Армуғон ба ҷашни Сада: Китоби нави пажӯҳишгари тоҷик
Чоп шуд: 24/01/2019Чанде пештар китоби нави олими тоҷик, номзади илмҳои филология, фолклоршинос, Дилшод Раҳимӣ таҳти унвони «Наврўз, Меҳргон ва ҷашнҳои дигари ниёгон» (муҳаррир Ш. Комилзода) аз чоп баромад. Китоби мазкур бо теъдоди 300 нусха дар ҳаҷми 304 саҳифа аз ҷониби нашриёти «Аржанг» нашр гардидааст. Китоби «Наврўз, Меҳргон ва ҷашнҳои дигари ниёгон» баҳри шинохти ҷашнҳои қадимаи мардуми орёитабор ганҷинаи бебаҳо ба шумор рафта, нашри онро дар арафаи ҷашни Сада метавон ҳамчун армуғон арзёбӣ намуд.