Интишорот

АНОНС: тренинг-семинари Мероси фарҳанги ғайримоддии Роҳи абрешим: ташхис ва инвентаризатсияи он дар Тоҷикистон”

 Рӯзҳои 18-21 июни с. 2019 дар ш. Душанбе тренинг-семинар дар мавзӯи “Мероси фарҳанги ғайримоддии Роҳи абрешим: ташхис ва инвентаризатсияи он дар Тоҷикистон” баргузор мегардад.

Сзмондиҳандаи он Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато буда, иштирокчиён ва гузоришгарон аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мебошанд.

барчасп: 

МО АЗ ХУДОЕМ ВА БА СӮИ Ӯ БАРМЕГАРДЕМ

            Кормандони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба муовини директор оид ба корҳои илмӣ Зубайдов Абубакр нисбати даргузашти

 

МОДАРАШ

тасаллият арз мекунанд ва ба пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.

барчасп: 

Ширкат дар Конфронси муколамаи тамаддунҳо дар Осиё

Директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Комилзода дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон дар «Конфронс оид ба муколамаи тамаддунҳо дар Осиё”, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин гузашт, ширкат намуд. Ин Конфронси байналмилалӣ рӯзҳои 14-18-уми май баргузор шуд ва дар ҳошияи он  «Форуми сайёҳии фарҳангӣ ва равобити мардумӣ» ва «Карнавали тамаддунҳо дар Осиё» низ доир гардид. 

барчасп: 

Ҷойгоҳи Шашмақом дар ҷаҳони муосир

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дастгириву  ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди мақомсароӣ такони вижа дод. Бо фармони он кас 12 майи соли 2000 ба дастаи мақомхонони назди кумитаи радио ва телевизиони тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди Шашмақом Фазлиддин Шаҳобов дода шуд. Акнун, ҳар сол дар ин рўзи баҳорӣ, ки олам сарсабзу хуррам аст, дар саросари кишвари азизамон «Рўзи Шашмақом» таҷлил мегардад. Дар партави ин фармон, дар шаҳру навоҳии кишвар дастаҳои мақомсароён ташкил ёфтанд.

барчасп: 

Ташвиқ ва таблиғи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Суғд ва Хатлон

Бо мақсади ҳифз ва гиромидошти мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар олимони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот рўзҳои 16-18 апрели 2019  дар  Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхўҷа Асирии шаҳри Хўҷанд ва рўзҳои 20-22  апрели соли равон дар Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Бохтар семинари омўзишӣ баргузор намуданд, ки дар он намояндагони шуъбаҳои фарҳанг ва осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Хатлон ширкат доштанд. Семинар-тренинги мазкур дар доираи лоиҳаи ҳамкориҳои ПИТФИ бо Маркази байналмилалии иттилоотию шабакавии мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором (ICHCAP) оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ ва мавзўъҳои марбут ба он  созмон ёфтаанд.

барчасп: 

Меҳмонпазироӣ ва ойини дасторхондорӣ (фарҳанги хонсолорӣ)

Мардуми  Машриқзамин  ва  бахусус  тоҷикон,  ки  аз  қадимтарин миллиятҳои рӯи оламанд, дар имтидоди таърихи тӯлонии умри башарӣ бо тафаккур ва ақлу заковати тавоно ва истеъдоди баландпояву маънавиёти равнақёфтаи  худ  тамаддуни  фарҳангии  пурғановат,  рангоранг  ва ибратомӯзеро  ба  вуҷуд  овардаанд,  ки  ҳунари  таомпазӣ  аз  ҷузвиёти барозидаи он аст.

барчасп: 

«ЁҚУТВОР ЛОЛА, БАР БАРГИ ЛОЛА ЖОЛА…»

Ин баҳор Тоҷикистони шукуфони мо боз ҳам шукуфонтар гардид. Завқи зебоипарастӣ ва иқдоми навини Пешвои миллати мо ҷиҳати таъсиси маъракаи «Сайри гули лола» дар саросари кишвар ба ҳусни Наврӯзи Аҷам, ба ҳусни табиати шаҳру деҳоти мо, ба ҳусни фарҳанги қадимаву дилпазири тоҷикон авҷи тоза зам намуд. Ҷилои тозаи лолаҳои дилрабо бо тамоми рангҳо дар тамоми гӯшаҳои кишвар як падидаи беназир ва бесобиқаест, ки ба чашм нуру ба дил фараҳ мебахшад.

барчасп: 

Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳа дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот

Зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони илмии пажўҳишгоҳ 39 кори илмӣ, пажўҳишӣ, тадқиқотӣ ва методӣ, аз ҷумла 4 китобу дастур, 24 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ дар нашрияҳои даврӣ ва 11 мақола дар сомонаи интернетӣ ба табъ расиданд. Иловатан, 30-мақола доир ба  фарҳангу ҳунар, воситаҳои ахбори омма, фарҳанги ғайримоддӣ ба саҳифаи тоҷикии Донишномаи озоди электронӣ – Википедия (tg.wikipedia.org) ворид карда шуд.

барчасп: 

Страницы