Интишорот

Чархаи аввали "Рогун" ба кор даромад!

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмони Роғун Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода истиқбол гирифтанд.
Ҳамчунин барои иштирок дар ин рӯйдоди таърихӣ намояндагони воломақоми

барчасп: 

Ёздаҳ фазилати “Роғун” аз дидгоҳи дипломати тоҷик

Ба вуҷуд омадани баҳре дар майдони 70 километр, саҳнаест барои варзишҳои шиноварӣ, заврақронӣ ва амсоли он, инчунин имкониятест барои тавсеаи моҳипарварӣ, ташкили санаторияву истироҳатгоҳҳои соҳилӣ дар ҳавои тоза, ки дар як тараф кӯҳҳои сарсабз истодаанду дар дигар тараф баҳре бо оби ширину мусаффо. Илова бар он, баландии садди (плотинаи) “Роғун” 335 метр буда, он дар навъи худ (дар миёни неругоҳҳои обӣ) дар ҷаҳон аз ҳама баландтарин ба шумор меравад, ки ин хусусиятҳо “Роғун”-ро ба макони диданӣ ва ҷаззобе

барчасп: 

Ҷойгоҳи китоби анъанавӣ дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ

Бо ҳамин ном маводи конфронси илмӣ, ки 18 октябри соли 2018 (дар доираи баргузории Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе») баргузор шуда буд, дар таҳия ва муҳарририи Ш.Комилзода, М.Ҷўраев дар нашриёти Истеъдод  рўи чоп омад.

Китоб маҷмўаи арзишҳои инсонӣ буда, тавассути он одамон ғизои маънавӣ мегиранд, дараҷаи донишу тафаккур ва биниши хешро афзун мегардонанд.

барчасп: 

Нигоҳе ба суннати соқиномасароӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ

Адабиёти ҳар миллат ганҷинаест, ки аз махзани илҳоми шахсиятҳои боистеъдоди он берун омада, дар таҳрику рушди андешаву эҳсосоти онон хидмати бузург менамояд. Дар ин қаламрав ормону иродаи миллат ба воситаи офаринишҳои шоир ё нависанда дар сурати назм ё наср ба тарзи вежаву қоидаҳои махсус мухталиф баён мегардад. Аз ин лиҳоз бо такя ба назари Мартин Ҳайдеггер, ки  «забон хонаи ҳастист»,  метавон афзуд, ки адабиёт низ маскани ҳастии миллат аст, зеро дар густураи он ормону орзуву андешаи

барчасп: 

Ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Масчоҳи нав

Маросими хостгорӣ  дар  ноҳияи Масчоҳ нисбат ба дигар минтақаҳо каме тафовут дорад. Аз рўи гуфтаҳои мардуми Масчоҳ, дар ин ҷо се-чор маротиба, яъне то розӣ шудани соҳибони духтар сурат мегирад. Рафти хостгорӣ албатта дар ҳар гўшаи кишвар бо расму оин, бовару эътиқодҳои худ гузаронида мешавад. Ҳангоми суҳбат ва он маълумоте, ки муҳаққиқ М.Шарипова додааст, маълум гардид, ки дар ин минтақа бегоҳи панҷшанбе муборак мебошад ва аксаран дар ин бегоҳ ба хостгорӣ мераванд.

барчасп: 

Мавқеи зооморфизм дар афсонаҳои сеҳромези тоҷикӣ

Зооморфизм як навъи тасаввуроти асотирӣ буда, дар замонҳои қадим дар иртибот бо ақидаҳои ҷодуӣ ва тотемистӣ эҷод шудааст. Истилоҳи “зооморфизм” ба маънои табдил ёфтани одамон ба шакли парандагону хазандагон ва дигар ҷонварони аҳлию ваҳшӣ ва дар сурати ҳайвонот зиндагӣ кардани махлуқони табдилшуда мебошад.

Дар афсонаҳои тоҷикӣ табдилшавии персонажҳо ба сурати ҷонварон бо

барчасп: 

Қадамҳои устувор дар пайраҳаи илм

Дар мақола роҷеъ ба маҷмўаи мақолаҳои илмии ба тозагӣ нашршудаи доктори илмҳои филология, профессор Мурод Муродов «Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ» сухан меравад. Андешаҳои муаллиф перомуни ҳар як мақолаи илмии маҷмўа сурат гирифта, ҳамбастагии аҳамияти назарию амалӣ ва арзиши илмии он таъкид мегардад. Зикр карда мешавад, ки маҷмўаи «Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ» силсилапажўҳишҳои муҳиму арзишманд дар соҳаи назария ва амалияи журналистикаи муосир буда

барчасп: 

Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ: Тасвир ва тасаввур дар шеъри Рӯдакӣ

Ҷанбаи тасвир ва мақоми он дар ташаккулу таҷассуми ҷавҳари шеърият дар як асари манзум дар адабиётшиносии даҳаҳои охир аз муҳимтарин ва пурравнақтарин мавзӯъҳои пажӯҳишӣ будааст. Аммо дар зимн бояд иқрор кард, ки худи мафҳуми тасвир ва тасвиргарии шоирона, анвоъу ақсоми он ба сурати назарӣ ва амалӣ ҳанӯз ниёз ба бознигариҳои ҷиддӣ дорад. Ғолибан мо тасвирро то кунун дар таркиби ташбеҳ (бештар ташбеҳи равшан) ва аҳёнан дар амалиёти зоҳирии падидаҳо, ҷонварон ва инсонҳое дидаем, ки заминаи образ ё худ

барчасп: 

Страницы