Интишорот

“Паёми Пешвои миллат – роҳнамои аҳли фарҳанг”

Санаи 17-уми феврали соли равон бо ибтикори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат роҳнамои аҳли фарҳанг” баргузор шуд.  Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Абдураҳимзода оғоз гардид. Ӯ дар суханрониаш қайд кард, ки дар Паёми имсола, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бузургдошти фарҳанги миллӣ, аз ҷумла...

барчасп: 

Эҳёи ҷашнҳои миллӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон

Бо чунин унвон рӯзи 28.01.2021 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши рӯнамои китобҳои тозанашри Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба ҷашни Сада баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш китобҳои “Тиргон ­– ҷашни об”, “Меҳргон – ҷашни баракату фаровонӣ” ва “Сада – ҷашни гармию нур” – и  мардумшинос, директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ муаррифӣ гардиданд.

барчасп: 

Андар шинохти ҷашни Сада

Дар қатори ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон ниёгони мо ҷашни бошукӯҳи дигаре бо номи Сада доштанд, ки дар меҳвари он оташ қарор доштааст. Яъне ҷашни Сада ба хоири гиромидошти оташ ҳамчун неъмати бузурги табиат таҷлил мегардид. Аз ҷониби дигар ҷашнҳои аҷдодии мо дар заминаи хушку холӣ бунёд нагардида, ҳар кадоме дар давраи муайян ва пайвастагие ба табиату кайҳон доштаанд. Агар ҷашни Наврӯз дар фасли баҳор ва бо мақсади оғози кишту кор ва мавсими эҳёи табиат баргузор шавад, ҷашни Меҳргон дар фасли поиз ва ба хотири ҷамъбаст ва гирдоварии заҳмати...

барчасп: 

Сухани табрикии директори Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба фарорасии Соли Нави мелодии 2021.

Устодон, ҳамкорон ва  шогирдони азиз!

Шумо ва дар шахси Шумо аҳли хонаводаатон ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2021 самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тандурустӣ, саодати рӯзгор ва комёбиҳои нав ба нав дар корҳои илмӣ-эҷодӣ, ҷамъиятӣ, давлатӣ ва шахсиятон  орзу менамоям...

барчасп: 

Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими фарҳангу ҳунар ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021

Дастури умумибиблиографии «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими фарҳангу ҳунар ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021» ба муштариён имкон медиҳад, ки роҷеъ ба осору зиндагиномаи чеҳраҳои фарҳангу ҳунар ва матбуоти кишвар маводи заруриро пайдо намоянд. Дар «Тақвим…» ахбори воқеаҳои соли 2021 ва очеркҳо бахшида ба шахсиятҳои шинохтаи фарҳангу ҳунар, матбуот ва ҷашну санаҳои муҳими таърихиву фарҳангии ҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд. Ахбори воқеаҳои дастур нисбат ба солҳои қаблӣ комилтар буда, фарогири ҳама ҷабҳаҳои фарҳангу ҳунар ва матбуот мебошад.

барчасп: 

Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст

Санаи 23-юми ноябри соли 2020 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Парчам – рамзи худшиносии миллӣ» баргузор гардид.Мизи мудавварро директори ПИТФИ номзади илмҳои филологӣ Д.Раҳимӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати рӯзи Парчам муборакбод гуфт. Инчунин қайд намуд, ки истиқлолияти давлатиро бидуни рамзҳои давлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз истиқлолият боис гардид, ки рамзҳои давлатӣ бознигарӣ шаванд.

барчасп: 

Таҷлили Рӯзи Президент Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

Санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ А.Аминов – муовини директор оид ба корҳои илмӣ, Ш.Комилзода – муовини директор оид ба корҳои методӣ, мудирони шуъбаю бахш ва ходимони илмии пажӯҳишгоҳ иштирок карданд.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини директори ПИТФИ номзади илмҳои

барчасп: 

КОНСТИТУТСИЯ – РОҲНАМОИ МИЛЛАТ

6-уми ноябри соли ҷорӣ мардуми Тоҷикистон 26-умин солгарди Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Бо дарназардошти ин, ки тоҷикон чандин садсола давлати мустақили миллӣ надоштанд, инчунин як қисмати таърихи начандон дури мо дар доираи низоми давлатдории умумишӯравӣ ҷараён гирифта буд, 26-солагии Конститутсия барои мо ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукӯҳи хоса дорад. Дар давоми ин солҳо миллати сарбаланди тоҷик ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ...

барчасп: 

Страницы