Нашриёти “Авасто”
Чоп шуд: 02/02/2016«Авасто», дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин нашриёти хусусист, ки моҳи июли соли 1992 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд аз ҷониби шаҳрванд Ориёфар Толиб Сангинзода таъсис гардидааст. Мақоми марказии он аз соли 1994 (баъди дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудани оинномаи А.) дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
«Авасто» баъди ба истиқлоли давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи пуриқтидортарин нашриёти Иттиҳоди Шўравӣ «Политиздат»-ро иҷро мекунад ва дар
Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Чоп шуд: 02/02/2016Тавре аз номаш пайдост, ин осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров аст ва пурра ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ бахшида шудааст.
Осорхона дар асоси стандартҳои байналмиллалӣ бунёд гардида соли 1998 дар арафаи 90 солагии бузургдошти аллома Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ ёфтааст.
Мақари ҷойгиршавии он шаҳри Ғафуров, воқеъ дар вилояти Суғд аст.
Аввалин лоиҳаи бунёди он ба замони Иттиҳоди Шӯравӣ рост меояд. Соли 1986 Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти вилояти Ленинобод тасмим гирифт, ки осорхонаи академик
Истиқлолият ва фаъолияти китобдорӣ
Чоп шуд: 27/01/2016 Истиқлолият ва китобдорӣ. Метавон муҳтавои ин китобро дар ҳамин як ҷумла ифода кард. Яъне, китобдориву китобшиносии тоҷик дар замони истиқлолият. Муалифон ин дастурро мутобиқ ба «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» навиштаанд. Ва ҳадаф он аст, ки хонанда бо мавзуъ ошно бошад, то донад, ки дар замони истиқлолият қатори дигар илмҳо китобшиносиву китобдорӣ дар кишвар то куҷо рушд кардааст.
Муаллифон бар ин назаранд, ки “Бо вуҷуди ҳама мушкилоти солҳои аввали
«МЕНЕҶМЕНТИ ФАЪОЛИЯТҲОИ КИТОБДОРӢ ВА ИТТИЛОЪРАСОНӢ»
Чоп шуд: 26/01/2016Ин чӣ китобест ва чаро бояд аз он истифода кард? Посухи ин суол дар чанд ҷумлаи муқаддимаи он омада. Аз ҷумла муаллифон Сафар Сулаймонӣ ва Ҷелмат Шерматов менависанд: “Хусусият ва вижагиҳои муносибатҳои бозорӣ, мутахассисон ва дастандаркорони мудириятро бори дигар водор месозад, ки ба масъалаи мудирият таваҷҷўҳи бештаре дошта бошанд.
Масъалаҳои менеҷмент дар соҳаи аз ҳама мушкил – фаъолияти китобдорию иттилоърасонӣ чӣ гуна ҳаллу фасл мешавад, яке аз дигар
Артисти Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор Валаматзода
Чоп шуд: 26/01/2016Ғаффор Рустамович ВАЛАМАТЗОДА 9-уми майи соли 1916 дар Хуҷанд ба дунё омадааст. Маъруфтарин устоди рақс аст ва балетмейстери тоҷик, Артисти халқии СССР (1976), дорандаи Мукофоти давлатии СССР (1949) ва Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1975).
Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод (1932), Омӯзишгоҳи хореографии назди Театри калон (Болшой театр)-и шаҳри Маскав (1946) ва шӯъбаи балетмейстерии
«Бухорои Шариф»: Нахустҷаридаи тоҷикӣ, ки умри бештар аз яксола дошт
Чоп шуд: 26/01/2016Аввалин нашрияи сирф тоҷикӣ, ки 11 марти соли 1912 (4 рабеъ-ус-сонии 1300) дар ҳаҷми чор саҳифа аз чоп баромад
Муассиси он ҷавонбухориён ва ташаббускорони аслӣ аз онҳо роҳбарони ҳамонвақтаи ҷунбиши ҷавонбухорӣ-Мирзо Муҳиддин ва Мирзо Сироҷ буданд. Мирзо Муҳиддин аз тоҷирони сарватманди қароқўлфурўши Бухоро ва Мирзо Сироҷ аз табибони шинохташудаи Бухоро маҳсуб мешуданд.
«Бухорои шариф» дар Когон, тақрибан 15 километр дуртар аз Бухорои кўҳан бо
Шинос шавед: САФАР ҲАҚДОДОВ
Чоп шуд: 20/01/2016Таҳсилкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Вале майлу рағбати беандоза ба синамо роҳи ӯро баъди анҷоми таҳсил ба самти кино тағйир дод. Бо талошҳои аввалинаш дар офариниши саҳнаҳои хотирмон дар маҷаллаи синамоии “Калтак” роҳашро ба сӯйи синамо бозтар кард.
Сафар Ҳақдодов - сенариянавис, актёр, муҳаррир, продюсери тоҷик ва ҳамзамон раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон аст.
Вай 5-уми августи соли 1961 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дида ба олам
Рассоми халқии Тоҷикистон Михаил Мухин
Чоп шуд: 20/01/2016МУХИН Михаил Митрофанович аз ҷумлаи рассомони бомаҳорати кишвар буд. Вай 8-уми декабри соли 1915 дар шаҳри Омски Федератсияи Русия ба дунё омадааст.
Рассоми халқии Тоҷикистон (1974), Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ (1957) буд.
Омўзишгоҳи рассоми шаҳри Самарқанд (1941) ва Институти рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва меъмории ба номи И.Репини шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург)-ро (1950) хатм кардааст.
Аз соли 1950 рассом, 1954 саррассоми Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 101
- 102
- 103
- 104
- 105
- 106
- 107
- 108
- 109
- следующая ›
- последняя »