Фирӯз Баҳор - бастакори маъруфи тоҷики муқими Олмон
Чоп шуд: 15/03/2016БАҲОР Фирўз Ҳоҷиевич (тававаллуд 19. 11. 1942, Душанбе), бастакори тоҷик, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1991). Хатмкардаи Донишкадаи давлатии мусиқӣ-педагогии ба номи Гнесинҳои Москва (1967) ва Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М. Ашрафӣ (1971).
Солҳои 1971 –1976 муаллими кафедраи назарияи мусиқии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, солҳои 1976 – 1990 котиби Раёсати Иттифоқи компазиторони Тоҷикистон, 1990 – 1996 муаллими Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба
Тақвими ҷалолӣ, яъне чӣ?
Чоп шуд: 15/03/2016Наврӯз мерасад, фасли гулбези сол, оғози соли нави шамсӣ, фасли эҳёи табиати афсункор.
Наврӯз мерасад, Наврӯзе, ки соли дароз интизораш будем, Нарӯзе, ки омад-омадашро муштоқона интизорӣ мекашидем. Ва хеле пазмони он лаҳзаҳои вурудем.
Суханро аз Шайх Саъдии Шероз меоғозам, ки дар Дебочаи «Гулистон»-и ҳамешабаҳор меоранд: «...тафарруҷкунон берун рафтем дар фасли рабеъ, ки савлати бард орамида буду айёми давлати вард расида...
Гулдӯзӣ: дирӯз, имрӯз, фардо
Чоп шуд: 09/02/2016Гулдӯзӣ қадимитарин навъи санъати халқӣ буда, бо сӯзан ва чангакчаҳои махсуси гулдӯзӣ дар рӯи матоъҳои гуногун (пӯст, намад) бо ресмонҳои пахтагӣ, пашмӣ, абрешимӣ ва нахҳои зариву нуқрагӣ, инчунин бо сангҳои қиматбаҳо, шадаи майда, мӯҳраҳои реза, пулакчаҳои рахшон, тангаҳо, марҷону марворидҳо дастӣ дӯхта мешавад. Ҳоло аксаран ин амалро мошинҳои дарздӯзии махсуси гулдӯзӣ иҷро мекунанд.
Гулдӯзӣ аслан шуғли хонагӣ буда, барои ороиши сару либос, истиқоматгоҳ, ҷиҳози хона,
Публитсистикаи ҳаҷвӣ
Чоп шуд: 09/02/2016 Рисола ба пажўҳиши масъалаҳои пайдоиш, ташаккул ва инкишофи ҳаҷви публитсистӣ бахшида шудааст. Дар он масъалаҳои умумии ташаккул ва инкишофи ҳаҷви публитсистии тоҷик бо назардошти омилҳои таърихиву иҷттимоӣ, давраҳои гуногуни рушди матбуоти даврӣ, анъанаву навоварӣ, махсусияти жанрӣ, иртиботи мавзўву матн, воситаҳои образиву типӣ, ҳачвсозу танзовар, фаъолияти публитсистон-ҳаҷвнигорони алоҳидаи дар инкишофи ин навъи эҷод саҳмгузор ва амсоли ин мавриди таҳқиқу таҳлили илмӣ қарор гирифтааст.
«Шуълаи инқилоб»: Нашрияе, ки аз беҳбудӣ ва ҳоли ситамкашон сухан мегуфт
Чоп шуд: 09/02/2016«Шуълаи инқилоб» аввалин нашрияи тоҷикии баъдиинқилобӣ буд, ки бо сардабирии Саидризо Ализода аз 10-уми апрели соли 1919 то соли 1921 дар як ҳафта як маротиба дар ҳаҷми 8 саҳифа, бо теъдоди қариб 4 ҳазор нусха чоп мешуд.
Дар шумораи якуми нашрия мақсаду мароми он чунин баён гаштааст: «Мо сухан мегўем барои беҳбудӣ ва хайрияти ҳоли ситамкашон. Мо ҳарф мезанем ва ҷиҳати ба даст омадани ҳуқуқи поймолшудаи мазлумон. Барои расидан ба мақсади муқаддаси худ мо қалами худро тир карда, бо душманон ва мухолифин то охирин нафасамон
Нашриёти “Авасто”
Чоп шуд: 02/02/2016«Авасто», дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин нашриёти хусусист, ки моҳи июли соли 1992 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд аз ҷониби шаҳрванд Ориёфар Толиб Сангинзода таъсис гардидааст. Мақоми марказии он аз соли 1994 (баъди дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудани оинномаи А.) дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
«Авасто» баъди ба истиқлоли давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи пуриқтидортарин нашриёти Иттиҳоди Шўравӣ «Политиздат»-ро иҷро мекунад ва дар
Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Чоп шуд: 02/02/2016Тавре аз номаш пайдост, ин осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров аст ва пурра ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ бахшида шудааст.
Осорхона дар асоси стандартҳои байналмиллалӣ бунёд гардида соли 1998 дар арафаи 90 солагии бузургдошти аллома Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ ёфтааст.
Мақари ҷойгиршавии он шаҳри Ғафуров, воқеъ дар вилояти Суғд аст.
Аввалин лоиҳаи бунёди он ба замони Иттиҳоди Шӯравӣ рост меояд. Соли 1986 Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти вилояти Ленинобод тасмим гирифт, ки осорхонаи академик
Истиқлолият ва фаъолияти китобдорӣ
Чоп шуд: 27/01/2016 Истиқлолият ва китобдорӣ. Метавон муҳтавои ин китобро дар ҳамин як ҷумла ифода кард. Яъне, китобдориву китобшиносии тоҷик дар замони истиқлолият. Муалифон ин дастурро мутобиқ ба «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» навиштаанд. Ва ҳадаф он аст, ки хонанда бо мавзуъ ошно бошад, то донад, ки дар замони истиқлолият қатори дигар илмҳо китобшиносиву китобдорӣ дар кишвар то куҷо рушд кардааст.
Муаллифон бар ин назаранд, ки “Бо вуҷуди ҳама мушкилоти солҳои аввали
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 98
- 99
- 100
- 101
- 102
- 103
- 104
- 105
- 106
- следующая ›
- последняя »