Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Айнӣ ҳамчун ноҳияи кӯҳӣ аз ёдгориҳои табииву маданӣ бой буда, аз нигоҳи мардуми маҳалливу хориҷӣ минтақаи сайёҳӣ ба шумор меравад. Дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ёдгориҳои табиӣ ба монанди чашма, дарё, ғор, кӯҳ ва ғайра хеле зиёданд, ки ҳар кадом таърихи пайдоиши хосеро доро мебошанд. Панҷчашма аз мавзеъҳои табиии шифобахш ба шумор меравад, ки мардум бо як ихлосу боварии хос омада аз обаш менӯшанд...
Зан-Модар мабдаи офариниш ва устоди аввалини ҳар як инсон аст. Набзи зиндагӣ ва рӯҳи инсон аз рӯзи азал бо аллаи Зан-Модар ҳамоҳанг мебошад. Моҳи март моҳест, ки дар баробари фарорасии баҳори нозанин, бедори табиат ва ҷашнҳои дигар сараввал Рӯзи Модар меистад. Дар пешрафти сиёсати фарҳангдӯстонаи амалишавандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мавқеи зан хеле баланд буда...
Таҳти чунин унвон рӯзи 7-уми марти соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши илмӣ-адабии идона доир гардид. Ҳамоишро директори ПИТФИ н.и.ф. Аминзода А. Ҳ. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба мақоми зан дар ҷомеа ва замони соҳибистиқлолӣ, хизматҳои Пешвои миллат дар ин самт андешаҳояшро иброз намуд...
Фарҳанг, ки худ ҷавҳари ҳастии миллат аст, аслан дар ниҳоди зан нуҳуфта гашта, онро бо тавлид ва то даврони камолот дар тинати шахс тақвияту пурҷило месозад. Агар ба мафҳуми фарҳанг бандҳои 3, 4, 5 ва 6 - и Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ назар афканем, мақсади аслии зайлро дар меёбем, ки чунин дарҷ гардидааст...
Доираи ҳунарҳои мардумии тоҷикон хеле васеъ буда, решаи он ба умқи таърих рафта мерасад. Аз ҷумла қадимтарин ҳунарҳо ва санъатҳои аҷдодони тоҷикон ресандагӣ, бофандагӣ, меъморӣ, наққошӣ, чӯбкориву кандакорӣ, оҳангарӣ, кулолӣ, қолинбофӣ ва ғайра ба шумор мераванд. Ҳамаи ин ҳунарҳои мардумӣ дар хотираи таърихи миллати тоҷик ҳамчун мероси фарҳанги тамаддунсози наслҳои гузашта маҳфуз монда...
Дуо ва фарҳанги дуо кардан яке аз суннатҳои шифоҳии мардуми тоҷик буда, дар қатори дигар унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар ҳаёти мардум мавқеи хоса дорад. Дуо аз калимаи арабӣ гирифта шуда, дар луғат ба маъноҳои фарёд, хоҳиш, илтиҷо, ниёиш, нидо, пурсиш аз Худованд, нафрин, ибодат ва ғайраҳо омадааст. Ҳар шахс дар зиндагии рӯзмарраи худ вобаста ба ҳолати рухдода беихтиёр дуо мегӯяд...
Джурабек Муродов – Народный артист СССР, исполнивший более тысячи песен, завоевал любовь четырёх поколений слушателей. Он является одним из основателей и руководителем ансамбля «Нури Худжанд» и единственным из артистов, имеющим свой музей при жизни...
Паҳлуҳои фарҳанги халқи тоҷик дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ ба вуҷуд омада, ҳар кадом барои рушду инкишофи ҳаёти фарҳангии мардум ва муаррифии давлату миллат барои наслҳои оянда хидмат кардаанд. Мазору зиёратгоҳҳо ҳам аз ҷумлаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ буда, барои рӯзгори мардуми тоҷик мақоми хоссаро касб кардаанд. Зиёратгоҳ ҳамчун мавзеи муқаддас барои тоату ибодат, муноҷот ба Худованд ва имдод ...