсупурдаи тоҷик барои сарнавишти миллати хеш, ному нанг ва забону фарҳанги миллӣ  ҷонбозиву диловариҳои бемисл   кардаанд.

Айни замон, ҳар як фарди бонанги тоҷик бояд биандешад, ки ин сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии миллат ба чӣ сахтиву сангинӣ ва қиммати хело гарон ба даст омадааст.

Баъди фурўпошии давлати абарқудрати шўравӣ аз байни ҳама ҷумҳуриҳои дигари иттифоқ имтиҳони сангини таърих бори дигар сари миллати ҷафокашидаи тоҷик омад. Кишвари тозаистиқлоли моро хатари парокандагӣ ва нобудӣ таҳдид мекард.

Мардуми тоҷик чӣ гуна тавонист, ки дар як муддати хело кўтоҳи таърихӣ оташи ҷанги хонумонсўзи шаҳрвандиро фурў нишонда, сулҳу суботро дар кишвар барқарор намояд?

Ба диди мо посухи ин савол якчанд омилҳоро дар бар мегирад, ки  сари он андешаронӣ хоҳем кард.

Пеш аз ҳама асоси барқарории сулҳ ва ваҳдати тоҷиконро заҳмату талошҳои фарзанди барўманд ва сарсупурдаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил медиҳад, зеро сулҳу салоҳи миллати тоҷик ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳо мақсади асосии ў буд. Аз рўзҳои аввали ба сари қудрат омаданаш вай аз дўстиву бародарӣ, сулҳу салоҳ, таҳаммулпазирӣ, гузашту бахшиши гуноҳони ҳамдигар, дўст доштани Ватани аҷдодӣ сухан гуфта, дар дили мардум шуълаи хомушгардидаи умеду орзу ва боварӣ ба ояндаи дурахшонро аз нав фурўзон намуд. Ҳама созандагию бунёдкорӣ ва муваффақиятҳое, ки дар тўли солҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату ягонагӣ (аз ҷумла ҷамъ овардани тарафҳои ба ҳам муқобил, ба Ватан баргардонидани зиёда аз як миллион фирориёни тоҷик, сохтмони роҳу нақбҳои мошингард, нерўгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, мактабу муассисаҳои тандурустӣ, корхонаҳои гуногун ва ғайра) ба даст овардем, маҳз ба шарофати дилу нияти пок, қадами муборак, ҷасорату мардонагӣ, матонату фидокорӣ, эътимоди комил ва фарҳанги нодири сиёсии бунёдгузоронаи сарвари давлати навини тоҷикон дар амал тадбиқ гардиданд. Маҳз тавассути роҳбарии хирадмандонаи ў имрўзҳо дар ҷомеаи мо ваҳдати комил, ифтихори солими миллӣ, ҳамкории нерўҳои сиёсию ҷамъиятӣ баҳри амнияти Ватан ва ободии кишвар ҳукмфармост.

Омили дигар ин кўшишу талошҳои як идда фарзандони соҳибмаърифат ва рўшанфикри тоҷик буд, ки манфиатҳои миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азизро аз манфиатҳои шахсии худ боло гузошта, ба ақлу заковати фитрӣ, марому ниятҳои неки сарвари давлат боварӣ намуда, сиёсати хирадмандонаи ўро пурра ҷонибдорӣ намуданд. Ҳуввияти миллӣ, ватандўстӣ, якпорчагии кишвар, мустаҳкамии давлати навин ва тозаистиқлоли тоҷикон мақсаду мароми ҳар як тоҷики бедордил гардид.

Созмонҳои бонуфузи байналмиллали САҲА ва СММ, кишварҳои ба мо дўсту некхоҳ, ки кафили сулҳ буданд, барои истиқрори сулҳи  тоҷикон корҳои муҳимро ба сомон расониданд.

Барои амалӣ гардонидани вазифа ва нақшаҳои созишномаи умумии сулҳ комиссияи оштии миллӣ вазифаи пурмаҳсул ва таърихии худро сарбаландона иҷро намуд.

Дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва раванди сулҳофарии тоҷикон саҳми радио (бухусус барномаи «Хоки Ватан») ва телевизиони Тоҷикистон хело назаррас аст. Давоми солҳои 1992–1997 вобаста ба ин мавзуъ тариқи шабакаҳои радио 300 ва телевизиони Тоҷикистон 175 барномаҳои вижа таҳияву нашр гардиданд. Он замон аз сабаби нооромиҳои кишвар рўзномаю маҷаллаҳо сари вақт ба мардум дастрас намегардид, инчунин иддае аз ҳамватанонамон дар лаҳзаҳои парешониву саргарданоии миллат, бо амри тақдир ба гўшаву канори дурдаст ва мамолики ғайр афтода буданд, аз ин рў ягона воситаи ба мардум расонидани сиёсати давлат ва ҳукумати  Тоҷикистон радио ва телевизион буд.

Омили дигар ин фитрату хиради азалии мардуми куҳанбунёди тоҷик буд. Ҳанўз се ҳазор сол муқаддам Зардушт дар сафҳаҳои «Авасто» мардумро ба «гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек» даъват намуда буд. Ҳама Готҳову Яштҳо ва Ясноҳои ин китоб саршори амали нек, некиву накўкорӣ, меҳру муҳаббат, сулҳу осоиш, ҳамдиливу ягонагӣ ва садоқат дар назди Худои якто мебошад.

Китоби муқаддаси Қуръон, ки асоси фарҳанги исломии моро ташкил медиҳад, дар сураву оёташ баробариву бародарии бани башар, дўстиву рафоқату садоқат, сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии ҷумлаи бандагони Худованди мутаолро тарғибу ташвиқ менамояд.

Адабиёти ҳазорсолаи мардуми мо, ки обхўри ин сарчашмаҳои лоязолист, аз устод Рўдакӣ сар карда, то шоирони имрўза ақидаҳои неки умумибашариро тараннум намудааст.

Яке аз ҳамзамонони устод Рўдакӣ  Абўшакури Балхӣ фармудааст:

Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накўшад ба ҷанг.

«Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ҳодисоти гуногуни таърихӣ, ҷангу ҷидолҳои байни шоҳон ва мамолики зиёдро тасвир намудааст. Шоири бузург дар охир ба ҷаҳониён муроҷиат карда мегўяд, ки сулҳ аз ҷанг хубтару беҳтар аст:

Касе нест бе озу бе ному нанг,
Ҳамон оштӣ беҳтар ояд зи ҷанг.

Дар адабиёти ҳазорсолаи мо шоиреро пайдо намудан душвор аст, ки дар васфи сулҳу дўстӣ, баробариву бародарӣ ва ваҳдату ягонагӣ сухан нагуфта бошад.
Шоири шаҳири тоҷик, устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода ҳамчун қосиди сулҳу дўстӣ, вассофи Ватан, тараннумгари ваҳдату ягонагӣ шўҳраи офоқ гардида буд.

Байти машҳури устод:

Одамон аз дўстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рўзи сахт

як ҷаҳон маъно дошта, моро ба андеша водор месозад. Шоир ҳушдор медиҳад, ки оқибати ҷангу душманӣ вайрониву хонахаробист ва танҳо сулҳу дўстӣ, бародариву баробарӣ метавонад ҳаёти осоиштаро насиб гардонида, моро ба қуллаи мақсуд бирасонад.

Пас аз имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати тоҷикон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сари баланд, аз шаҳри Маскав ба Ватан баргашт. Ўро дар майдони ҳавоии пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ҳазорон ҳазор одамон бо гулу гулдаста ва шодию фараҳи бепоён пешвоз гирифтанд. Дар дили мардум умед ба фардои дурахшон ва оромию осудагӣ  қавитар гардид. Дар он рўзи пурфайз шоири тавонои миллат, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ шеъри ҳамон лаҳзаҳо эҷодкардаашро, ки матлааш чунин буд:

Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.

қироат намуд. Ҳине, ки ў байти

Ҷанги бунёдсўзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад–

ро хонд, аз чашмони аксари одамон ашк ҷорӣ гардид…

 Дар тараннум ва тарғиби ғояҳои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу дўстӣ шоирону нависандагони тоҷик асарҳои зиёд навистаанд, композиторону ҳофизони тоҷик суруду оҳанг эҷод кардаанд ва рассомон мусаввараҳои мондагорона рўи қоғаз овардаанд, ки дар тарбияи наслҳои ҷавони имрўз ва фардо дар рўҳияи ватандўстӣ ва башардўстӣ саҳми босазо мегузоранд.

Ҳамин нуктаро қайд кардан муҳим аст, ки ваҳдати миллӣ таҳкиму такмили ҳамешагӣ ва ҳимояти пайваставу ҳамаҷониба мехоҳад. Таҳкимбахшӣ ва ҳифзи ваҳдат аз ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ зиракии сиёсӣ, камолоти илму фарҳанг, нангу номус, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва арзишҳои миллиро тақозо мекунад.

 

Абубакр Зубайдов,
номзади илмҳои таърих