Нури Хуҷанд – Махзани Ганҷи Маънӣ
Чоп шуд: 15/08/2024Бо иқдоми фарҳангпарваронаи Пешвои миллат дар замони истиқлолияти кишвар баҳри аз нав эҳё ва ҳифзу густариши арзишҳои фарҳангӣ ва санъати миллӣ гомҳои устовору умедбахш бардошта шуд. 12 майи соли 2000 таҳти №294 Фармони Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон « Дар бораи инкишофи санъати шашмақомхонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба табъ расид.
КУЛЧАИ ЧОЙӢ
Чоп шуд: 13/08/2024Фарҳанги дастурхондории мардуми тоҷикро бе нон тасаввур кардан имконнопазир аст. Зеро нон ғизои муҳим ва ҳаррӯзаи ҳар як хонаводаи мардуми тоҷик маҳсуб меёбад, ки он аз орди гандум, хамирмоя, об, намак ва баъзан шир таҳия шуда, дар танӯр, чакдон ё тафдон пухта мешавад. Нон дар фарҳанги мардуми тоҷик муқаддас ба шумор меравад ва хурду калон онро ниҳоят азиз медоранд.
Усули таҳияи қазӣ дар шаҳри Конибодом
Чоп шуд: 09/08/2024Донишу таҷрибаҳо оид ба таҳияи таом ва ҳар гуна ғизоҳо як ҷузъи фарҳанги мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, пазандагон дар гузашта ва имрӯз барои болаззат ва хуштаъм гардидани ғизоҳо малакаву истеъдоди худро ба кор бурда, навъҳои зиёди хӯрокҳоро ба вуҷуд оварданд. Дар фарҳанги дастархондории тоҷикон баъд аз анвоъи нону таъом маҳсулоти гӯштӣ ҷои намоёнеро ишғол мекунад.
ХУҶАНД. ОСОРХОНА ВА БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТӢ ЗИЁРАТГОҲИ ХОСУ ОМ
Чоп шуд: 29/07/2024Донистани таърихи ин ё он давлат, минтақа ва ё шаҳр аз осорхона оғоз меёбад. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ё Қалъаи Хуҷанд бори нахуст соли 1986 ифтитоҳ шуда буд. Он яке аз осорхонаҳои бузург дар вилояти Суғд маҳсуб меёбад, ки дар он намунаҳо аз осори таърихи гузаштаи халқи тоҷик гирдоварӣ шудааст.
МАКТАБИ БАЧАГОНАИ САНЪАТ МАКОНИ РУШДИ ИСТЕДОДҲО
Чоп шуд: 22/07/2024Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба гиромидошти таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбуёди тоҷик таваҷҷуҳи хосса менамояд. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд намуда буданд: «Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддасу ватандўстонаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурист».
ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ «ФАРҲАНГ»
Чоп шуд: 17/07/202416 июли соли ҷорӣ дар Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо иштироки васеи кормандон ва аъзои ҲХДТ ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таблиғ ва ташвиқи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдасвӣ М. Усмонзода ширкат варзид.
СИМОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДРАМАТУРГИЯИ МИЛЛӢ
Чоп шуд: 15/07/2024Солҳои охир як шохаи пурқуввату серҳосили драматургия ва театри миллии моро асарҳои таърихӣ ва тарҷумаҳолӣ ташкил медиҳанд. Ҳамзамонони мо ба воқеоту ҳодисоти дуру наздик назар афканда, дар мисоли онҳо ба тағйироти куллии дар ҳаёти худ баамалоянда баҳо медиҳанд. Мусаллам аст, ки дар раванди ташаккули худшиносии миллии мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафи пеш қарор доранд...
“ЧИЛДУХТАРОН”-И ДЕВАШТИҶ
Чоп шуд: 10/07/2024Мероси таърихию фарҳангӣ ганҷинаи бузурги инсоният буда, ҳифз ва пос нигоҳ доштани он омили инкишофи тамаддуни башарӣ аст. Тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари куҳанбунёду бостонӣ буда, таърихи ҳазорсолаҳоро доро мебошад. Мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва табии халқи тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоша, ҳамзамон ҷузъи ҷудонашавандаи он маҳсуб меёбад...
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 2
- 3
- 4
- 5
- 6
- 7
- 8
- 9
- 10
- …
- следующая ›
- последняя »