Чанд сухан перомуни ҳунарҳои анъанавии мардона дар кишвар (дар асоси маводи мардумшиносӣ аз Муъминобод, Дарвоз, Темурмалик, Мастчоҳи Кӯҳӣ ва Хуросон)

Омӯзиши вазъи фаъолияти шахсони ҳунарманд дар ин шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ барои эҳёву муаррифӣ намудани намунаҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ва рушди он мусоидат мекунад. Зеро ба ин восита мо метавонем ҳунармандони асилро, ки тӯли солҳои зиёд дар як кунҷи деҳе ё шаҳраке бо ҳунари аҷдодии хеш машғуланд, муаррифӣ намоем ва аз боби фаъолият ва натиҷаи маҳсули дасти эшон чанд сухан гуфта бошем. Хушбахтона, баъди эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дар идомаи он эълон намудани солҳои...

барчасп: 

«Мирзо Турсунзода муаррифи адабиёт ва фарҳанги миллӣ»

Рӯзи 4-уми майи соли равон дар толори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ маҳфили навбатии «Гулбоғи адаб», таҳти унвони «Мирзо Турсунзода муаррифи адабиёт ва фарҳанги миллӣ» бахшида ба 110 - солагии шоири шаҳир, Қаҳрамони Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода баргузор гардид.

барчасп: 

ПОСИ ХОТИРА

Рӯзи 29-уми апрели соли 2021 баъд аз бемории начандон тӯлонӣ, қалби санъатшинос ва хореографи тоҷик, ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қличева Назокат Аминовна дар синни 70 солагӣ аз тапидан боз монд.

Эҳёву таҷлили ҷашнҳои аҷдодӣ омили рушди фарҳанги миллист

Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Бо ташаббусу талошҳои пай дар пай баҳри эҳё ва ба арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ Сарвари давлат нақши муассир доранд.

барчасп: 

Рўй овар бар китобу дониш…

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойи­наи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро «аниси кунҷи танҳоӣ»-ву «фvpўғи субҳи доноӣ» номидааст:

 

барчасп: 

Маҳфили адабӣ ба хотири гиромидошти Ҷалолиддини Балхӣ

6-уми апрели соли равон соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷ.Т. маҳфили «Гулбоғи адаб», таҳти унвони «Андешаҳои инсонпарваронаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ», баргузор шуд. Дар маҳфил роҳбарият, ходимони илмии Пажӯҳишгоҳ ва ҳаводорону дилбохтагони каломи бадеъ аз дигар муассисаву корхонаҳои тобеи Вазорати фарҳанги Ҷ. Т ширкат варзиданд.

«Наврӯз – ҷашни навгонии одаму олам»

Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот рӯзи 19-уми марти соли 2021 мизи мудаввар дар мавзӯи «Наврӯз – ҷашни навгонии одаму олам» баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ директори ПИТФИ Дилшод Раҳимӣ оғоз карда, аҳли нишастро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз шодбош гуфт.

Ҳамзамон Раҳимӣ Д. дар мавзӯи “Наврӯз – рамзи навгонӣ ва эътидол” сухан ронда, фикру мулоҳизаҳои хешро вобаста ба фалсафаи таҷлил, навгонӣ ва рамзҳои

Вазъ ва нозукиҳои ҳунари созтарошӣ

Мардуми тоҷик дар баробари ҳунарманд будан, нисбати санъату фарҳанг низ бетаваҷчуҳ нестанд. Аз қадимулайём бо садои асбобҳои гуногуни мусиқӣ, ки дастранҷи худи эшон аст, мерақсиданд, суруд замзама мекарданд ва орзуву ормон, дарду алами ғарибиву нобасомониҳои рӯзгорашонро бо асбоби сохтаашон ҷур намуда, месароиданд. Ба ин далел дар хонадони мардуми тоҷик намунаи ин ё он сози мусиқиро дучор омадан як чизи муқаррарӣ аст. Дар сохтани асбобҳои мусиқии халқӣ ҳам занон ва ҳам мардон ҷалб гардидаанд. Вале аз ҷониби занон танҳо ...

барчасп: 

Страницы