Ифтитоҳи Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» дар шаҳри Душанбе
Чоп шуд: 27/09/2018Субҳи рӯзи 27-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Боғи мазкур дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ҷойгир буда, он бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва баҳри пойдор намудани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бунёд гардидааст.
Қадамҳои устувор дар пайраҳаи илм
Чоп шуд: 26/09/2018Дар мақола роҷеъ ба маҷмўаи мақолаҳои илмии ба тозагӣ нашршудаи доктори илмҳои филология, профессор Мурод Муродов «Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ» сухан меравад. Андешаҳои муаллиф перомуни ҳар як мақолаи илмии маҷмўа сурат гирифта, ҳамбастагии аҳамияти назарию амалӣ ва арзиши илмии он таъкид мегардад. Зикр карда мешавад, ки маҷмўаи «Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ» силсилапажўҳишҳои муҳиму арзишманд дар соҳаи назария ва амалияи журналистикаи муосир буда
Кадбонуе аз Фархор
Чоп шуд: 25/09/2018Ҳамаи наздикони ман ва бонувони деҳа аз ўҳдаи ин кор ба хубӣ баромада метавонанд, аммо духтари калониам завқи бисёртар дошта, доимо дар маъракаҳое, ки ман нону хўрокҳои гуногунро омода мекунам, ў ҳам бевосита ширкат мекунад ва фикр мекунам, ки ягона шогирдест метавонам барои пухтани ин ё он навъи таъом ба ў бовар кунам, - ҷавоб дод холаи Давлатбӣ . – Агар бовар накунед, ба хонаи ман биёед, ман ба шумо маҳорати ўро нишон медиҳам, ки аз ман беҳтар аст.
Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ: Тасвир ва тасаввур дар шеъри Рӯдакӣ
Чоп шуд: 24/09/2018Ҷанбаи тасвир ва мақоми он дар ташаккулу таҷассуми ҷавҳари шеърият дар як асари манзум дар адабиётшиносии даҳаҳои охир аз муҳимтарин ва пурравнақтарин мавзӯъҳои пажӯҳишӣ будааст. Аммо дар зимн бояд иқрор кард, ки худи мафҳуми тасвир ва тасвиргарии шоирона, анвоъу ақсоми он ба сурати назарӣ ва амалӣ ҳанӯз ниёз ба бознигариҳои ҷиддӣ дорад. Ғолибан мо тасвирро то кунун дар таркиби ташбеҳ (бештар ташбеҳи равшан) ва аҳёнан дар амалиёти зоҳирии падидаҳо, ҷонварон ва инсонҳое дидаем, ки заминаи образ ё худ
Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ» дар шаҳри Душанбе
Чоп шуд: 20/09/2018Устодону хонандагони азиз!
Меҳмонони арҷманд!
Чунонки сокинони пойтахт дар хотир доранд, моҳи апрели соли 2017 мо дар шаҳри Душанбе санги асоси Муассисаи ғайридавлатии таҳсилоти умумии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ»-ро гузошта будем.
Инак, баъди якуним сол бунёди муассисаи таълимӣ ба анҷом расид ва имрӯз ба
Гулдўзӣ – таҷассумгари ҳунари ниёгон аст
Чоп шуд: 20/09/2018Воқеан, гулдўзиҳое, ки ин бонуи ҳунар ҳамроҳи духтаронаш меофарад, як порае аз табиати зиндаанд. Ҳангоми тамошои нақшу нигори он кас эҳсос менамояд, ки ин тасвирҳо порае аз рўзгор, аз зиндагии мардуми оддӣ ва зебоиҳои ҳаёти онҳоро ҳикоят мекунад. Офаридаҳои ў бо рангҳои мунаққаш зебогии табиати атрофро инъикос карда, нуру таровати беҳини зиндагиро тараннум менамоянд. Ин гуна манзараҳо мардумро ба зебоипарастӣ ва дўст доштани табиат ҳидоят мекунанд.
Ҳунарҳои мардумӣ: ДУТОР
Чоп шуд: 19/09/2018Дутор маҳорати баланди навозандагиро талаб намуда, бо нохуни нарангушт ва ангушти ишорат (дар ду тор баробар) навохта мешавад. Дар байни халқ «Муноҷот», «Роҳат», «Қӯшчинор», «Сегоҳ», «Чоргоҳ» ва дигар навҳои дутор машҳуранд. Баъзан бо садои дутор қисмҳои созю овози «Шашмақом» низ хуб иҷро мешаванд. Саидхони Ҳисорӣ, Тоҳирҷон Давладзода, Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, Муҳаммадҷон Муъминов, Ҳоҷӣ Абдурҳмон, Нурулло Ниёзов, Қорӣ Самади Ҳисорӣ, Саидҷон Тӯхта, Абдулмаҷид Ҳомидов, Ҳотам Пулодов,
Соли рушди сайёҳӣ ва Қалъаи Ҳисор
Чоп шуд: 18/09/2018Бо эълон гаштани соли 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, истиқоматкунандагони шаҳри Ҳисор ва мардуми равшанфикри ҷумҳурӣ умед бар он мебанданд, ки қалъаи мазкур шуҳрати бепоён пайдо карда, дар мудати кўтоҳ ба ҷаҳониён яке аз маконҳои сайрй сайёҳат мегардад.
Дар бораи пайдоиши қалъаи Ҳисор дар миёни мардуми атрофи қалъа ақидаҳо гуногунанд. Дар ин миён бештар ақидаи ровиёни ахбор ва ноқилони хушгуфтор
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 51
- 52
- 53
- 54
- 55
- 56
- 57
- 58
- 59
- …
- следующая ›
- последняя »